Бахшҳо

Афзалшоҳи Шодӣ: “Консерт бо Шералӣ Ҷӯраевро қабул накардам”

Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар таронаҳояш бештар Самарқанду Бухороро васф карда, аз онҳо ба унвони сарзамини тоҷикон ном мебарад, гуфт, барои баргузории консерти якҷоя бо Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, дар Хуҷанду Истаравшан ризоят надодааст. Ӯ рӯзи 24 май дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” афзуд, чунин пешниҳод ва тасмими баргузории консерт аз оғоз бада, аммо баъдан рад гардидааст.

“Ин хел гапҳо буд, вале ман не гуфтам (рад кардам). Аз тарафи Узбакистон ҳам ба Шералӣ Ҷӯраев иҷоза нашудааст, ки марзро гузашта ба ин ҷо ояд. Ва мо ҳам Шералӣ Ҷӯраевро қабул намекунем”,-таъкид дошт ӯ.

Афзалшоҳи Шодӣ: “Консерт бо Шералӣ Ҷӯраевро қабул накардам”Се рӯзи пеш як манбаи мо дар Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, қарор аст, 31 май дар Истаравшан консерти Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, ки ахиран таронаеро бар зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сароидааст, баргузор шавад. Бино ба қавли манбаи мо, аслан оқои Ҷӯраев барои иштирок дар як тӯйи соҳибкори истаравшанӣ омада, баъдан дар варзишгоҳи Хуҷанду Истаравшан ҳамроҳи Афзалшоҳи Шодӣ консерт медиҳад.

Дар пайи нашри ин хабар дар торнамои “Озодагон” масъулони ҳукумати Истаравшан бо мо дар тамос шуда, ҳузури Шералӣ Ҷӯраев дар як тӯйи соҳибкори истаравшаниро рад карданд, вале дар мавриди консерти ӯ чизе нагуфтанд. Аммо таблиғи консерти Шералӣ Ҷӯраев, ки дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан буд, ногаҳон ғайб зад.

Хабари омадани Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбак, баъд аз таронаи зидди “Роғун”-аш ба вилояти Суғд бо вокуниш ва баҳсҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯбарӯ гардид. Аксари корбарон ин тасмими мақомотро зери бори танқид гирифта, онҳоро барои тарафдорӣ аз мухолифи сохтмони Роғун, ё ба қавли раисиҷумҳур, ҳаёту мамоти Тоҷикистон муттаҳам намуданд.

Дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ торнамои Darakchi.uz аз суруда шудани таронае алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон аз сӯи Шералӣ Ҷӯраев хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, матни таронаи мазкур ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Ин торнамо дар идома навишта буд, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад. Чун ба қавли Тошканд дар сурати бунёд шудани ин неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт.
Мӯҳр
Мухаммад
Алхамдулиллохи Раббил ъоламин

8
Агар вокуниш намешуд, баргузории ин консерт аз эхтимол дур набуд. Рахмат ба Озодагон, ки сари вакт мардумро огах кардед. Ташаккур ба Авзалшо Шодиев барои радд кардан ва хамчунин рахмат ба корбарони Озодагону дигар шабакахои ичтимои.

Устод Афзалшохи Шоди шири модарт халолат бод!
Мо бояд мардуми Точик тифоку бародар бошем на вобаста аз манотику махаламон. Дар он холат ягон душман бар мо чашм алло карда наметавонад!!!

Марди точик
Офарин! Агар консерт баргузор мешуд як шармандаги мешуд. Дар сахна тухмшапу помидоршапаш мекардам! Он истаравшании сохибтуйро ба чавобгари кашида бо оилаю хешу табораш ба Узбакистон депортатсия карда шавад!

Ба падару-модаре ки туро тарбия кардаанд рахтма. Офарин Афзалшох . Ба Шерали дар Точикистон рохнест.

e gapnest akai afzalsho zindaboshi sheri nar yaktai xdt

afzalsho mard va tojiki tozzza ast.yak tuida dar uzbakiston surudi samarkandu buxoro zamini mo tojiko ast'ro takror ba takror mexonad ki az hukumati uzbakiston omada megan ki akai tuidor tu hofiz ovardai yo zamintaksimkunakai yo zaminchenkunak???hozir merafta boshad in tojiki notars ba uzbakiston???ozodijon yak savolu javob bo in mardi buzurg kuned.

