Бахшҳо

Талаби табибон аз вакилон: Фурӯши нос манъ шавад

Бузургтарин Анҷуманҳои тиббии Қазоқистон бори дигар аз вакилони парлумони ин кишвар хостаанд, фурӯши носро манъ кунанд.

Ин бори аввал нест, ки табибон бонги изтироб мезананд. Ба иддаои онҳо нос ва снюс (як навъи маводи тамоку) метавонад хатари ҷиддие барои сиҳатии аҳолӣ бошад,-хабар медиҳад Total.kz.

Ассосиатсияи воҳиди дандонпизишкони Қазоқистон, Анҷумани миллии тиббӣ ва Эътилофи “Барои Қазоқистони озод аз дуди тамоку!” дар муроҷиатномае ба вакилони маҷлиси парлумони Қазоқистон тақозои пуштибонӣ аз “манъи истеҳсол, фурӯш ва паҳн кардани нос ва снюс”-ро кардаанд.

“Ҳоло гуруҳи корӣ тарҳи қонун “Дар бораи ворид кардани тағиру иловаҳо дар Кодекси Қазоқистон “Дар бораи сиҳатии мардум ва низоми тандурустӣ”-ро баррасӣ мекунад”,-навиштааст манбаъ.

Табибон муътақиданд, ки бидуни манъ кардан, теъдоди қазоқистониҳое, ки зери забон ва лаб нос ва снюс мегузоранд, метавонад ба ҳазор маротиба афзоиш ёбад. Далели ин афзоиш маъруфияти онҳо гуфта мешавад. Бино ба оморҳо беш аз 10 дар сади қазоқистониҳо ба нос ва снюс таваҷҷуҳ доштаанд, ки 4,7 дар сади онҳо занонанд. Як назарсанҷӣ маълум карда, ки 1 миллиону 690 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба ин намуди тамоку “муътод” будаанд.

Нос як навъи маводи тамоку аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар истифода мешавад.
Мӯҳр
Хакикатгу
Хаминро да точикистон чори мекардан

ТочикчонС
ОЗОДАГОН ЧАРО ДАР ТОЧИКИСТОН ЧУНИН КОНУНХО НАМЕБАРОРАНД БИГЗОР ДАР ТОЧИКИСТОН ФУРУХТАНИ НОС ТАМОКУРО МАНЪ КУНАНД БИГЗОР ДАР КОДЕКСИ ЧИНОЯТИ МО ХАМ ТАЪГИРОТ ВОРИД НАМОЯНД ХОХИШ МЕКУНАМ ОИДИ ХАМИН МАСЪАЛА ДАР ТОЧИКСТОН ЯК БАРНОМАИ МУКАМАЛ АНЧОМ ДИХЕД БОВАРИ ДОРАМ ХАЛКИ ТОЧИК АЗ ШУМО БИСЁР МИНАТДОР МЕШАВАД.

А таджикскому правительству наплевать кто что и чем балуется, главное чтобы работал как раб и платил налоги чтоб они жили....

Мухаммад
Бехтарин кор. Ифлостарин ва касифтарин мавод нос аст. Кош дар мо хам носкашону носфурушон хамин чизро мефахмиданд.

Халими -носкаш
ба ингуна найрангхо дода нашавед вакилон, зеро ягона маводи оромкунандаи асаби камбагалон хамин нос аст. Агар носкаши манъ шавад ошубу исёнхо хатман зиёд мешавад. ин нос аст ки мо мезанему гами дунёро фаромуш мекунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)