Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон “фиктивный брак”-ро раво донист, ба шарте ки...

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии шинохта ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, “ақди сохта” ё “фиктивный брак”-и муҳоҷирони корӣ бо занону духтарони русро ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия раво хондааст.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли яке аз муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия дар торнамои Turajon.org гуфтааст, “аз сабаби зарур будани ин ақд барои ба даст овардани шиноснома ҷоиз аст.”

Аммо Тӯраҷонзода дар шарҳи гуфтаҳояш таъкид кардааст, бастани ақди сохта бо зани русе маънои онро надорад, ки ӯ дар никоҳи Шумо ворид шудаасту ҳамсаратон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон, барои пайравони дини Ислом кардани никоҳ шарт мебошад, чун ақд (загс)-и имрӯза, ба номи қонун оғоз мешавад ва дар шариати исломӣ муътабар нест: “Дар шариати Ислом никоҳ ва талоқи исломӣ муътабаранд.”

Ин фатвои Тӯраҷонзода дар ҳолест, ки ҳоло дар Русия бар асоси омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ ба сар мебаранд ва дар пайи пурзӯр шудани қавонини будубош дар қаламрави ин кишвар фаъолият ва пайдо кардани ҷойҳои корӣ хеле мушкил шудааст. Доштани шиносномаи Русия барои муҳоҷирони корӣ дар ҳама соҳа аз манфиат холӣ набуда, ҳангоми қабул ба кору муайян кардани музди меҳнат афзалиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, бархе аз муҳоҷирони корӣ бо духтарону занони рус “ақди сохта” карда, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия талош мекунанд.
Мӯҳр
Мухаммад
Яъне бо дуруг мушкилро хал кардан? инро мехохад дини ислом? Ислом ба дуруг ниёз надорад мухтарам домулло.

Фазлия
хехе мулло! хамин 4 мардаке ки дар Точикистон дорем бо ин фатвои шумо рафта русхоро гиранд мо занони точик баъд чи кор мекунем? рахмат барои ёфтани "рохи халли" масъала. ана боз мегуянд, ки занони точик бероха шуданд ё бо хитои хонадор шуданд.
хамон конунхои кухнаро монда 1 бор бо щууру акли худ фикр кунед, ки имруз занони точик дар чи хол хастанд ва баъд фатво дихед.

Dev
Zarur boshad ravo boshad , chi gufted domullo. Afti kor hudaton ham hudam barin sohtakored lol

Самандар
Ин эшонхои сохта ба хамаи чиз фатво медиханд, агар кор ба манфиати худашон бошад...

Дар кадом асос ва бо ваколати ки ва ё кадом макомоти дини, ин 3 нафар муллои оилаи Турачонзодахо ба души худ тарзи халли тамоми масъалахои дини, ичтимои, сийси, ахлоки ва шахрвандии мусулмонониро ба душ гирифта «фатво» медиханд. Ба хар чизе, ки онхо мегуянд бояд илова кунанд, ки он фикри шахсии онхо. Аммо онхо худро чун «халифахо» мегиранду хар гуфтахояшонро хамчун конуни ногузузури дин пешкаш мекунанд.

assalamu alaikum.
boboi eshon rost mega dar injo kori halol nest ki oilaatro ba on 300-500 som bikhuroni.man shakhsan roziam bo chunin fatwo.ammo jawononi mo Insho Olloh benomus nestand ki oilaashonro faromush kunand.ba tamomi jawonon komyobihoro Khohonam az Khudowand.

Мухочир
Мухаммад ва Фазлия, барои фахмидан ва дарк намудани чунин фатво шумо фарсаххо дур хастед аз Ислом, чунки агар ошно мебудед ин гуна шарх наменавистед. Комеб бошед!

хамин фиктивний брак шабехи сигаи ахли шиа дар Эрон аст, ки бо номи "зинои расми-давлати" маъмул мебошад. Ба назар мерасад, ки домулло назарияи хамин мазхабро волотар медонанд................................

Далер
Лекин домулло ин дафа гузарондед. Дуруг гуфтан харом аст, дар кадом шакле, ки набошад. Наход Шумо ин гуна фатво дихед? Оиладори ин як чизи мукаддас аст ва бояд издивоч танхо барои барпои оила шавад, на барои дуруггуиву максадхои дуняви. Э кош ин хабар тамоман намебуромад. Фарде, ки имруз ягон дуругро раво дид, фардо ягон дуруги дигарро раво мебинад!

hoooyyyyy chalamullo be nikoh zani rus zan hisob nameshudast znachit zino hisobida meshavadzani rus ki akd kard zindagi mehohad...zindagii be nikoh...kudaki haromi...digar barnagashtan ba vatan...zani tojik...hamai korro ana hamin mulloho harom kardaand

Ба шархнависон
Бисери шарххои шуморо мехонаму як хикояро ба ед овардам. Фаромуш кардам дар кадом давра буд. Як шахс бо хамрохии писараш аз 4 деха убур мекунанд. Дар якум деха падару писар болои маркаб савор мегузаранд, ки мардуми деха мегуянд ин беинсофора нигох кунед хари бечорара харду савор шуданд. Дар дехаи дуввум падар савор писар пиеда-мардум мегуянд, ин падари чохил худаш савору писари хурдаш пиеда. Дар дехаи саввум писар савору падар пиеда-мегуянд писари ахмака бин падар пиеда хасту худаш савор. Дехаи чорум харду пиеда хастанд, ки мардум мегуянд, ин беаклора бин харду пиеда рафтаистодаанду ба хар савор намешаванд. Бинобар ин агар ин домулло чи гунае сухан накунад, албатта эрод мегиреду таъна мезанед, чунки дар хуни мардуми мусалмони мо ин хислат аз даврахои пеш омадааст ва гум намешавад. Мо точикон факат хамин хунарро дорему халос. Худованд мову шумора хидоят кунад.

Домулло Махмудчон яке аз бехтарин олими фикху хадис дар Точикистон ба хисоб меравад. Зинда бошед Устод.

Эй кош хангоми додани ин гуна фаово намегуфтанд ки эшони Махмуд(аз номи ислом).-Ва мегуфтанд, ки шиае ин фатоворо додааст.чунки дар ягон чое аз акидаи Ахли суннат"-ичозаи дуруг гуфтан наомадааст.Балки акидаи ахли Шиа аст, ки дуруг бар куфор чоиз аст.Дигар, ин ки дар бастани Акди Никох (ЗАГС)-Шумо чи тавр бо зани номахрами Рус якчоя ба идораи Загс рафта бо ду шохиди дигар дастчамона ДУРУГ мегуед?-Инчунин эшони Махмуд фатовояшро бо кадом далел Асоснок кардааст???-Охирсухан:"Аллох мову шумо кормандони рузнома ва хонандагони боимони точикро ба рохи РОСТ-хидоят кунад...

ЭШОН
Мухаммад - хайфи номат, Фазлия - хайфи номат, Самандар, Нозим, Зафар, Далер, Фируза шумо худ медонед ки чи гуфта истодаед? Якумаш ин ки бо зани рус никох кардан харм нест, равост. Дуюмаш ин ки агар шумо гами мухочиронро мехурдеду худфикр намебудед, дигар хел гап мезадед. Зеро он касе, ки гражданствои Россифро надорад эхтимолияти депорт шуданаш зиёд аст ва дар акчари чойхо бе гражданство ба кор кабул намекунанд.
Хамаи шумо ин шахс ки буданашонро аз расонахо неву аз наздик бинед, баъд мефахмед ки ин кас чи шахси муътабар аст. Вой бар холи шумо барин нобинохо!

haqgu
salom barodaronu khoharon un ulamo chi fatvoye medihand ba foydai khalqu milatast va tibqi qonuni shariatast az besavodiyu jaholatton olimora sang nazaned ki zarari joni khudtonay ey apai firuzavu fazliya agar tarsed ki shavharoton zani rusi megirandu digar nameoyand ba yak dahan nuni qoq qanoat kunedu shavharotona ba rasiya nafiristed agar uta ghayrati gap zadan doshta boshed rafta ba emomali rahmon gued ki marduma ba joi kor tamin kunad ki mardhoi bechora rafta dar muhojirat azob nakashand

dar injo hama mulo shudayku ay turajonzodahoda xdshona bosavod megiran ammo dar asl yak araknushi benamoz astu xudashro dono girifta mexohand turajonzodahoro siyoh kunand oxir on mardako ilm dorandu fatvo medihand misli tubarin benamozu alkash nestand shumoboshed az kafoi eshono siyoh karda gashted baroi 4 tanga oxir onkadar savod doshtaboshed dalel biyoredki xato ast hamin fatvo marhamat bo huzuri ruznomanigoron rafta bahs kuned to moham fahmem hakikatro onkadarki shumo bosavod boshed ammo medonam in studiyai javob ast hamon laganbardoron

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)