Ҳалокати се марзбони туркман аз дасти ҷангиёни Афғонистон
Дар пайи як даргирӣ дар марзи муштараки Туркманистону Афғонистон се сарҳадбони туркман кушта шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин ҳодиса дар наздикии маҳаллаи Мурғоби Болои музофоти Бадгиси Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, сарҳадбонҳо 24 май кушта шудаанд, аммо ин хабар танҳо имрӯз расонаӣ шудааст. Асил Хон, як масъули ноҳияи Гормачи Афғонистон ба “Азатлык” гуфтааст, бино ба иттилои дарёфтӣ “як гуруҳи мусаллаҳ зери раҳбарии Ғуломдастагир Топан аз рустои Аказай марзи давлатии Туркманистонро убур мекунанд ва се сарҳадбонро паронда, ду автомат ва як пулеметро ғанимат бардоштаву ба қафо бармегарданд”. Аммо Бозорбой Кабаев, консули Туркманистон дар Мазори Шариф аз чунин як қазияи изҳори беиттилоӣ кардааст.
26 феврали соли равон ҳам як гуруҳи мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон тавассути ноҳияи Мукури Бадгис марзи Туркманистон убур намуда, 3 марзбони туркманро кушта буданд.
Афғонистону Туркманистон 744 километр марзи муштрак доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |