Бахшҳо

Имзои протокол дар Хоруғ ва тақдири норӯшани эътирозгарон

Рӯзи 31 май дар пайи имзои протоколе миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ аз 9 талаби эътирозгарон 8-тои он пазируфта шудааст.

Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахашон ва намояндаи эътирозгарон, гуфт, талаби онҳо дар бораи авфи иштирокдорони беназмиҳои 21 майи соли ҷорӣ то ҳол мавриди омӯзиши намояндагони ҳукумат қарор дорад. Дар пайи тирпаронии рӯзи 21 май дар Хоруғ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоста буданд, раҳбарони раёсати умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу вилояти Бадахшон барканор гарданд.

Онҳо, инчунин, гуфта буданд, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Бадахшон зери унвони “Дар бораи вазъи Бадахшон” даъват шуда, натиҷаи кори кумисюни муштарак бояд ба раисиҷумҳур ва ҳукумат пешниҳод гардад ва дар тамоми расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардад. “Аз сабаби пароканда будани гирдиҳамоӣ аз ҳукумати Хоруғ даъват мешавад, барои қонунӣ шумурдани он мусоидат ва иштирокдоронашро аз масъулият озод кунад”,-таъкид шуда буд дар номаи ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ.

Намояндагони ҳукумат:
Шералӣ Хайруллоев – ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ;
Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилӣ;
Шодихон Ҷамшедов – раиси вилояти Бадахшон;
Фаромуз Имомназаров – раиси шаҳри Хоруғ;
Сӯҳроб Паноев – ноиби раиси Кумитаи амнияти миллӣ;
Холбаш Холбашев – фармондеҳи сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон;
Абдулло Навҷувонов – муовини вазири умури дохилӣ;
Ғарибшо Сӯфишоев – намояндаи Вазорати тандурустӣ.


Намояндаи эътирозгарон:
Музаффар Давлатмиров – халифа;
Фаромуз Эргашов – ҳуқуқдон;
Мамадбоқир Мамадбоқиров – намояндаи Шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло;
Толиб Айёмбеков – раиси Шӯрои маҳаллаи “Хлебзавод”;
Зоир Раҷабов – намояндаи ҷамоати УПД; Ёғибек Ёғибеков – намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ;
Алим Шерзамонов – раиси ҲСДТ дар Бадахшон;
Улфатхонум Мамадшоева – раҳбари созмони “Номус ва Инсоф”.


Дар ҳодисаи тирпаронии 21 май дар маркази Хоруғ панҷ нафар ҷон бохта, чандин тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, ин амалиёти махсус барои боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир буд.
Мӯҳр
Ҳақиқатгӯ
Агар ин дофи дига ҷинояткорон ва ташкилкунандагон авф шаван, бори дига кори аз ин бадтара менанд, ҳиҷ мумкин не авфи онҳо, охи Қонун барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азизи мо якай, бо тамоми нозукиҳои Қонун бояд ҷавоб гӯянд, Сад афсус, ки номи Бадахшона дар тамоми дунё шарманда карданд.

Салимшо
Намедонам Ҳақиқатгӯ бародарӣ ва ё хоҳарӣ, лекин гуфтагиҳоят сад фоиз дурустанд. Ташкилкунандагон ва иҷрочиёни ин бенизомиҳо ва оташзаниҳо бояд бе чуну чаро ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бетартибиҳои соли 2008 авф, соли 2о12 авф, ҳозир ҳам авф мӣ, ҳеҷ гоҳ.

Салим
Касе ки бинохои хукуматиро сузонидааст ХАТМАН бояд ба чавобгарй кашида шавад, чунки ин бинохо аз хисоби ХАЛК (маблагхои бучавй) сохта шудаанд ва ин карат хам аз хисоби ХАЛК сохта мешаванд! Барои чи хар як авбош аз беназмихо истифода бурда бинохоро сузонаду халк чуброн кунад?????

Махмадбокиру Толиб, инхо худашон чинояткораанд, чи бо онхо гуфтушунид кард. То ин категория одамон аст, Помир тинч намешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)