Бахшҳо

Умаралӣ Қувватов: “Эмомалӣ Раҳмон ҳам мисли мо як инсон аст, ки боло бардоштаем" (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мусоҳибаи хабарнигори мо бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, тариқи интернет сурат гирифта, дар оғоз аз ӯ пурсида шуд, баъд аз раҳоӣ аз зиндони Дубай дар куҷо буду ҳоло чӣ вазъ дорад.


Қувватов: “Аз Дубай ба Қазоқистон рафтем. Он замон фаҳмидем, ки барои боздошти мо як гурӯҳи бузург аз Тоҷикистон омадааст. Бархе аз дӯстони қазоқ, ки дар мақомоти пулис ва ҳукумати он кишвар кор мекунанд, ба мо дасти ёрӣ дароз карданд, то ба даст наафтем. Баъд аз он ҷо ба Қирғизистон рафтем ва панҷ моҳ онҷо иқомат доштем. Худро тавассути Созмони Милал ба қайд гирифтем, ҳеч мушкиле пеш наомад. Баъзе роҳбарони қирғиз меомаданд, сӯҳбат мекардем. Ҳадаф ва дурнамои кори худро мефаҳмондам. Мегуфтам, ҳадафи мо огоҳ кардани мардуми Тоҷикистон аст, ки ояндаи кишвари мо бисёр дар хатар аст. Дар Ӯш, ба марзи кишвар бисёр наздик будем. Аз вазъи кишвар пайваста хабардор будам. Медонистам, ки чӣ вазъ доранд мардуми мо, марзро чӣ гуна бастаанд. Дар он ҷо ҳеч гурӯҳи мухолифи Тоҷикистон набуд, ин суханҳо ҳамааш дурӯғи маҳз аст. Ин танҳо як ҷанги иттилоотӣ аст.”

Озодагон: Дар ин муддат аслан Шумо ҳарфе нагуфтед. Ҳатто аз худ дарак надодед. Бисёриҳо ба ин фикр буданд, ки шояд роҳи Шумо то ин ҷо буд ва бо мақомоти кишвар тавофуқ кардаед...

Қувватов: “Масъала ин хел буд, ки баъд аз берун шудан аз Қазоқистон ва Қирғизистон аксари дӯстон бо мо тамос гирифта ва гуфтанд, ки баромад накунем. Яъне, хоҳиш аз тарафи мо набуд. Агар мо баромад мекардем, баъзе аз “фиристода”-ҳои ҳукумат метавонистанд ба амният ва ё пулис муроҷиат карда хоҳиш кунанд, то ҷойи моро барояшон бигӯянд. Дар он ҳолат метавонистанд, маро нобуд созанд. Барои ҳамин, дӯстон хоҳиш мекарданд, ҳамин ки аз сарзамини мо берун шудед, метавонед баромад кунед. Ҳамон замон мо бо роҳи пинҳонӣ як бор баромад кардем. Кӯшиш кардем, бо роҳе ҳарфамонро расонем. Вале муборизаи худро ҳеч гоҳ қатъ накардем, ҳеч ба ин набудем, ки мо майдонро тарк карда аз он хориҷ мешавем. Барои мардуми Тоҷикистон пайдо кардани ҷойи кор ва нон 5-6 сол лозим аст, ки ҳудуди 50 дарсади муҳоҷирони мо баргарданд ва дар кишвар машғул бошанд. Вале ҳамаи мушкил дар худи ҳукумати Тоҷикистон аст.”

Озодагон: Баъзе хабарҳое буд, ки гӯиё ҳамсару фарзандони Шумо таҳти фишор буданд, таҳдид мешуниданд. Дуруст аст?

Қувватов: “Воқеан, дуруст аст, ки ба ҷони хонаводаи ман фишорҳо зиёд шуд. Вақте мо дар Қазоқистон будем, дӯстон омада гуфтанд, ки давоми 24 соат бояд мо ин кишварро тарк кунем. Онҳо гуфтанд, “фиристодаҳо” ҷойи иқомати Шуморо медонанд ва ҳар вақт метавонанд ҳозир шаванд. Ҳамсару фарзандонам маҷбур шуданд, то аз онҷо ба Туркия парвоз кунанд.”

Озодагон: Ҳоло, ки Шумо дубора бо расонаҳои хабарӣ тамос гирифтед, шояд омода бошед барои мардум аз нақшаҳои худ бигӯед. Мегуфтед, ки Шумо ва гурӯҳатон бо чӣ нақшаҳо омадед?

