Бахшҳо

Дастгир шудани 10 нафар ба иттиҳоми куштори хонандаи синфи 11

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 30 майи соли ҷорӣ бар асари муноқиша миёни мактаббачагон дар Душанбе хонандаи синфи 11-и мактаби 66-и пойтахт ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора нахуст ба мақомти пулис Шамсиддин Зарифов, сокини 57-солаи Душанбе, муроҷиат кардааст.

Оқои Зарифов дар муроҷиати худ гуфтааст, соати ҳашти шоми 30 май дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт шахсони номаълум писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро зери лату кӯб қарор дода, сипас бо олоти буранда ба ӯ дар қисми шикамаш ҷароҳат расонидаанду аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Дар натиҷа, писари ноболиғаш аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-мегӯянд мақомоти ВКД. Ба қавли онҳо, рӯзи 31 май гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ин қазия нӯҳ нафар ноболиғи 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванд Баҳрулло Асоев (соли таваллудаш 1995)-ро дастгир кардаанд: "Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад."

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда, афзуданд, феълан дар робита ба ин қазия бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ ҷаласаи изтирорӣ давом дорад, ки аз натиҷаҳои он хабар дода хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ин мактаби 54 аз худ рафтааст. Корашон факат пулчамъкуни ва дар назди падару модарон худнамои аст. Директори мактаб худро одами бовичдон нишон медихаду аз муаллимон "доля" мегирад. Дар ин шабу руз кори онхо ситонидани 50 сомони барои мохона, 50 сомонии дигар барои таъмири синф ва 30 сомони барои супоридани имтихонхо аст.Яъне аз хар як талаба 130 сомони барои мохи май. Дар ин мактаб зиёда аз 1500 талаба дарс мехонад.Хисобашро ёбед......... Кани коррупция?????

ин кишлокихои баъди соли 90ум шахр омада сагерахоро таваллуд карданд ва дар хунашон ки хисси бадбинию бахили хеле чой дорад муаллимон ва на танхо он дигаронро низ пулгирак кардаанд.окибаташ ана хамин аст.

л
кишлоки,

Рост гупти.

Сармад
Хадамотхои махсуси давлати ин чангу чанчолхои наврасони мактаббачагонро як омили кудакона напиндоред.Тайи чанд сол хаст.ки ин амал дар мактабхои шахрхои калон идома дорад ва хосатан дар пойтахт.Фикр мекунам,ки инчо омилхои махалчиги,ки онро хадамотхои чосусии хоричи равнак мебахшанд дасти пурзур доранд.Ин омил бошад миллатро пора-пора карда истодааст.Таъчилан чорахои бехатари бояд андешида шавад.

Ин вокеа соати тахминан 01 шаб рух додааст. вале ягон кас наперсудад кучо падару модарашон нигох мекунанд, чи кор мекарданд дар вакти шабона??? Барои он ки падару модарашон хамин хел бемаъни мебошанд, на тарбия на маданият надоранд. Аз макомоти корхои дохили хохиш дорам , ки хар бегони дар кучахои махалла (дар дворхои 91 мкр) гарданду кудакои майдаро ва чавон писаронро ба расидани торики ба хонояшон равона кунанд!!! БАС ИНОРО САБР КАРДАН!

Али
Пеш аз ин дар дигар макола хондем, ки Додситони Нохияи И. Сомони ду падару модарро барои он ки писарони онхоро аз даруни масчид соати 22 капиданд чарима баста шуданд..... дигар чи чои гап аст, то 18 сола масчид рафтан манъ аст дигар чи кор кунанд то соати 1 шаб дар кучахо гаштан ва якдигарро корд задан ин конунхои хозираи ЧТ

Агар ин мамлакати дар хакикат Демократи ва Дуняви мебуд акалан расиси нохия ба истеъфо мерафт мо хозир Раиси Шахр, Сарвазир ва Раиси Чумхурира намегуем

Чавоб ба Кишлоки-----
Салом....Дигаронро кишлоки гуфта садо баланд мекуни, магар худатро шахри хисоб мекуни? Хайф ки аз кишлокихои гуфтагиат ( намедонам чиро дар назар дори кишлоки гуфта) хазорхо маротиба пастар хастиву бехтар не бо ин тарзи суханрониат... Агар хамаи шахрихо "ТУ" барин ин кадар озодона калимаи " сагераро" истифода кунанд, хамун кишлокихо хазор маротиба аз тубаринхо бехтаранду кам не...Маълум мешавад, ки як хисси бадбини дар вучудат лона сохтааст....ва инро дониста бош ки аз чунин шахсони чун ТУ чунин фарзандони бадахлок ба дуне меояд на аз кишлокихо...Хуб мешуд аз ин гапхои пучу холи дида дар хакашон дуои нек куни ки то дар оянда росткавлу ростандешу ба рохи рост мувафак бошанд...Худо чойи ин бародари чавонмаргамонро бихишт гардонад ва сабру токатро дар дили ахли оилаашон ато кунад..Омин

ба хакгуй. калимаи сагера ин калимаи маъмулии хамкишлокихои туст. онхо мутаассифона гуфтугуи шахрихоро намедонанд агарчанде мактаб мераванду меоянд. ва он унсурхои номатлуб ки дар макотиби шахр рух медихъад аз дасти хамкишлокихои туст, ки ин кадар бо калимаи кишлоки девона шудаи. чаро аз калимаи кишлоки девона мешавед магар ин барои ту хакорат аст ? кишлокиро кишлоки ва шахриро шахри мегуянд агарчанде боиси таассуф аст ки дар шахри ман 99 фоиз аз хамкишлокихои туст. хуб мешуд агар онхо дехоти худашонро обод кардаву фарзандонашонро дар рухияи мехнатдусти тарбия мекарданд.

Салом ба кормандони радиои Озоди ман мехостам аввал бигуям он чинояткоре, ки бегунох ба куштор даст мезанад ва бо кадом алам ба куштор даст мезанад инхел чинояткорона хукми парон дихетонам ба фикрам хато намекунам, ва ман мехохам хамеша дар Точикистони азизамон тинчиву ороми ва сулху сулхдусти бошад! Он чинояткороне, ки даст ба куштор мезананд онхоро падару модарашон таваллуд карда ба кучахо сар медиханд агар он нафаре, ки фарзанд дошта бошад фарзандотона тарбияи хуб дихетон илтимос мо точико бояд номи Точикистони азизамона баланд бардорем ва номи Эмомали Рахмонро хам баланд бардорем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)