Бахшҳо

Салими Аюбзод: “Сел намехезад, балки меояд ё мезанад”

Салими АЮБЗОД

Чанде пеш як намояндаи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбати телевизионӣ роҷеъ ба селу обхезӣ дар кишвар мехост, бигӯяд, “борон зиёд борид” ё “бориш зиёд шуд”, вале ғалатеро, ки шояд аз касе омӯхта буд, батакрор ба забон овард: “боришот зиёд бориданд”, “боришот бориданд”.

“Бориш” вожаи ноби тоҷикист ва акнун зӯракӣ ба он пайвандаки ҷамъбандии арабии “от”-ро часпондаанд. Ба ин шева шояд рӯзе “варзишот” ва “ҷаҳишот” ҳам пайдо шаванд. Интизори ман ин буд, ки корманди телевизион ҳамчун як донандаи забон ва журналисти собиқадор ин иштибоҳи ҳамсӯҳбаташро ислоҳ мекунад, аммо ҳайҳот, пас аз лаҳзае вай худаш ба “боришот бориданд”-гӯӣ сар кард. На танҳо ба гӯш, балки ба чашмони худ бовар намекардам…

Шояд “камол”-и ҳамнишин ба ӯ асар кард? Дертар, пас аз сайре дар сомонаҳо ва нашрияҳо донистам, ки “боришот” кайҳост, дар забони бисёре аз журналистони мо маъмул шудааст ва ин айби корманди технократи Маркази ҳавошиносӣ не, балки айби мо, журналистон, аст, ки ин ғалатро ба мардуми худ омӯзондаем.

Дар омади гап, айни чизро метавон дар ҳаққи вожаи нави “селхезӣ” низ гуфт. Касе мехост, обхезӣ бигӯяд, аммо ё калима ба ёдаш наомад, ё аз куҷое шунида буд, ки “селхезӣ” гуфт ва яке аз паси дигар ҳама ба “селхезӣ” дилу забон бастанд. Сел намехезад, балки меояд ё мезанад. Мардум мегӯянд “сел зад”, “сел омад”, “сел шуст”, “сел бурд”, “сел овард”, аммо касе “сел хест” намегӯяд. Сел дар ҳоли хоб нест, ки хезад. (Дар бораи ғалати дигар – “сел борид” нигаред ба пажӯҳиши устод Муҳаммадҷон Шакурӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, Душанбе, 2005, саҳ. 36.)

Ба наздикӣ як нафар бисёр талош кард, ҷамъбандии арабиро ба вожаи дигари тоҷикӣ — “пешниҳод” низ бичаспонад. Гаштаю баргашта “пешниҳодот” гуфтан, мумкин аст дар ояндаи наздик ин орзуи ғалатро низ ҷомаи амал пӯшонад ва на танҳо “пешниҳодот” ҷой афтад, балки “пешниҳодотҳо” ҳам урф шавад.

Магар пайвандакҳои ҷамъбандии “ҳо”, “он”, “вон” ва “гон”-и тоҷикиро чӣ шудааст, ки мардум дар гуфтор ва навиштор ҳарчӣ бештар ба ҷамъбандиҳои арабӣ рӯ меоранд? Чаро моли худро мондаву аз дигарон вом мегирем? Чаро ба забони модарӣ хиёнат мекунем?

Нафари дигар дар мусоҳибаи радиоӣ ҳар сари чанд ҷумла вожаи “назариётҳо”-ро ба кор мебурд. Боре “тадорукотҳо” низ садо дода буд. Сабабаш табиист, зеро пайвандакҳои бегона маънои барои гӯянда зарурро намедиҳанд ва ӯ ин норасоиро ҳис кардаву ба калима як ҷамъбандии дигар низ ҳамроҳ мекунад, ки ғалат андар ғалат ва узри бадтар аз гуноҳ аст. Ягона роҳи наҷот аз чунин ғалатҳо парҳези пурра аз корбурди ҷамъбандиҳои арабист.