Қувватов: “Нахуст аз ҳама муҳим барои мардуми мо ин расонидани ҳақиқат аст. Мо бояд ба мардум бирасонем, ки аз ин ба баъд болои сари онҳо мушкилоти бештаре меояд. Чӣ шуд, ки мо Ватани худро гум кардем. Барои чӣ муҳоҷирони мо дар кишвари Русия кушта мешаванд? Чӣ қадар мардуми мо дарбадар ва ғулом шуданд? Мо бояд ба мардум бирасонем, ки айб дар худи мост. Агар ҳуқуқи худро талаб накунем, пас, гурӯҳи ҳоким бо ин роҳ мардумро зери дасти худ мегиранд. Қабл аз ҳама мо ба мардум мерасонем, ки демократия чист. Ин низоми 22-сола моро ба ғулом табдил дод ва ҳоло касе гуфта наметавонад, ки оянда чӣ мешавад. Чӣ кор мекунанд барои оянда? Тоҷикистон чӣ хел рушд мекунад? Мо дидем, ки тиҷорат дар Тоҷикистон пеш намеравад, на ҳама тоҷир кор карда метавонад. Гап сари як оила аст. Шахсан 28 нақшаи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон доштам. Баъзе аз корҳоро ҷорӣ кардам, хеле мушкил буд, аммо баъдан якбора ҳамааш хароб шуд. Ман гуфтаниам, мо бо роҳи демократӣ ҳамон низоми бойкотро ҷорӣ карданием.”

Озодагон: Фикр мекунед, нафароне ҳастанд, ки ин нақшаи Шуморо дастгирӣ мекунанд? Аз он фикр намекунед, ки ҳангоми ба майдон рафтан шояд танҳо бимонед?

Қувватов: “Гумон намекунам, ки мо танҳо ҳастем. Зеро ҳукумат бисёр хатоиҳо кардааст. Одамони ҷабрдида зиёданд. Мардум ҳам нафаре меҷӯяд, ки ҳақиқатро бигӯяд, то бифаҳманд, ки ояндаи Тоҷикистон чӣ мешавад. Ҳақиқат, адолат пайдо мешавад. Ҳозир ҳамагӣ дурӯғ мегӯянд. Он кадрҳое, ки таъин мешаванд, ҳамааш ба худи раҳбарият наздик аст. Аз ин хотир, нахуст кӯшиш мекунем, ҳақиқатро ба мардуми худ бирасонем. Ин соли 1992 нест, ки бидуни ҳеч нақшае даъво кунанд. Ҳоло мардум маълумот доранд, медонанд, ки дар дигар кишвар инсон чӣ гуна зиндагӣ дорад. Дар Тоҷикистон мо давоми 22 сол ба ғайр аз гап дигар ҳеч пешравие надоштем. Як парчам дорем, як Қасри миллат ва роҳҳои бо қарз сохташуда. Он се нақби сохташуда низ пулакиянд. Ҳамааш бар фоидаи худашон аст. Мо ин гапҳоро гуфта будем, вале ҳозир мо ба мардум расониданием, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба мисли ману Шумо як инсон аст. Мо, мардум, ӯро бардоштаем. Чаро давоми 22 сол як бор надидем, ки касе дар телевизиони Тоҷикистон рӯ ба рӯ аз раисиҷумҳур пурсида бошад, ки чӣ корҳо кардӣ. Мо бо ин кори худ аз раисиҷумҳур як шахсияте сохтем, ки худ дигар метарсем. Як муддат гуфтем, ки сояи Худо аст. Он рӯҳониёни аз шариат бехабари мо гуфтанд, ки подшоҳ сояи Худо аст. О, ин давлати мо демократӣ аст.”

Озодагон: Аз вазъи сиёсии кишвар ва фишор ба афроди мухолиф огоҳӣ доред. Дар чунин шароит фикр мекунед, ки муваффақ мешавед?

Қувватов: “Нахуст ҳаминро гуфтаниам, ки ин иштибоҳ ва камилмии худи ҳукумат аст, ки ба ин шева, яъне бо туҳмату таҳқир бо мухолифини худ мубориза мебарад. Ин таблиғоти ҳукуматро медонем. Мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна бар зидди Раҳматилло Зойиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мубориза бурданд. Мо мебинем, ки чӣ гуна бар зидди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби ӯ мубориза мебаранд. Ҳамаи ин хабарҳоро мушоҳида мекунем. Ман медонам, ки ҳоло аксар мардуми Тоҷикистон аз ояндаи худ ноумеданд. Масъалаи фишор ба мухолифину мардумро гуфтан ҳам лозим нест. Ҳамааш ошкор аст. Мо дидем, ҳатто бо он ашхосе, ки аъзои ҳизбе набуданд, чӣ гуна мубориза бурданд. Дар Тоҷикистон вақте ҳақиқатро касе мегӯяд, ҳамагуна туҳмат мекунанд. Ин ҷанги иттилоотӣ ҳаст ва мо талош мекунем дар ин маврид хомӯш набошем.”

