Бахшҳо

Бобоназарова, Фелалиев ва Ҷалилов дар бораи заминаҳои тирпаронии 21 май

Аз тирпаронӣ дар Хоруғ, маркази Бадахшон, ки панҷ кушта ва чандин захмӣ боқӣ гузошт, ҳашт рӯз гузашт. Дар ин муддат кумисюни муштарак барои таҳқиқи ҳодиса ба кори худ оғоз карда, вале то кунун хулосаашро баён надоштааст. “Озодагон” аз Ойниҳол Бобоназарова -- раҳбари созмони “Перспектива+”, Акрамшо Фелалиев – вакили парлумон ва Комёб Ҷалилов – коршиноси умури амниятӣ пурсид, заминаҳои ҳодисаи 21 майи Хоруғ чӣ буд?


Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА:
“Ҳодисаи Хоруғ ин баёнгари заъфи ҳукумати Тоҷикистон аст. Ҷавоби онро на давлат ва на институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дода наметавонад. Ҷиҳати дубора роҳ надодан ба ин иштибоҳ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат бояд ҷиддӣ барои бартараф кардани фасод дар мақомоти давлатӣ, ба хусус бахши ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкорӣ намоянд. Агар ин мушкил бартараф нашавад, касе наметавонад кафолат (тазмин) бидиҳад, ки он ҳодисаи ду соли қабл такрор мешавад ё на. Мардум эътимоди худро ба ҳукумат аз даст медиҳад, чун ҳукумат барои мардум аст, на мардум барои ҳукумат. Агар мардуми Хоруғ хостори иваз кардани мансабдорони давлатӣ ҳастанд, ҳукумат бояд ин хоҳиши мардумро иҷро намояд.”

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:
“Дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ бо изҳороти расмии Вазорати умури дохилии кишвар тарафдор мувофиқам. Тамоми нуктаҳои изҳороти ин вазоратро дар мавриди заминаи ҳодисаи Хоруғ дастгирӣ мекунам. Кумисюни муштарак бо ширкати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти Тоҷикистон низ таъсис ёфт. Ҷавоби дақиқро ин кумисюн дар рӯзҳои наздик пайдо хоҳад кард.”

Комёб ҶАЛИЛОВ:
“Бемасъулиятӣ буд. Бемасъулиятӣ ҳис кардани мақомоти маҳаллӣ. Онҳо ҳеч дарси ибрат нагирифтанд. Айнан воқеаи ба ин монанд дар соли 2012 буд. Онҷо террор буд, инҷо тир паронданд. Наход ҳеч имконияти берун бурдани ин воқеа аз шаҳр набуд. Наход ҳеч имкон набуд, ки то бо дигар роҳ дастгир кунанд. Ё имконият набуд? Буд! Ин бемасъулиятии мақомотро нишон медиҳад. Соли 2012 террор буд. Ин навбат дар бинои милитсия ва идораи амният норинҷак андохтанд. Ин терроризм бояд беҷавоб намонад. Ҳодисаи 2012 низ то ба охир мавриди омӯзиш қарор нагирифт. Агар ин ҳодиса ҳам ба монанди соли 2012 муаллақ монад, чӣ мешавад? Ҷинояткор бояд ҷазо дода шавад. Қонуну қоида бояд ба назар гирифта шавад. Бояд бигӯянд, ки тибқи қонун мақомот кай ва чӣ ҳақ дорад, то аз силоҳ истифода кунад. Ҳар кас бояд масъулиятро бидонад.”
Мӯҳр
in bahona bud.dar kujoe ki in narkobaronu teroristonro dastgir ham mekardand in otashzani boyad meshud.inho plan kashidagi budand

mahmudjon
avval naqsha kashida burda vakily davlatiro S.husainiro zeri latu kub qaror dodand va pas dar ohiri taftishot guftand,ki hej gap nest mo tamoman namedonem ana aknun gired in korhoro hudi shumo nishon doded ba mardum.CHOH KAN ZERY CHOH hudo az i bad nakunad......... tojik,

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ ато мирхоча набод додихудоева инон як шахсятхои мансаб парастанд сухани ин тоифа мардум кадре надорад

Комёб Чалилов, Ойниҳол Бобоназарова, албата чинояткор чазои худро бояд бигирад! Дар бораи бемаъулиятии макомот ва заъфии Хукумат гуфтед, барои мардуми Хоруг (Мардуме ки дар даст ярок дорад) соли 2012 ибрат нашуд, ки холо хам дар даст ярок доранд. Наркобаронхову, силохбадастони Хоругро фаромуш кардед?! Ана ин террор аст! Аз навиштачоти чунин коршиносон шарм ва газабам меояд! Хамачиро аз як тараф нанависед.