Албатта, намешавад ҳамаи онҳоро аз забон берун ронд, зеро бахши бузурге аз ҷамъбандиҳои арабӣ дар забони мо хеле маҳкам ҷобаҷо шудаанд ва он ҳам дар натиҷаи мӯди рӯз ё одатҳое, ки як муддат дар ҷомеаи қаламкашон иштибоҳан ва аз бесаводӣ бартарӣ пайдо мекунанд ва сипас бахши калони онҳо боз фаромӯш мегардад.

Ҳамин гуна, то солҳои 1920 дар забони мо ҷамъбандии арабӣ мақоми асосӣ доштааст. Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” овардаанд, ки маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб” аз нигорандагони худ хостааст, аз истифодаи калимаҳои ношиноси арабӣ худдорӣ кунанд ва низ калимаҳои форсиро ба қоидаҳои арабӣ ҷамъ набанданд. “Яъне ба ҷои “фаромин”– “фармонҳо”, “ҳозирин” — “ҳозирон”, “навиштаҷот” — “навиштаҳо”, “макотиб” — “мактабҳо”, “шуъаро” — “шоирон” ва мисли инҳо” нависанд. (“Шӯълаи инқилоб”, 1919, рақами 20, саҳ. 1)

Дар ҳоле ки корбурди ҷамъбандиҳои арабӣ як муддат ҷиддан коҳиш ёфт, ҳоло мисли ин ки давраи нави мӯди он сар шудааст. Бархе аз қаламкашон фикр мекунанд, ки ин калимаҳои ҳатто барои худашон нофаҳмо ё начандон фаҳмо, босаводии онҳоро нишон медиҳад. Ҳама ҷо пур аз “асомӣ”, “мазомин”, “масориф” ва монанди инҳо шудааст.

Ҳамин гуна давраи шукуфоии ҷамъбандии дигари арабӣ “ин” низ расидааст. “Муҳассилин, мухолифин, муҳоҷирин, мунофиқин, масъулин…” Шояд барои гӯш ва вазни сухан хушсадост, аммо тоҷикӣ нест. Ба гӯши ман, шахсан, “масъулон” ё “мухолифон” хуштар аст. Аз чӣ бошад, “масъулин” маро ба ёди беморон ва доруи “инсулин” мекашонад.

Бояд бозистод, то рӯзе вожаҳои “донишмандин”, “кормандин” ва ё “пизишкин”-у “беморин”-ро ҳам нашунавему нахонем. Ба хотири гиромидошти забони модарӣ.

Ба гуфтаи устод Шакурӣ, қаламкашон набояд ин равандро вусъат диҳанд, зеро ҷамъбандиҳои арабӣ дар забони халқ камтарин ҷойгоҳро доранд ва агар мо забонро аз соҳибонаш ҷудо ва дур карданӣ набошем, бояд аз ҷамъбандиҳои душвори арабӣ ва куллан корбурди вожаҳои бегона то ҷое, ки метавонем, парҳез кунем.

(Аз саҳифаи "Дуруст бинависем")
Мӯҳр
.
Шумо ба ки дарси забони точики меомузонед? Кисми зиеди журналистони давлати забони точикии худашонро доранд.

Мухтарам Салими Аюбзод! Худоба шукр, ки дар ин 23сол дар калимахои точики пайвандакхои араби омадааст . Агар ба чои ин калимахои араби калимахои "узбаки ё лакайи" меомад мо чи кор мекардем?. .,