Озодагон: Ҳоло гуфта метавонед, ки “Гурӯҳи 24” чанд узв ва чӣ қадар тарафдору пуштибон дорад?

Қувватов: “Вақте мо аз Маскав баромад доштем, гуфтем, ки давоми 24 соат ба мардум хабар мерасонем, вале нагуфта будем, ки 24 нафар ҳастем. Агар бо ҳамон баромадҳои мо талоши маҳбас кардани мо дар Дубай пеш намеомад, бовар дорам, ҳокимияти феълӣ интихоботро баргузор карда наметавонист. Ҳамон замон 130 нафар бештар будем. Дар он гуруҳи мо ҳама буд, ҳуқуқшиносон ва дигар қишри ҷомеа. Вақте дар Дубай боздошт шудам, ин гуруҳ як андоза хомӯш буд, чун намедонист, корро кӣ пеш мебарад. Баъд аз раҳоӣ кушиш кардем, ҳарфи худро бигӯем. Он нафарони тарафдор боз омаданду бо мо пайвастанд. Ҳар кадоме аз тарафдори мо боз тарафдорони худро дорад.”

Озодагон: Гуфта метавонед, ки тақрибан чанд нафар ҳастанд онҳо?

Қувватов: “Фикр мекунам, тақрибан се ҳазор нафаранд.”

Озодагон: Он тарафдорони Шумо дар дохили Тоҷикистонанд ва ё берун аз он?

Қувватов: “Вақте бо онҳо суҳбат доштам, медонистам, ки қисме аз онҳо дар Русияанд. Дар асл, намепурсидем, онҳо аз куҷо бо мо тамос мегиранд. Хабар дорем, ки тақрибан 200 тарафдори мо дар Тоҷикистон ҳаст. Ин аслан ҷанг нест. Ин танҳо мубориза бо як таблиғоти яктарафаи ҳокимият аст. Мо хунрезӣ намехоҳем. Мо инро бояд ба мардум бирасонем. Мо мехоҳем, мардум ҳаққи худро талаб кунад ва ҳукумат ба истеъфо биравад. Ин як ҳарфи одӣ аст.”

Озодагон: Барномаи мушаххасе барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тарҳрезӣ кардаед? Фарз кардем, инҷо омадед, дар фурсати аввал ба тағйири чи чизҳо талош хоҳед кард?

Қувватов: “Гап сари он меравад, ки мо барномаҳо дорем, вале ошкор карда наметавонем. Зеро ҳар он чизе, ки мо ошкор кардем, ин бар фоидаи мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд. Як каме вақт лозим, то ҳамаи нақшаи худро ошкор кунем.”


Мӯҳр
Сохибватан
Шумо хок надоред. Хама вохима.Чаро хама бадбахти мардумро вакти сари кор будан намедидед?. худ ки сер ва пушида ва савори мошинхои хоричи будед хаел мекардед мардум хама мисли шумост? Имруз мардум мегуед, кадоми шумо дар вакти сохиби бизнесхои калон будан сабукие ба мардум овардед?.Аз арзонии нархи кадом навъ сузишвори ва е арзонии нархи хонахо барои мардум ту ва дар мисоли ту сохибкори имрузаи зиндони метавонед гуед..агар коре крадед барои оила кардабудед . кортон танхо фиреб. Ш

Ризопур
Умарали, ба андешаам Шумо аз харзагу бештар нафаре нестед ва хукумат бехуда паи Шумо вакт сарф мекунад. Шумо дар гузашта яке аз торочгарони ин миллати соддаи ба Шумою Рахмонов барин харзагухо бовар мекардаги мебошад.Барои хамин, биёед бас кунед харзагуиро ва мардуми соддаро низ гул назанед. Умуман хуб мешавад, агар худро тамоман аз майдони сиёси дафъ кунед.