ИЛХОМИ
Вокеан дуруст аст. Агар гунахкорон ба чавобгари кашида нашаванд боз такрор ба такрор рух медихад, ки ин барои оянда таъсири бад мерасонад. Хукумат бояд Хукумат бошад...

.
Фелалиев не, ФеЪлалиев будагист?

Хатлонӣ
"Офарин" Салимшо, рост гуфтӣ фақат гапу кори худат ва худатбаринҳо қадр дорад. Гапи олимон, шоирон ва дигар одамони барӯманди Бадахшон барои Шумо баринҳо қадр надорад. Мо месозему Шумо месӯзонед, ана фарҳангу нангу номуси Шумо.

Узви Бадахшон
Гумон мебаред ки мардуми Бадахшон аклашонро бохтаанду танхо чангу хунрезиашон мефорад? на, онхо тарафдори сулханд. Танхо ягона чизе ки ба чавонони бадахши аламовар аст ин омадани мансабдор аз дигар манотики Точикистон аст. магар дар Бадахшон афроде ёфт намешавад, ки аз ухдаи кори давлат барояд?. Шарт аст нафаре аз Кулоб ё Ванчу Дарвоз он чо рафтаву ба иззати нафси ин мардум расад. Ойнихол Бобоназарова рост мегуяд, "Агар мардуми Хоруғ хостори иваз кардани мансабдорони давлатӣ ҳастанд, ҳукумат бояд ин хоҳиши мардумро иҷро намояд.”

Давлатбек
Сад афсус, ки дар Бадахшони азизи ман, ки як вақтҳо аз ҷиҳати донишу фарҳангу таълим на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ СССР шӯҳрату мақоми баланд дошт, имрӯз гапи олиму сиёсатмадору шоиру донишманд қадр надоштасту, гапи Салимшову Алимшову Боқиршову Толибшо боқадр будаст. Бадахшони азизи ман ояндаат чи мешуда бошад бо ин Салимшоҳоят.

Гариб
АПАИ ОЙНИХОЛ .! САД % БО ШУМО МУВОФИКАМ ! ЗИНДА БОШЕНД !

Шогирдон
Афсус мехурем, ки Салимшо баринҳо номи тамоми мардуми шарифи Бадахшонро паст мезананд. Бадахшон олимони бузрург ва шинохтае дорад, ки бо онҳо дарТоҷикистон ва берун аз кишвар ҳам фахр мекунанд. Яке аз чунин олимони шинохта Акрамшо Фелалиев мебошанд, ки бо донишу фарҳанги баландаш шахси хоксору ҳалиму меҳрубон буда ягон бор мансабталошӣ ҳам накардааст. Ӯ чандин номзаду докторҳои илмро тайёр намудааст. Лекин ин Салимшо, агар номашро дуруст навишта бошад, чи хизмате ба мардум кардааст, ба ғайр аз иғвоандозиву ҷангу ҷанҷол ва мехоҳад, ки Бадахшони мо дар дасти худаш барин иғвогарон бошад. Не вақти Шумо баринҳо гузашт, биёед дигар моро дар назди мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон шарманда накунед. Бадахшон бояд дигар ҷои маводи мухаддир ва ҷангу ҷанҷол набошад.

zanja_23
Ман чигуна ором хоб равам вакте мешунавам ки дар рузи рушан дар маркази шахр шахрвандонро кормандони милиса терор мекунанд дар холеки онхо масулияти оромиро бар душ доранд новобаста аз онки онхо чинояткор хастанд ё не......!!!!!!!

Узви Бадахшон,
ooo hamai raisonu sardoroton az badaxshonanku.xair charo badaxshoniho dar kulobu dushanbe kor mekunand???az dushanbe hamasha bared ba pomir hamasha inho zik shudan.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)