Бахшҳо

Нақли президент дар бораи президенте, ки гиря мекарду мегурехт

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Дожд”-и Русия чӣ гуна ба ҳамтои фирории қирғизаш Қурмонбек Боқиев паноҳгоҳ доданашро нақл кардааст. Лукашенко гуфтааст, вақте раисиҷумҳури пешини фирории Қирғизистон дар қаламрави Қазоқистон бесарпаноҳ буду ҳама аз ӯ рӯй гардонда буданд, натавонистааст, ба дархости ҳамтояш ҷавоби рад диҳад.

“Ба ӯ занг задам, гиря мекард. Гуфт, “Саша, ту барои ман ҳеч гоҳ дӯст набудӣ, аммо ман ҳоло ҳамроҳ бо кӯдаконам дар як ҷангал паноҳ бурдаем ва намедонем чӣ кор кунем. Ҳадди ақал фарзандони маро наҷот деҳ!”,-афзудааст раисиҷумҳури Беларус.

Ба гуфтаи Александр Лукашенко, собиқ раисиҷумҳури фирории Қирғизистон он замон тавассути ҳавопаймои яке аз ширкатҳои Беларус ба Минск оварда шуд: “Сабаби аслии ҳавопаймо фиристодани мо дар он буд, ки ҳамроҳи Боқиев ҳангоми гуфтугӯи телефониамон писари хурдиаш – Николай ҳузур дошт. Вазъи ӯро дарк кардан мумкин буд, чун маълум аст, вазъияти шахсе, ки бо кӯдаконаш дар ҷангал қарор дорад.”

Собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, ки ҳоло дар Беларус ба сар мебарад, моҳи феврали соли 2013 аз сӯи Додгоҳи низомии Бишкек ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти қудратии қирғиз алайҳи ӯ дар ғайбаш ин ҳукмро эълон карда, онро дар сӯиқасдҳои сиёсии пурсарусадо айбдор медонанд.

Қурмонбек Боқиев соли 2005 дар интихобот ба рақибонаш пирӯз шуда, барои 4 сол ба курсии раёсати Қирғизистон нишаст. Баъдан дар соли 2009 низ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он низ ғолиб баромад. Аммо то он замон ӯ кореро анҷом надода буд, ки розигии мардумро ба даст орад. Дар пайи зиёд шудани норозигии сокинон дар ҳар ҷо бар зидди Боқиев тазоҳурот барпо шуданд. Ин дар ҳоле буд, ки дарсадии шуғли аҳолӣ дар ин давра поин рафта, қиматии хадамоти иҷтимоӣ яку якбора боло бурда шуд.

Дар пайи тазоҳуроти эътирозии Бишкек дар соли 2010, ки тақрибан 100 нафар ҷавон кушта шуданд, мардум ҳукумати Боқиевро муттаҳам карданд, ки бар зидди аҳолӣ аз нерӯ истифода бурд ва ҳамин тавр баъди фирораш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар баробари ин, Ҷонибек Боқиев, бародари Курманбек Боқиев низ дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, созмондиҳии ошӯбҳо ва тасарруфи қудрат дар моҳи апрели соли 2010 дар Қирғизистон айбдор шуда, ба ҳукми абад аз озодӣ маҳрум гардид.

Ахиран ду бародари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, ки ҳоло дур аз ватан ба сар мебаранд, бо ирсоли номае ба унвони президенти кунунии кишварашон иҷозаи вуруд хоста буданд. Дар номаи Марат ва Одил, бародари Боқиев ба Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, аз ҷумла омадааст, “ба мо иҷоза диҳед, дубора ба ватан баргардем. Чи тавре маълум аст, алайҳи мо ҳеч иттиҳомоте равона нашудааст. Мо ватани худро пазмон шудаему мехоҳем, онҷо зиндагӣ кунем. Бигзор ҳар нафаре муҷрим аст, назди қонун ҷавоб диҳад.”

Дар давраи раёсати Боқиев дар Қирғизистон бародаронаш -- Марат сафири ин кишвар дар Олмон ва Одил дар Чин буданд.
Мӯҳр
Кандша занад миллати киргиз.

Мулло
Хамаи президентхо ахволашон хамин мешавад, сабабашро худашон дарк кардаанд.

Яъкуб.
Барои дигар диктаторхо ин дарс намешуда бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)