Бахшҳо

Кабирӣ гуфт, омодааст бо Абдулқодирзода рӯбарӯ сӯҳбат кунад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, барои як сӯҳбат бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар омодааст. Ин нуктаро оқои Кабирӣ рӯзи 16 май, ҳангоми мулоқоташ бо ҷавонон ва дар посух ба суоли яке аз иштирокдорон баён дошт.

Роҳбари ҲНИТ дақиқ нагуфт, дар ин сӯҳбат бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода чӣ мавзӯъро баҳс хоҳад кард. Вале афзуд, “агар ҷаноби Абдулқодирзода нахоҳад, ки ба маркази ҳизб биёяд, омодаем дар ҳар ҷойи дигар ба ҳарфҳояш гӯш диҳем”. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Кабирӣ, Шайх Амонуллоҳи Неъматзода -- раҳбари пешини Шӯрои уламо ба дафтари ҲНИТ омада, суҳбат анҷом дода будааст.

Раҳбари ҲНИТ дар мулоқот бо ҷавонон аз ҳукумат, нерӯҳо ва аҳзоби сиёсӣ даъват кард, то дар масъалаи ҳалли мушкилоти ҷавонон бо ҳам муколама кунанд. Ӯ аз парокандагии ақидатии ҷавонон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, “ҳадди ақал дар масъалаи ақидатӣ тафоҳум дошта бошем ва таҳаммулгаро бошем”.
Мӯҳр
О Абдулкодирзода юрак надорад ки бо устод Кабири бахс кунад.

махмадулло
Абдулкодирзода кучою сухбати Кабири кучо Абдулкодирзода дар фикри дунёст на дар фикри охират дини мубини исломро ба кавле ....замона бо ту насозад ту бо замона бисоз ....табдил додааст

Сафар
Бо андешаи фиркаи болшевики ин мардум чизеро намефахманд.Чун донишашон дар сатхи махалла аст.

кургантепа
чи кабири одами тугри аст тугри бошад шиа буданашро ошкор кунад кабири ва раисони кабири мемиранду ошкор карда наметавонан дар точикистон барои ки хело мардуми диндор фахмидагиян иншоалло ботил шикаст мехурад
озодагон сад сола шави

.
Аз хамин гапу чак-чаки шумо чи фоида? хубаш фикри онро кунед, ки бозорро чи тавр баргардонед.

)) Сухбати сунниву исноашари

мухочир
Бародар мо дар замони факту далел зиндаги мекунем. Кани шиа будани устодро заказать кн! Ей бародар: кувати неки надори бад накун. Бар вучуди худ ситам бе хад мекунем.

КГБ
Кабири худаш як шиорпарто беш нест бо ин рох хуб дорад зиндаги мекунад. Чавонони эхсосотиро фиреб дода. Хизмате ки муфти дар мазхаб кард ва шиьахоро ошкор ва забон кутох кард Кабири дар дах соли раёсаташ накард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)