Бахшҳо

Шукрона: "Аз тарс ҳиҷобамро гирифта, сӯзанро дар даҳонам гузоштам, ки... ба меъдаам рафт" (ВИДЕО)

Шукрона Давлатова, хонандаи синфи панҷуми мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, аз тарси он ки муаллима озораш надиҳад, пеш аз дохили синфхона шудан рӯсарии худро аз сар гирифта, сӯзани онро дар даҳонаш гузоштааст, ки баъдан ба меъдаш рафтааст.

Ҳоло Шукрона ҳамроҳи модари худ дар бемористони Қарияи Болои Душанбест ва табибон талош мекунанд, ӯро муоина карда, сӯзанро аз меъдааш берун оранд. Шаҳло Раҳимова, модари Шукрона, рӯзи 3 июн дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса як ҳафтаи пеш иттифоқ уфтода, то кунун дар маркази “Нурафзо” духтарашро шаш бор муоина кардаанд. Ба қавли Раҳимова, шабҳо духтари наврасаш бо ранҷи зиёд хоб меравад ва шикоят мекунад, ки сӯзан меъдаашро сӯрох менамояд.



Худи Шукрона дар як сӯҳбати видеоӣ нақл кард, ки “вақте дар долони мактаб будем, муаллима Иброҳимова ҷанг кард, ки сатратро гир. Майлаш гуфтам. Аз муаллима тарсида, рӯсариро гирифтаву сӯзанро дар даҳонам монда, ногаҳон туфамро фурӯ бурдам, ки сӯзан ҳам рафт.” Шукрона мегӯяд, омӯзгорон намегузоранд, ки онҳо бо сатр дар дарсҳо ҳозир шаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, аҳли хонаводаашон ӯро бидуни сатр ба мактаб гусел намекунанд. “Мулалима мегӯяд, ба пеши мактаб расидед, сатрҳоятонро гиред. Ба ҷояш лентача кунед, ки директор бинад, ҷанг мекунад”,-мегӯяд ӯ.

Модари Шукрона мегӯяд, то ҳол дар ин бора ба ягон ниҳод муроҷиат накарда, барои муоинаи духтараш бештар аз дусад сомонӣ харҷ кардааст. Аз рӯи нақли ӯ, хонаводаи онҳо миёнаҳолона зиндагӣ мекунанд ва ҳоло барои идомаи табобати духтараш маблағи кофӣ надоранд. Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз корбарони Фейсбук барои ёрӣ ба Шукрона Давлатова пешниҳоди ҷамъоварии маблағро кардаанд. Худи Шукрона ва модараш ҳисоби бонкӣ надоранд ва корбарон мегӯянд, мумкин аст, онро тавассути ҳисоби бонкии як одами боварнок ҷамъоварӣ ва сипас дастраси ин духтари мактабхони ҳиҷобдор ва хонаводаи ӯ кунанд.



Холбозор Пӯлодов, табиби Қарияи Боло, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, хонаводаи Шукрона ба онҳо 29 май муроҷиат кардаанд. “Ҳангоми навбатдории мо омада гуфтанд, ки духтар сӯзан хӯрда, як рӯз ба ҳеч кас нагуфтааст. Ин сӯзани борик буда, халанда нест. Он вақт дар рӯдаи борик буд. Мо назоарт кардем, ягон шикояти дард набуд. Гуфтанд, ки шароит нест ва пагоҳ меоем. Вақте пагоҳаш омаданд, сӯзан ба рӯдаи ғафс гузаштааст. Дирӯз ба бахши рентгенӣ омаданд, дидем, ки сӯзан нест. Барои ҳамин, ҳоло бояд ба таврик омил муоина карда, бовар ҳосил намоем, ки сӯзан ҳанӯз ҳам дар меъда ҳаст, ё не. Агар бошад, он халанда нест, фақат бояд назорат кунем. Дар ғайри сурат ҷарроҳӣ хоҳад шуд”,-гуфт Пӯлодов.

Чанд сол пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон низоми либоси ягона (униформ) ва ё формаи мактабиро ҷорӣ кард, ки бар асоси он бо сатр ё рӯсарӣ ҳозир шудан дар таълимгоҳҳо, яъне мактабҳои миёнаву донишгоҳҳо, мамнуъст. Омӯзгорон аз толибаҳо ва донишҷӯён тақозо мекунанд, ки ҳамеша бо либоси ягона ба дарсҳо оянд.
Мӯҳр
Шоди
журналистон шумо хам аз муфатишон гузаронидед..бовар кунед хамин духтарак аз хамин сатр сад безор аст.. у бояд холо хонад ..руймол хаст ку мисли модарон ба сар андозад биояд макатб бихонад дарсашро . мебинам сатр холо як имидж шудааст. шояд зиед касон зиди гуфтахои ман бароянд..дишаб дидам ки ду духтари точик сатр ва куртахои дароз пушида дар рох баромадаанд..чанд руз пеш дидам боги Ирам дидам ки чанд духтари сатрпуш дар зери дарахтон бо дустписаронашон бусобуси доранд..ин амалро харуза дар кучахои шахр мушохида кардан мумкин ..пас ин сатрпуши ба чи хотир аст ..магар ин имидж аст е ислом е чизи дигар ...