Салом
Аввал ман ба хамин сохиби макола мегуям, ки агар онкадар дилсузи журналистонед мархамат кумитаи тел ва радио барои хамкори бо шумо омодааст, ки чавононе, ки иштибох талафуз мекунанду иштибох менависанд ислох кунед. Дигар ин ки мебахшед шумобарин ислохкунандахои забон мардуми точикро садсолахо окиб мондаву бесавод кардед! ба мисли С. Айники хати форсиро ба хати крилики баргардонид, ки имурз аксарияти мардуми Точикистон наметавонанд, китобхои донишмандонро хонанд яъне "Саъдиву, Бкдилу, Хофизу, Руми ба монданди инхо садхо каси дигаро"! аз сабабе, ки хати форсиро хонда наметавонанд! мебахшед мардуми Айни дустдор сахтатон нарасад! баъзехо мегуянд, ки агар Айни хамин коро намекард миллати точикро хеч кас намешинохт. ман сад дар сад розинестам чаро ки Афгонистонро бо хамин забон мешиносанд Эронро бо хамин хати форси мешиносанд точиконро намешинохтанд?! Кумитаи истилохоти забон хам соли гузашта харфи у-и дарозро аз чандчои навишти калимахо бардошта буд аммо баъди раиси нави Кумитаи забон харфи у-и дароз баркарор карда шуд! Анна шумо донишмандони забондоне ба мардум чи гуна хизмати хирсона мекунед!!!! бигзор арабист ё точики мухим чумла фахмо бошад гап задан гирад. хамон калимахое, ки шумо барин забон ислохкуно дар китобхои имруза ворид кардаед ба чуз худатон хеч кас мазмунашро намефахмад!!! Ба монанди фарханги точики баровардагитон!!!

Хуб гуфтед. Хохиш мекунам, ба вожаи муд, ки аз калимаи русии модда аст, "у" -и дароз нагзоред.Галати фахш аст.

Далер
Бародар Имруз рост мегуяд. Коидаи забон бояд барои хама як хел бошад. Ва махсус барои журналистон. Забонро шумо олуда мекунед, пас мардум аз кучо забони ноби точики омузад. Чавонон мегарданд баъд "бхе", "бши", "тра", "бра" гуфта. Гардани худ буй кунем.

Хамааш хубу лекин “ҳо”, “он”, “вон” ва “гон” пайвандак нестанд, инхо пасванд (суффикс) мебошанд. Пайвандак хиссаи нутк аст ва вазифаи чамъбанди надорад. Дар бораи иштибох навиштану худ ба иштибохи чидди рох додан хуб нест. "Озодагон" лутфан чоп кунед.

Устод Аюбзод, ин падида кайхост кабул аст ва ба ислох зарур надорад. Ишора ба ин дар китобхои дарси хам хаст. Масалан, САБЗАВОТ мегуем, САБЗАХО не. Боришот хам модоме дар забон шиштаст, хамчун истисно кабул мешавад. Хама забонхо истиснохо доранд. Ба дигар гуфтахо эрод надорам.

Филолог, Дар хошияи гуфтахои Шумо (Филолог) мешавад иштихоби дигарро низ илова кард.
Дар чои "сел мезанад" бехтар аст, ки "сел мешуяд" бошад. Зеро таркиби "шустан" задан низ дорад, аммо таркиби на хама заданхо "шустан" дорад...

Точикак
боришот кайхост, ки дар забони гуфтугуии мардум чой дорад, албатта ба шакли танхо яъне "боришоти зиёд шуд", ва ин боришот борид як хандахарше беш нест. телевизиони точик кайхост ки оинаи забони точик нест!!!!

Dev
Эмомали,
Azizam , avval in ki kalimai "modda"-i meguftaaton rusi nest. "Mode" ki fransuzho ba hubi dar asri 17 istifoda kardan , dar asl az kalimai lotinii "Modus" girifta shudaast. Olmoniho niz Mode meguyand.Fikr mekunam hele hubu rohat ,ki mo in kalimaro bo "u"-i daroz menavisem, agar ne hudaton hub medoned,ki kalimai modda jo ki moda-i rusho ba tojiki kujo mebarad!
Салом,
Shumo bovar dored,ki Ajni kudrati hativazkuni dosht ? Hamun hatti forsii meguftaaton niz hatti porsho nest, vale chun tuti ( bo "U"-i daroz honed, kajfiyati ajoib dorad) ba nodoniamon Ajniro gunahkor donistan ...ablahist ! Holo hamun "hatti forsii" meguftaatonro dar dabiston meomuzonand va albatta on ruz dur nest,ki mo tojikon "sohibi" du hat megardem.

точик
Вакте, ки забони мо ба дасти... афтид шумо чиро интизоред? Инхо хатто Айниро эътироф намекунанд. Бузургони мо ба чашми инхо мисли хоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)