Ҷалби аудиторон ба мубориза бо пулшӯӣ ва терроризм
Парлумони Тоҷикистон барои аз байн бурдани пулшӯйӣ ва маблағгузории терорризм, имрӯз, 30-юми май ба қонун “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” тағйиру иловаҳо ворид намуд.
Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ки тағйирти мазкур бо дарназардошти тавсияҳои Гӯрӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) ворид карда мешавад: “Мақсади ин чорабиниҳо баланд бардоштани низоми миллии муқовимат барои шустани пул ва мубриза бо тероризм мебошад. Дар яке аз талаботи байналмиллалӣ диқати махсус ба он равона шудааст, ки ширкатҳои аудиторӣ ва шахсони инфиродии ба аудит машғулбуда бояд аз амалиёти шубҳанок, ки метавонад ба маблағгузории терроризм равона шуда бошад, ба мақомоти дахлдор иттилоъ диҳанд.”
Ҷамшед Юсуфиён гуфт, ки лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, то Тоҷикистон дар феҳрастҳои хориҷӣ мақоми худро дигар кунад. Ӯ афзуд, ки кишвари мо минбаъд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мубориза бо пулшӯиро дар кишвар густариш медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |