Бахшҳо

Озодаи Эмомалӣ – президенти ояндаи Тоҷикистон?

Дар бораи фаъолияти Озодаи Эмомалӣ (Раҳмон Озода Эмомалӣ), духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба ҳайси муовини аввали вазири умури хориҷии кишвар ифои вазифа дорад, рӯзҳои охир хабарҳои зиёд чоп мешаванд.

Барои мисол, гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар Шӯрои машваратӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ худи ӯ қироат намуд ва торнамои расмии дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур низ ҳангоми инъикоси ин ҷаласа бештар ба иштироки ӯ тамаркуз карда, ҳатто чанд акси Озодаро низ нашр кард. Дар яке аз онҳо танҳо худи Эмомалӣ Раҳмон ва Озодаи Эмомалӣ омадаанд. Аммо Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло курсии раҳбарии Хадамоти гумруки кишварро дар ихтиёр дорад, танҳо дар аксҳои дастҷамъӣ “намоиш” дода мешавад. Ба иловаи ин, худи духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Нишой Десай Бисвал, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ машварати сиёсӣ баргузор намуд.

Оё ин шаҳодат аз он намедиҳад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон пешбарии номзадии Озодаро дар интихоботи президентии соли 2020 нисбат ба писараш авлотар медонад? Агар ба қонунгузории кишвар дар бобати синну соли номзад ба президентӣ нигарем, синну соли Озодаи Эмомалӣ нисбат ба бародараш мувофиқтар аст, чун Рустами Эмомалӣ дар соли 2020 низ синну солаш ба муддаии курсии раёсати ҷумҳури кишвар мутобиқат намекунад, барои он ки қонунгузории Тоҷикистон синни номзад ба мақоми президентиро 35 муайян кардааст. Барои пешниҳод кардани Рустами Эмомалӣ ба курсии раҳбарии Тоҷикистон бояд ин банди қонунро иваз кард ё раъйпурсӣ гузаронд? Ё шояд раисиҷумҳури Тоҷикистон барои эҳтиёт ба ҷои худ ду номзадро омода мекунад?

Ин суолҳое буданд, ки “Озодагон” ба чанд тан аз коршиносони мустақил муроҷиат кард:

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшиноси тоҷик, бар ин аст, ки дар интихоботи президентии ояндаи Тоҷикистон на танҳо бояд таваққӯи иштироки фарзандони раисиҷумҳури кунунии кишварро дошт, балки дар пешбарии номзадии худи ӯ низ набояд шак кард. "Табиист, ки фарзандони Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаққи иштирок дар интихоботи президентиро доранду ин ҳаққро ба онҳо Сарқонун додааст. Аммо ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки то куҷо ин ҷойивазкуниро аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрванди қабул доранд”,-афзуд ӯ.

