Бахшҳо

Баҳси Озода бо Мирзиёев: "Ин қадар азияти кашидаам кам буд?"

Озода Саидзода, овозхони шинохтаи узбакистонӣ, ки қаблан чун Озода Нурсаидова ҳунарнамоӣ мекард, ахиран Шавкат Мирзиёев, нахуствазири кишварашро зиёд танқид ва ӯро сабабгори тамоми мусибатҳояш медонад.

Ба қавли Озода мушкилиҳои ӯ замоне оғоз шуд, ки аз ворид шудан ба тими Мирзиёев даст кашид. Озода бори аввал ошкоро дар бораи нахуствазир дар шабакаи иҷтимоӣ гуфт. 1 май вай дар саҳифаи Твиттераш навишт: “Ҷаноби Мирзиёев! Бо шарофати Шумо ин қадар сол азият кашиданам кам буд? Ҳоло мехоҳед манзили маро хароб кунед?”

Баъди ин шарҳ Озода ба бахши узбакии радиои “Озодӣ” гуфт, мақомот қасд дорад, манзили ӯро дар ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд, ки иборат аз 8 сотих аст, вайрон кунад. Дар як мусоҳиба бо Уилл Райт, докторанти Донишгоҳи Калифорния, ки Uznews.net нашр кардааст, Озода гуфтааст, дар амри хароб кардани манзилаш Мирзиёев мустақим даст дорад. “Баъди тасмими ман дар бораи ба додгоҳ кашидани Шавкат Мирзиёев акнун мехоҳад манзили маро вайрон кунад. Ба ӯ писанд нест, ки ҳоло ҳам ман зиндагии хуб дорам. Ман ҳайронам, одаме, ки метавонад ба Сарқонуни Узбакистон тағйирот ворид созад, худаш қонунро намедонад ва онро бераҳмона нақз мекукунад”,-гуфтааст Озода.

Дар ин мусоҳиба Озода Саидзода гуфта, ки расман литсензияи сарояндагии ӯро касе лағв накарда, ин хабарро шифоҳӣ дарёфт кардааст: “Ин як стратегияи одиест барои репрессияи чеҳраҳои эҷодӣ. Баромадҳои ту дар ҳамаи радио, ТВ ва дигар ВАО манъ аст. Барои баргузории консерт иҷозат намедиҳанд. Ва ҳамаи ин шифоҳӣ сурат мегирад. Яъне, вақте ба назди мақомоти марбута рафта мепурсӣ, ки литсензия дорӣ, аммо чаро барои фаъолият иҷоза намедиҳанд, онҳо ба фармони шифоҳӣ аз боло ишора мекунанд”.

Ба қавли Озода, наздики 10 сол мешавад, ки бо шарофати нахуствазир наметавонад фаъолияти эҷодияшро идома бидиҳад ва ба саҳна барояд. Ӯ гуфта, Шавкат Мирзиёевро аз барвақт мешиносад: “бубахшед, аммо ҳоло ҳамаи маълумот дар бораи ӯро наметавонам ишфо созам. Ин маълумотҳоро ман он вақт ба хадамоти марбута таслим мекунам, ки агар ман ва ё наздиконам зери фишор ё бедодгарӣ қарор бигирем”.

Ба ин суол ки оё тасмими ба сиёсат ворид шуданро надорад, Озода ҷавоб дода, “ҳеч вақт дар бораи сиёсат фикр накардаам. Шояд дар оянда фикр мекунам”.
Мӯҳр
МАЪМУЛАН УЗБАКИСТОНУ ДА ДИНИ НАВ БА НОМИ ,,САНЪАТ ВА МАДАНИТ,, РУЙИ КОР ОМАД. ШАРХИМИЗИ ТУГРИ ТШУНИНГ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)