Бахшҳо

Серияи нави “Нури наҳзат”, иқрори Каримов ва радди ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе узви ин ҳизб будани Асадулло Каримов, қаҳрамони “серия”-и навбатии “Нури наҳзат” бо номи “Ҷодугари панҷакентӣ”-ро рад кард. Ин филм рӯзи 3 июни соли ҷорӣ вориди шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютуб шуда, дар он Асадулло Каримов – имоми масҷиди панҷвақтаи ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ гардид.

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, “пахшу паҳни ин навор идомаи корзори бадномкунии ҳизб ва қишри руҳоният аз тарафи гуруҳи вижа аст”. “Ҳар инсони бовиҷдон ин наворро тамошо кунад, хоҳад фаҳмид, ки он ҷуз туҳмату буҳтон ва он ҳам аз роҳи ғайриахлоқиву дурӯғ, беш нест”,-таъкид шудааст дар баёнияи ҲНИТ.

Дар серияи навбатии филми “Нури наҳзат” Асадулло Каримов намоиш дода шуд, ки ба қавли гӯяндаи он ба бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба номуси баъзе аз занону духтарони корафтода айбдор мешавад. Дар ин филм гуфта шуд, Каримов тақрибан як соли охир ҳуҷареро дар Панҷакент ба иҷора гирифта, машғули бахткушоии духтарони ҷавону гармкунии занон ба ҳамсаронашон будааст.

Дар ин навор худи Асадулло Каримов ҳам ҳарф зада, мегӯяд, таълимоти диниро дар Исфара, дар назди рӯҳониёни шинохта гирифтааст, вале аз кадоме онҳо ном намебарад. Худи Каримов дар ин навор гуфт, “як сол пеш китоби “Канзулҳусейн”-ро гирифтам. Нуҳ моҳ шуд, ки як хонаро ба иҷора гирифта, мехондам. Қасидахонӣ мекардам, тарсхонӣ... Баъзе занҳоро, ки бо шавҳарашон ҷанг мешуданд, гарм мекардам. Рӯзи 31 март ду духтар омад. Ношинос. Хостанд, бо нағздидаҳояшон гарм кунам. Он духтарҳо бегоҳӣ омаданд. Баъд аз омаданашон болои ду синаи яке аз духтарҳо хат навиштам. Онҳо оби RC Cola оварданд. Хостам, ҳамин навштаҳоямро бо RC Cola шуста гирам. Хостам, ба авраташ ҳам нависам. Баъд аз он нафсам боло гирифта, хостам, бо ӯ алоқа кунам.”

Филми силсилавии “Нури наҳзат”, ки иборат аз чанд қисм мебошад, сархатти баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳатто ахиран диски он низ дар бархе аз масоҷиди кишвару хонаҳои сокинон тақсим карда шудааст. Дар ин "филм" бо намоиши наворҳои маҳрамона бархе аз раҳбарони бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди мазаммат ва танқиди шадид қарор гирифтаанд. Дар ин наворҳо таъкид мешавад, ки ин "филм"-и силсилавӣ гӯиё аз сӯи Хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ ба хотири ифшо ва сади роҳ шудани амалҳои бархе аз масъулини ҳизб таҳия мешавад.

Дар чанде аз филмҳои пешинаи “Нури наҳзат” наворҳои фаҳшо ва шаҳвонӣ зиёд истифода шуда буд, ки ҳатто аз сӯи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, мавриди интиқод қарор гирифт. Абдулқодирзода гуфт, “ин наворҳо обурӯ ва ҳайсияти мусалононро паст зада, як навъ тарғиби фаҳш ва бадахлоқӣ дар ҷомеаи мусалонии Тоҷикистон аст.”
Мӯҳр
в
Муред шумо нури нахзатихои беномуси бешарм. Точикистонро шумо хамчун як бордель муаррифи карда истодаед ва мардуми точикро хамчун мардуми пасти фосик. Муборизаи сиеси мубориза аст, лекин то ин дарача паст нашавед.

точик
барои онки фахманд ин мардак ки аст бояд аз Саидмукаррам пурсанд, зеро ин мардак имоми масчид аст ва баъди атестатсияи кумитаи дин имоми масчид шудааст, ва худашон ин одамро имоми масчид мондаанд, ягон узви ХНИТ имоми масчид нест ва тибки конун ин манъ шудааст. Ин шояд аъзои ХХДТ бошад чунки баъди атестатсия хамаи имомони масчидро пинхони аъзои ХХДТ карданд.

кух
Ватани Л. Шерали ва дигар бузургони Панчакент низ расво шуд

Точик
Кадом чинояткор ва бадахлок худаш икрор мекунад ки ман фалон кори фохишагиро анчом додам??? Ин фосикро азбхои сахт дода мачбураш кардаанд ки эътироф кунад. Наход мардуми мо хусусан кишри интернетхонаш то ин хад бесаводу ахмак бошанд ки бовар намоянд ки ин одам аъзои Нахзат аст, е ин наворро Нахзат худаш гирифта пахн кардааст??? Магар нахзати ахмак хаст ки ба руи худаш туф мекардааст???

Рахим
Рахмат ба касе ки ин наворро дастраси мардум гардонид! ХНИТ хизби нафароне шудаги аст, ки манфиатхои худро мечуянд дар асл чунин амалхои харром доранд. Хамчунин сохторхои кудратй хам хурсанд нашаванд. Ин як шармандагй ба онхо низ аст, зеро ки чойи чунин фосикон паси панчара аст! Кучора нигох мекунед, рафикон?????

.
Рахим,
Пеш аз оне ки ба касе бо ангуштат ишора намои, гиребони буйноки худро буй бикун.

Ин "домулло" хамшахрии Лоик Шерали ва Рудаки нест. Халки Точикистон ба чунин "муллохо" ва нахзатихо пайрави накунед, ки окибаташ пушаймони дорад. Холо чунин "муллохо" ва аъзоёни ХНИТ пур шудаанд ва аз аъзои ХНИТ ва мулло будан истифода мебаранд. Инхо аз рузи таваллуд чунин ахлоки бад доранд ва бетарбия мебошанд.в,

Мардум содда(барзагов нашавен) нури нахзат ин истехсол ва давоми анти нахзатай барое ки мардум хамчун тухмати хукумат ба нахзат гуфта нобовари накнану бовар кнан тухматора гуфта ай номи нахзат баромад доран.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)