Бахшҳо

Қабули қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ бар асоси Ислом

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи “Фаъолияти бонкии исломӣ”-ро тасвиб карданд. Ин тарҳи қонунро Абдуҷаббор Ширинов -- раиси Бонки миллии кишвар дар ҷаласаи рӯзи 14 майи парлумон муаррифӣ намуда гуфт, ин низоми бонкдорӣ дар асоси қоидаҳои дини мубини Ислом роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ӯ низоми бонкии исломиро таъриф карда, онро санҷидашуда ва муваффақ донист. Ба қавли ӯ, баъд аз буҳрони ҷаҳонии молӣ кишварҳои ғарбӣ низ ба ин навъи бонкдорӣ рӯ овардаанд. Оқои Ширинов афзуд, бонкҳои ҳозираи Тоҷикистон бештар дар бораи қарз додану гирифтани баҳраҳои худ меандешанд, дар ҳоле ки ба қавли ӯ, бонкҳои исломӣ чунин фоиз надоранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз ин тарҳ пуштибонӣ карда, амалӣ шудани ин низомро ба фоидаи ҳама унвон кард.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз роҳандозии чунин низоми бонкдорӣ моҳи ноябри соли гузашта ба намояндагони давлати Қатар хабар дода буд. Ӯ дар сӯҳбат бо мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар -- Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ таъкид намуда буд, ки “айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.”
Мӯҳр
Дилшод
Хеле ташаббуси дуруст ва саривақтӣ, низоми бонкдории дар асоси Шариат воқеан метавонад бисёре аз масъалаҳои доғи иқтисодии воқеӣ ва соҳибкории хурду миёнаро ҳал намояд. Дар ин ҷо авлавият ба сармоягузорӣ дода мешавад, ки барои рушд муҳим аст. Яъне чунин тарзи кор фишанги дурусти маблағгузорӣ аст. Муҳимаш он аст, ки бонкдорон салоҳияту фаросати истифодаи ин фишангро ба хубӣ азхуд намоянд ва ин идеяи қобили қабулро вайрон накунанд, яъне дар зери ливои бонкдории тибқи қоидаҳои исломӣ боз ҳамон фоизҳоро ба мардум пешниҳод накунанд. Бонкдории исломӣ аз бонкдории "маъмулӣ" фарқи зиёде дорад ва онро бояд донисту амал кард. Иқдоми наҷиб аст дар маҷмӯъ. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки лоиҳаи ин санадро омода намуданд.

акнун
Акнун дастдарозоне, ки мукобили мулову ришдорон буданд тахорат карда ба бонки исломи "намозхон"-и меоянд)))

Ислом дар пахлуи хар он чи аст, ки ба нафъи инсон мебошад. Чори намудани сохтори бонки исломи чойи барраси надорад ва онро аз руйи назари дахриги мухокима кардан, аз руйи имондори нест.

Мухаммад
Хело хуб мешавад! Агар бонки исломи дар ватани махбуби мо низ пайдо шавад!

Зайниддин
Мо хам тарафдори чори намудани "Фаъолияти бонки Ислом"и дар чумхуриамон мебошем.Чун бехбуди барои мардум хохад буд.

Бонки Исломи
Оё бонки исломи кушода мешавад? Оё барои шахрвандон хам имконияти аз хизматрасонии бонки исломи истифода бурдан пайдо мекунанд ё он факат барои лоихахои макроиктисодист? (сохтмони ГЭС, беморхона...)
Кай аввалин бонки исломи кушода мешавад ва ба кор шуруъ мекунад?

ислом
Худо хохад ана хаминхел охиста охистааа исломи шудаан мегира,муллохо,эшоно нахзат гамгин нашавед он худое,ки ин динро нозил кардааст худаш хифзш мекнад,на хукумати шурави на хукумати рахмонов хеч кас хеч коре карда наметавонад иншоалло

Худо хохад ана хаминхел охиста охистааа исломи шудаан мегира,муллохо,эшоно нахзат гамгин нашавед он худое,ки ин динро нозил кардааст худаш хифзш мекнад,на хукумати шурави на хукумати рахмонов хеч кас хеч коре карда наметавонад иншоалло

Беҳтарин кор аст агар роҳандозӣ шавад. Пас бар ҳамаи уламои кишвар лозим аст аз ин тарҳ пуштибонӣ кунанд. Чун аз роҳи дуруст пул ба дасти мардум мерасад ва фоидаву баракаташ бештар аз он чи ҳаст ки фикрашро мекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)