Худуш
https://tojnews.org/quvvatov-agar-yagon-davlati-khoriji-dastgiri-mekard

ЧАСУР
БА ИН САВОЛХОИ МАН КУВВАТОВ ЧАВОБИ ДУРУСТ ГАРДОНАД МАНАМ БОВАР МЕКУНАМ КИ ХАКИКАТРО У ЧУСТУЧУ ДОРАД....ЧАНОБИ КУВВАТОВ ДАР ЯК НАВОР ДАР ПЕШИ ПОИ АВГОНХО ТАЬЗИМ МЕКАРДИ БА ЧИ ХОТИР БУД.... ТУ НА БА ЗАБОНИ ТОЧИКИ ДУРУСТ ХАРФ ЗАДА МЕТАВОНИЮ НА БА ЗАБОНИ РУСИ ПАС ЧИ ГУНА МЕТАВОНИ БА САХНАИ СИЁСАТ БИЁИ....БАРОИ ЧИ АГАР ДИГАР ИНСОНХО БА ТУ САВОЛИ МУКОБИЛ ДИХАНД ТУ ОНХОРО КОРМАНДИ АМНИЯТ ХИТОБ МЕКУНИ ХОЛО ОН КИ ТУ АЗ ДЕМОКРАТИЯ ХАРФ МЕЗАНИ...АГАР ТУ САРВАРИ ДАВЛАТ ИНТИХОБ ШАВИ БАРОИ ТОЧИКИСТОНРО ДИГАРГУН КАРДАН АЗ КАДОМ РИЧАКХО ИСТИФОДА МЕБАРИ... БАРОИ ЧИ ДОИМО ХАМИН СУХАНХОРО ТАКРОР БА ТАКРОР МЕГУИ ОЁ ДИГАР ЧУМЛА АЗ ЁД КАРДА НАМЕТАВОНИ... ИНСОНИ ВАТАНДУСТ БОЯД ХУДАШРО БАРОИ ПЕШРАВИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАШ КУРБОН СОЗАД ЧАРО ТУ ГУРЕХТА МЕГАРДИ....

sad
bo paydo shudi maksadi tu khunrezi hast va vazifagiri ruta siyo kunum yagontai shumo dar fikri khalk nesten khudo ba shumo barori kor nadihad gumrohaton kunad

салом умарали дустам дар тоҷикистон шумо гуфтаед 200 тарафдор дорам ман бароят инро гуфтаниям танҳо аз қишлоқи мо 500 тарафдор дори ҳамааш дар тоҷикистон ҳастанд 200 тарафдор нагуед 2 милён тарафдор гуед иншо АЛЛОҲ хато намекунед

озодагон озод бош

Шохмансур
Рости гап аз чунин сурат гирифтани хаёти Кувватов У ман хайронам,ки барои чи журналистони мо дар бораи ин одам навишта аз пашша фил месозанд,охир хамин одам аз аввал хамаи корхояш бо одамони бо кавли у тарафдорони Президент дуруст буду баъди якдигарро нафахмидан дар масъалаи пул дархол мукобил баромада гурухи 24-25 ташкил карда гавгою доду фарёдаш баромад, айни хол мегуяд,ки холо у 3- хазор нафар тарафдор дорад ин хама сафсата мебошад.Малум мешавад,ки ин одам агар ба сари мансаб биёяд барои пул шуда хамаи корро мекунад аз бахри миллат мегузарад,бовар кунед,вакте пул дошт ягон маротиба айби давлату давлатдориро намедид кур буд акнун,ки "охур" хурданияш кам шудааст аз худаш "дилсузи" миллат сохта истодааст,ман ягон хел ба хешу табори Президент наздики надорам факат хаминро гуфтаниям,ки дар як дехаи дурдасти кухистони Точикистон калон шудаам ва айни замон шукрона мекунам,ки давлатамон тенчу ором аст ва бевоста дар катори дигарон хиссаи ночизи худамро гузошта истодаам ва бо розигии Худованд чанд маротиба дар сухбати Президент будам ва дарк мекунам,ки хисси Ватану ватандори чист.Барои хамин аз хамаи хамватанон хохиш мекунам,ки ба хамаи душворихои зиндаги сабру тахаммул кунанд,факат тинчию ороми метавонад Ватани азизамонро ба пеш барад .Фикр мекунам,ки 24-25 моро ба пеш намебарад,ин хама як хиллаю найранг аст боз кадом хочаи хоричи ин кабил дар нохунак дустдорони миллатро дар огуш гирифта мамлакати акнун аз чанголи чанги бародаркуш халос шударо аз сари нав даргиронад......гуфтанихо нисбати ин гуна дилсузони миллат бисёр аст факат хаминро гуфтаниям,ки
ДОМАНИ ДАВЛАТ НАТАВОНИСТ ГИРИФТАН БА ЗУР,
КУШИШИ БЕФОИДА АСТ УСМА БА АБРУИ КУР..