Аз як шери шоири узбак Икбол мирзо ин кадар синсация насозед Афзалшои Шоди аз руи шуниди мо ба сохтмони рогун 25000$ додааст , санъати Точик ба монанди Афзалшо се каси дигар медошт санъати мо шашмакоми мо урфу одатхои мо оши пали ови моро узбакхо аз худ намекарданд холо ба Самарканду Бухоро камтар вакт аст фарзандони точик ба кадри Точикистон ва фарзандони ба нангу номусаш бояд бирасем . Агар Шерали Чураев меомад хам Афзалшо коил карда гусел мекард , зинда бод Точикистон , майда гапиро бас кунед !

Хело тасмими саривакти Миллатдустона окои Шодиев
Баьд аз ин хама адоват ва киначуи чи хадде ба ин мугулзодахо !
Сугд сарзамини ТОЧИКХОСТ! Ман суруди мугулиро на шунидан на артисташро дидан мехохам

тчк
Афзалшо барои пул gчонаша медихад. Овозах бисер шуд. Худро акиб кашид...

Хамон
Назари ман ку озодагон? Ё шумо хам продажний ми? Мафияи хучандихо пул дода меистад?

БЕ(рун аз)ВАТАН
Аслан хич чои бади надошт, ки меомаду консерт медод хамрохи Афзалшох. Мо бояд ин тасмимро хеле пештар мегирифтем. Охир дустии хамсояхо барои мо заруртар аст на барои узбако. Забони хуш морро аз хонааш баровардааст. Баъди ходисахои ахир бо Киргизистон мо бояд фавран бо Узбакистон мусолиха кунему ба хар рох онхоро рози кунем то визаро бардоранд ё хадди аккал рохро кушоянд. Дигар бародарон ин чо кафки дахан мепаронанд, магарам ки аз дехаи худ берун нарафтаанд. Киргизхо хамчун шарики ноустувор ва беэътимод харгиз бо мо дусти нахоханд кард. Азбаски саломатии Каримуф безеб аст, мо бояд фавран бо онхо риштаи дустиро баркарор кунем, охир душманатро ба шакар куш...Боки саломат бошед....

ТОЧИКЧОН С
БО ХАМИ БЕНАМУДА РАСМОША БАРОВАРДИЯН ДАХОНША ГИЗ КАДАЙ КИ НАГЗШ БИНАН ЛЕКИН ХЕЧ КАС НАМЕХОХАДАШ АЗ ИН ДИГАР БЕНОМУСИ МЕШАВА САД ДАХОНДА ГИЗ КУНИ ТУРА ДАР ТОЧИКИСТОН РОХ НАМЕДИХАНД АКАИ АФЗАЛШОХ РАХМАТ КИ АНДЕША КАРДЕД ВАГАРНА ХАЛКИ ТОЧИК ХЕЧ ВАКТ ШУМОРО НАМЕБАХШИД.

ин кадар барои як хофизи узбак магал накунед. солхои 90 халки точдору мехмоннавози точик арманихоро ки аз зарби заминчунби бехонаву дар монда буданд,ва онхоро ба 15 кишвари ссср таксим карда буданд дар шахри душанбе митингхо сар зада точдорони мехмоннавоз талаб карданд ки ин арманхоро ба хоки мо рох надиханд баъдан гуфтанд ки русхоро аз ин замин пеш кунанд баъд ба ленинободихо часпиданд баъд ба якдигар вовчику юрчик чудо шуданд ана акнун боз узбапкчаспи карда истодаанд.эй точдорони мехмоннавоз ин кадар ба бухорову самарканду узбак начаспед. инсонхои некрой бошед бо хамсоягон димпломати кунед дил ебу канд зан.

Бе ном
Марди миллат дилсузу чонсузи сарзамини ачдодии мо точикон Самарканди канду Бухорои шарифи сарзамини Точикон Афзалшохи нотакрор зинда бош!
Агар шерали хам меомад нагз мешуд як аз дарёву обхои ширини мо дидан мекарду як пиёла менушид, баъд то назди сархад оварда ба кунаш як лагат зада гусел мекардим хурсанд мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)