Сониҳаи нақлиётӣ дар деҳаи «Ғӯлакандоз»-и ноҳияи Ёвон ду кушта ба ҷой гузошт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти РБДА шоми 21-уми август дар минтақаи мазур Шаҳбоз Холови 18- сола, ки нақлиёти «Опел- Вектра»-ро идора мекард ва аз самти шаҳри Ваҳдат ба ҷониби Ёвон ҳаракат мекард, пиёдагардон Гулрухсор Саидоваи 16 сола ва Садбарг Мирзоеваи 45 солаву Сафармоҳ Зоироваи 61соларо пахш мекунад. Пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, ба беморхона интиқол дода мешаванд. Гулрухсор Саидова ва Сафармоҳ Зоирова аз ҷароҳати вазнинӣ гирифтаашон дар беморхона ба ҳалокат мерасанд, Садбарг Мирзоева бошад, айни замон дар касалхона бистарӣ гардидааст.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 7 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар фавтида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мӯҳр