ba pesh akai umarali ba inho gush nadihed inho hammaash feikhoand korashon hamin ast siyoh kardan imruz hamai javonon shumoro meshinosand va tarafdori mekunand inshoalloh Xudovand bo shumost dar rohi hak hasted baXudo man yak shahrvandi oddi hastam ammo dilam baroi vatanu millatam mesuzad yagon nakshai mushaxxas nadorad in hukumat kur kurona pesh rafta nameshavad boyad odamoni bosavod iktisoddonho sari vazifa biyoyand baKHudo kasam bo in hol mo oyanda nadorem namedonand hamin hukumatdorhoi mo ki boyad 4ikorhoro anjom dod baroi behbudii hayoti mardum fakat fikrashon hamin astki 4iguna kabirivu kuvatufu zoirovu digaru digarora az bayn barem na dar fikri behbudii hayoti mardumand na dar fikri kam kardani muhojirat oxir basbudagist miyonamon kand az stroika korkunira dar in xunukihoi maskva kasali shuda raftem yagon javoni tojik ruzi xushi javonira namebina ba gayr az pisaroni mansabdoron maktabi miyonara xatm mekunadu to murdanash gulomi rish meshavad na ruzi xusha mebini na yak hayoti rohatu oroma doimo to murdanat azobmekashi mo boyad hamma yakjo shuda akai umaraliro dastgiri kunem. mo ruzi hubu oroma nadidem bigzor haddiakal farzandonamon misli mo gulomi rus nashavand kaseki kame aklu savod doshtaboshad bisyor xub ehsos mekunadki imruz vatanimo 4ikadar dar khatarast baroi hamin naboyad mo betaraf boshem/ ozodagon akalan hamisha 4opkun

mo tojikon az tuvu tubarinho bezorem

ami toifa fitnadozon az xudo sharm namekunand???pul-nafs-hasud-baxeli-jangdozi-shiori inhost.

Клоун. Дар вакташ хам фикри худашро мекард, хозир хам. Ягон гапи конкрети надорад. Дар козоку киргиз дар кучохо кайфу сафо кардааст, кани гап занад ин азобдида.

Фарух
Умарали мо бо шумоем

Мухтарам Умарали рухафтода нашавед! Инхое ки зидди шумо менависанд инхо вазифадор шуданаанд ки зидди хакикат гуён нависан ва илло бе маош мемонанд! ХАЛК БО ШУМОСТ

Беном
Ин хамон як таъбирро "Саг .....мегирад, корвон гузашатан"-ро ба хотир меорад. Инхо ин кадар улос кашида истодаанде. Эй журналистони мухтарам аз пашша фил насозед, яъне аз пашшае, ки то дируз дар чойи равгани буду имруз аз равган дур мондаасту чойи нишастан намеёбад кахрамон насозед. Кахрамонсози, яъне таблиг накунед. Ин ба чуз худашу се чор нафар хазинадорхояш, ки дар вакташ пулхои бо рохи харом ба даст овардаашро нигох медоштанд дигар аъзое надорад. Савол ба Кувватов: Магар аз ин лакиданхо дида дар гирди зану фарзандони дуструякат хоксорона зиндаги мекарди хуб набуд? Оё, маколи Бо думи шер бози накунро намедонисти? Оё, дар баробари хифзу нигахдории Ватан, хифзу нигохбонии зану фарзанд барои инсон фарз нест?. Аз дуруг Ватан гуфтан фоидае ба чомеа намеовари, барои хамин фарзандонатро дуруст тарбия намо то ба ин Ватан хизмати шоён кунанд.

группа 24
ЗИНДА БОШИ!!!!!!!!!!

Quvvatov
Хуб мешуд то барномаи иқтисодии худро пешниңод менамудед!

Умаралӣ Қувватов 100%гапат хакаст барои чи барои он ки дар халки камбагал демократия нест (зулмкратия )аст аввал бо писталет мекуштанд хозир бошад бо нарху наво

ozodagon.tj аз шумо эхтиромона хохиш мекунем аз Худованди Карим тарсед барои чи ин сайтро кушодед барои он ки хакикати гапа фахмед ки чишуд чигапшуд чи мешавад нависондаги хамай моро фильтр накунед илтимос саривакт монед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)