Раҳбари кишвари Либия, полковник Муаммар Қаззофӣ аз Троблус ақибнишинӣ карда, ин амалро «иқдоми тактикӣ» унвон кардааст.
Тибқи иттиллои расонаҳои хориҷӣ мухолифини режими Қаззофӣ айни замон гирду атрофии пойтахти Либияро муҳосира карда, ҳалқаи назоратиро васеътар намудаанд. Дар ҳамин ҳол ширкати телевизионии «Ал-Уруба» навореро ба намойиш гузошт, ки зимни паёмаш сарҳанг Қаззофӣ гуфтааст: «Қасам мехӯрам, ки то қатраи хуни охирин ва то дами шаҳодат ва ё пирӯзӣ хоҳам ҷангид». Зимнан, сухангӯи роҳбари Либия ба шабакаи «Ал-Уруба» изҳор доштааст, ки Қаззофӣ ба ҳеч ваҷҳ Либияро ба чирикиҳо вогузор намекунад ва ӯ омода аст, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо биҷангад, ҳатто агар Либия ба «хокистар» табдил шавад ҳам. Мухолифин ва ё худ чирикиҳо бошанд, эълон доштаанд, ки барои ба даст овардани шаҳри Троблус ҳудуди 400 нафари эшон ба қатл расида, беш аз 2000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол ҷойи сангари аслии Қаззофӣ номуайян боқӣ мемонад, ҳарчанд бархе аз расонаҳо дар бораи дар Бобулазизия ба сар бурдани полковник ва ёрони ӯ иттилоъ медиҳанд. Собиқ президенти Қалмиқистон ва президенти феълии Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмҷинов, ки аз дӯстони наздики Қаззофист гуфтааст, «бо Муаммар сӯҳбати телефонӣ доштам, ӯ дар як ҷои амн аст ва ҳукуматро ба касе таслим карданӣ нест».
Мӯҳр