БА ЧУЗ АЛЛОХ АЗ ХЕЧ КАС НАБОЯД ТАРСИД !

Абдукарим
Шоди,
Рав духтарат, модарат ва хамсаратро руймоли ба кавл точикона пушон! Кори ту чист ба хохарони Исломи? Рав бо хамон рохи пешгирифтаат ва урфу одати падару бобохоят...

Умед
биёед хамин намоишномахоятонро бас кунед. кудакони бечораро бо хамин русарихо озор надихеду дилхои худатонро аз кину бухлу бахили пок кунед ва ба Худо бо дили софу чашмони бегаш нигох кунед. руятонро бо русари пинхон мекунед, вале нафси бетагатонро чи рупуш мекунад.

Шоди
Умед ба гуфтахои худат мувофикам .. Хафт шахри ишкро Аттор гашт , Мо хануз андар хами як кучаем... ин мардум аз таги фукшон кай дуртарро мебинанд..хичоб , хичоб дигар гап нест чи , ки манъ кардааст хичобпуширо . намешавад ки ба чои хамин як ихитроъ кунанд , як иктисодро рушд диханд..

umed
kudakoni be4oraro ki azob dodaast? magar hamin kudak az dasti muallimaash ba hamin hol giriftor nashud? 4aro gunohi xudro ba digaron bor mekuned demakatiya broi 4ist? kase 4ixele mexohad gardad 4ikordorand ba rusarii duxtaronu ba rishu ba inu on in gapeki tu megui gap dar dil ast in agar gap dar dil mebud Xudovand amr namedodki duxtaron hijob pushed pas kase hijoba inkor mekunad kofir ast dar in yagon shaku shubha nest tu xydata az xudoham dono meshumori? inro xudovand amr kardaast agar lozim namebud amr namedod meguft dilhoyat pok boshad bas ammo inxel naguft balki guft ham dilhoyaton pok boshad ham zanho xudro az nomahram pinhok kunand va mardho ba zanho nigoh nakunand.

Peshka
Шоди, э шарм дор бешарму бехаё будаи. занхои хонадони ту бе шарм бошанд пас айби кист?
ин маориф пагох пеши Худо чи мегуфта бошад? ин конунро пешниходу имзо кардагон вой бар холатон !!!

Peshka
Умед,
бар зидди хичоб гап мезани ва номи Худоро зикр мекуни. Бехаёиву шармандаги дуруяги аз ин зиёд намешавад!!!!!

нардбон
Ку он воизони пуштибони духтарони сатрпуш, ки аз хисоби тичорату дороияшон ба ин духтари мазлум мадад расонанд?

Шоди,


Ин духтар саводаш аз ту баринхо 1000 бор болост.

Ин хам бошад бо шарофати ...!

Хоки олам бар сари чунин муаллим кунем акун! Чаро инқадар метарсонад донишҷӯёнро пагоҳ мурдани нестед ми шумо? Кӣ кафан карда ҷасади туро ба хок месупорад ҷаноза карда ????

Ин хам дар кишваре ки 97 дар сад мусалмон аст. Окоёни бедин ва душманони дини Худо!!! магар вакти он нарасидааст ки парда аз руз бардоред? муборизаи шумо бо ъашоири исломи аз яхуду насоро хам гузашт. Намегуям аз Худо шарм доред, зеро шумо Худо надоред. Танхо ин ки хамон демократияе ки сари хар як минбар даъво аз он мекунед эхтиром коил бошед. Худо окибататонро ба ин душманиятон бо дини Худо ба хайр гардонад.

офарин хохари азиз рахмат бар падару модарат худо хидоятат кунад
эй касоне ки хичобро инкор кардед шумо алон кофир шудед дар назди акидаи ахли суннат кани ту духтарони бехичоби бехаёро ба мо нишон дех ки чизе ихтиро карда бошад? кани савод? сатр фарз аст чаро толибилмонро аз сатр мепурсед? ку аз саводаш пурсон кунед ва мукоиса кунед саводи духтарони бохичоб ва бехичобро хама бехичобхо дар дискоклубу дар богхо бо бачагони бегона бусобуси мекунанд шумо мунофикон инро намебинед? сатр фарз аст касе инкор кунад кофир аст ин муаллимону вазирон ва сардори давлат барои ин дар назди аллох чавоб хохад гуфт ислом хондану кор карданро манъ накардааст агар бо хичоби исломи бошанд

шараф
малимахо худашон либосхои соз надоран. мактаб юбка пушида меоянд ба худа касам ки вакте мебиниш дига дарсхо ай ёд мебароянд. ин малима мебоист аз ин кудак сатр пушира ёд гирад . афсус ай дасти мор хеч чиз намеояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)