Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:05

Қирғизистон: 4 соли ҳукми зиндони як шаҳрванди Амрико

3 июн 2014, 11:12

Брандон Горнелиус, як шаҳрванди Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Бишкек чор сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Додгоҳи ноҳияи Свердлови пойтахти Қирғизистон ин амрикоии 29-соларо дар авбошӣ муҷрим шинохтааст.

Горнелиус корманди пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи байналмиллалии Манас буда, моҳи март барои ҳамла ва таҳқири афсари пулиси Қирғизистон боздошт шуд. Афсари пулис мехост, барои шикояти як зани маҳаллии қирғиз Горнелиусро бозпурсӣ кунад. Зан шаҳрванди Амрикоро бо он муттаҳам мекард, ки бар ивази маблағ мехостааст бо ӯ амали шаҳвонӣ анҷом диҳад.

Ба иттилои пулиси Қирғизистон, Горнелиуси сархуш мизи пулисро шикаста, пагони пулисро меканад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!