Бахшҳо
21 май 2014 10:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зариф Ализода дар Маҷлиси Намояндагон қасам хӯрд, ки...

Зариф Ализода, ки барои панҷ соли дигар Омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъин гардид, рӯзи 21 май дар ҷаласаи навбатии парлумон қасам ёд кард. Ӯ дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфт, дар тӯли фаъолияташ ҳуқуқи сокинони кишварро софдилона ҳимоят хоаҳд кард.

“Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун ваколатдор додаро дар асоси Сарқонун ва дигар қонунҳои кишвар бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям”,-таъкид дошт ӯ.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи 14 майи худ ризоият дода буданд, ки Зариф Ализода барои панҷ соли дигар дар мақоми Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон бимонад. Пешниҳоди дар ин мақом боқӣ мондани оқои Ализода аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Зариф Ализода аз соли 2009 ба ин сӯ ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ваколатдор бо ризоияти Маҷлиси Намояндагон ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи президент таъин карда мешавад. Ализодаи 52-сола зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Колхозободи собиқ) буда, пеш аз таъин шуданаш ба мақоми Омбудсен ба ҳайси раиси Додгоҳи конститутсионӣ ва мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.
Мӯҳр
.
Аз карнайчи як пуф. Хамин хел як гупт-да....

Давоми матнро у нахонд, ки чунин буд: "Савганд ёд мекунам, ки он чиро ки ба ман аз боло мегуянд бечунучаро ичро мекунам ва ба масъалахои хукуки инсон ки ба "боло" маъкул нест, умуман дахолат намекунам...

Вализода
Зариф Ализода Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун ваколатдор додаро дар асоси Сарқонун ва дигар қонунҳои кишвар бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям ВАЛЕ АГАР ЧАНОБИ ОЛИ ФАРМОН ДИХАД ЛОЗИМ ШАВАД САРКОНУН ВА ДИГАР КОНУНХОИ КИШВАРРО ПОЙМОЛ МЕКУНАМ!!!

донишчу
Раиси мухтарам Ализода! Касам нахуред офтобро ба доман пушонда намешавад.Аз Зайд Саид чи химоят кардед?.Хубтараш аз он накл мекардед ,ки дар давоми кор монанди Хукумов шахрвандии кадом давлаи аврупоиро интихоб кардед.Чун ки шумо хамон кадар ба касам бовари доред, ки мардум ба шумо хамон кадар бовари дорад.

Ин одам шарм намедошта бошад? Огои Ализода, таъини шумо ба ин симмат худ масхараи институти Омбудсмени аст. Касам хам нахуред зеро касе ба касами масъулини давлати Точикистон (хатто худашон хам) бовар надорад.

Зариф Ализода Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодии сарварон, мансабдорон ва авлоду ачдоди онхоро ҳимоя намуда, уҳдадор мешавам ки аз табакаи камбизот касе ки даъво кунад дар асоси Сарқонун ва дигар қонунҳои кишвар ба чавобгари кашида онхоро паси панчара равон мекунам!

Касам барои чй ва дар назди кй? Шарм доред. Аз фарзандони Зайд шарм надоред, лоакал аз фарзандони худ шарм доред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)