Ин ҳуқуқдони тоҷик илова кард, “таҷрибаи режимҳои худкома ва давлатҳои тоталитарӣ нишон медиҳад, ки чунин навъи нигаҳдории қудрат дар дасти оилаҳо имконпазир аст. То анҷоми давраи раёсати феълии Эмомалӣ Раҳмон, ки то соли 2020 аст, ҳанӯз вақт ҳаст. Аммо то куҷо сатҳи фарҳанги сиёсӣ боло мераваду фаъолияти воқеии бисёрҳизбӣ дар инъикоси афкори умум амалӣ мешавад, чизе гуфта наметавонам. Солҳои охир Эмомалӣ Раҳмон дар раҳбарии кишвар бештар ба Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон пайравӣ мекунад, ки бо идораи афкори умуму роҳандозии барномаҳои дарозмуддат вонамуд мекунад, ки дар кишвар фаъолияти бисёрҳизбӣ вуҷуд дорад, аммо дар амал фарзандону наздикони худаш дар мансабҳои калидӣ таъин мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки барои омодакунии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дубора ҳаққи иштирок дар интихоботи президентии ояндаро медиҳад, дастур шудааст. Бо дар назардошти характеру шахсияти президент, бахусус тарзу усули раҳбари кишвар дар шароити вуҷуд надоштани низоми конститутсионӣ, парлумонӣ ва гуногунҳизбӣ, метавон гуфт, ки сенарияи иштироки худи раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботи оянда ё пешбарии номзадии яке аз шахсиятҳои наздики Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раҳбарии кишвар дар ҳоли коркард мебошад.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, то интихоботи президентии ояндаи Тоҷикистон вақт ҳаст, аммо эҳтимоли пешбарии яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати кишвар низ аз эҳтимол дур нест. “Дар аввал бояд корро то интихобот расонду заминаи мувофиқ фароҳам овард. Агар дар кишвар шароити хуби иқтисодӣ ба миён оварду дар бархе маврид ислоҳот гузаронда шавад ва фишори иҷтимоӣ аз сари мардум дур гардад, танҳо дар ин сурат ҷомеа пешбарии номзадии раисиҷумҳури феълиро ба мақоми президенти ояндаи Тоҷикистон қабул хоҳад кард”,-мегӯяд ӯ.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта, мегӯяд, аз рӯи қонун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми президентиро доранд, албатта агар ба талаботи меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ бошанд. Ба қавли ӯ, дар ягон кишвар чунин қонуне вуҷуд надорад, ки фарзандони президентро аз ҳаққи пешбарии номзадияшон ба мақоми раисиҷумҳури кишвар маҳрум кунад. “Ба ин монанд, номзадҳо дар Озарбойҷон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дида мешуд. Агар дар рафти интихобот шартҳои зерин иҷро шаванд: ҳар номзад ҳақ дорад, дар тамоми участкаҳои интихоботи нозирони худро аз сӯи ҷонибдоронаш таъин кунад, ки ин яке аз талаботи САҲА аз рӯи натиҷагирии интихоботи пешин мебошад. Ҳамзамон агар дар маъракаи қабл аз интихоботии нафаре аз фарзандони раисиҷумҳури феълӣ амволи давлатӣ сарф нашавад, пас онҳо бо номзадҳои дигари интихобот ҳуқуқи ягона доранду дар ин бора низ кори баде дида намешавад. Вале дар мавриди шахсияти муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ин симатро духтари Эмомалӣ Раҳмон бар зимма дорад, метавон гуфт, ки ин чеҳраҳо бояд матбуотӣ бошанд. Чун дар сурати ғайр ҷомеаи наметавонад, ба фаъолияти онҳо баҳо гузорад ва ин барои мақомҳои баландпоя бисёр муҳим аст”,-таъкид дошт Бобоназарова.

Мусоҳиби мо афзуд, замоне номзадияш ба мақоми президентӣ пешниҳод шуда буд ва аксари мансабдорон ба ӯ гуфтанд, ҳоло ҷомеаи мо ба ин омода нест, ки ба ҳайси раҳбари худ занро интихоб кунад. “Вале агар Озода ба ин мақом пешниҳод шавад, гумон аст, ки онҳо ин суханонро боз дар ҳаққи ӯ гӯянд. Агар ин хонум ба мақоми президентӣ пешниҳод шаваду аз роҳи қонунӣ курсиро ба даст орад ва аз рӯи виҷдон вазифаашро дар назди мардум адо кунад, пеш аз ҳама ман хурсанд мешавам”,-хулоса кард Ойниҳол Бобоназарова.

Озодаи Эмомалӣ 36 сол дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносист ва дар ҳоли ҳозир рутбаи дипломатии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи 2-ро дорад. Ӯ солҳои 2005-2007 ба ҳайси атташе оид ба фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Амрико кор карда, солҳои 2007-2009 сардори Раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 то аввалҳои 2014 дар мақоми муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор карда, баъд аз рафтани Маҳмудҷон Собиров ба ҳайси сафири кишвар дар Ашқобод муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъин гардид. Оиладор аст, соҳиби 5 фарзанд.
Мӯҳр
Салом мекунем пеш аз ҳама бо миллати Тоҷик. Аммо масъалаи раиси ҷумҳур шуданӣ хонум Озода дар ҷомеаи Тоҷикистон як падидаи нав мебошад ва то ҳоло собиқа надоштааст. Вале сатҳи фаҳму дарки мардум дар ин солҳо ва қарн боло рафта ва ин падидаро қабул мекунанд ҳамчунонеки Ойниҳол Бобоназарова дар соли ҷорӣ иҷдоми хубе кард аммо бо илал ва авомиле ӯро аз саҳна дур сохтанд. Пас аз ин қазия фаҳмида мешавад ки мардуми Тоҷик бардошти онро доранд ки зан раис ҷумҳур шавад, вале баъзе мақомот ва кормандони давлатӣ ба ин вазъ тан намедиҳанд. Чун барои онҳо пазириши як зан ба унвони раис ҷумҳур сахт аст. Вале тибқи қонуни кишвар ҳар зане ҳаққи номзадиро дорад. Пас агар хонум Озода содиқона кор кунаду ба фикри мардуми ватанаш бошад ва сатҳу ҷойгоҳи занро каме боло бурда ҷомеа ва сатҳи зиндагии мардумро дар назар гирад ва бо мардум ҳаракат кунад ва чунин барнома дошта бошад ки ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро як шиносад, эҳтимоли пирӯзияш дар интихобот вуҷуд дорад. Ин як қоидаи куллӣ аст, ки дар ҷаҳон мушоҳида мешавад.

эхе- аха -уху. гап да ича бдай ку. бе мраам ягон вазифа меден.

Чек
Тарзи либоспушии Мархарет Теччер,Кондолиза Райз,Анжела Меркелро мемонад чи маъно дошта бошад?

фы
Худо медонад Точикистонро дар 4-5 соли наздик чи интизор аст.

Оянда аз Амрикост на аз Русия. Фомидй! Оли номошонаам инглисй мекунан.

ТОЧИКЧОН С
ОЗОДАИ ЭМОМАЛИ АЛБАТА РОХБАРИ ДАВЛАТ ШУДА МЕТАВОНАД ЗАНИ БО ИЛМУ БО МАЪРИФАТ ВАЛЕ ХУБ МЕШУД МИСЛИ ЭМОМАЛИ РАХМОН ЯГОН КОРЕРО БА АНЧОМ МЕРАСОНД КИ ДАР ТАЪРИХУ МИЛАТИ ТОЧИК БОКИ МОНАД ЧИТАВРЕКИ ЭМОМАЛИ РАХМОН МИЛЛАТИ ТОЧИКОНРО САРЧАМ КАРД МАСАЛАН ОЗОДАМОХ МЕТАВОНАД РОГУНРО СОЗАД БА ХАЛКИ ТОЧИК БАРК АРЗОНИ ШАВАД ХАЛКИ ТОЧИК УРО БОЗ ЭХТИРОМИ БИСЁРТАР МЕКАРДУ БОВАРИ МЕКАРД.

Салом ба точикони Ватан ва бурунмарзи.Ман аз вакте,ки худамро мешиносам гурури миллии баланд дорам. Фарзандонамро Ватандуст тарбия кардаам. Дар макомот лагангбардор ва балегу набудам ба бисёр мушкилихо гирифтор шудаам. мисол худи ман 4 МОХ БОЗ БЕКОРАМ. Дар назди рохбарони аввал ман баринхоро азбаски худи нестам руйсиёх карда норасоихои корро бор карда ба чашми хама хок мепошанд ягон пурсиш нест (дар корхона шиштаи гунохе надори ба ту ягон огохи накардаанд конунро поймол накардаи! ХУДИ кореро,ки тамоман сарфахм намеравад ва у холо аз ту бояд аввал гапзании дуруст ва одоби муоширатро ёд гирифта кор ёд гирад сохиби курси мешавад! Вой бар холи мани точики ВАТАНДУСТ.Дусти азиз агар ин сатрхоро хони манро дуруст фахм дар хама чой баду нек хаст одам барои хама нагз намешавад хатто дар як оила. Аз ин мардоне ки имруз баъзеашон дар курсихо шиштаанд занхо бехтаранд Бо хар рохи пастеки набошад кусиро махкам медоранд Барои онхо халки худ Ватани худ мукаддас нест Озодаи Рахмон 36 сол дорад вактеки ба у ин номро гузоштанд Эмомали Рахмон дар фикраш рузхои имрузааш набуданд Озода Рахмон зани олиха ва одоби баланду донишманд хаст ин одамхо бештар дар фикри ободиву одамдусти хастанд озода хастанд агар худи у кушиш кунад ва уро дастгири намоянд метавонад дар оянда хамчун Президент давлати моро дар арсаи чахони муаррифи карда зиндагии мардумро бехтар намояд.Манро бовар кунед ман як одами бетарафам аз руи дидагию шунидаги хамчун акли солим дошта фикрамро пешниход кардам Охир имруз хамаи бо ном лидерхо дар хорича хоча доранд моро гумрохи бас аст. Он чиро ки ба манфиати хак аст ба назар намегиранд дар назди хочахои беруни хисобот медиханд чун ман дар назди баъзе рохбароне.ки ягон зарра хисси милли надоранд
конунхои чориро ба назар намегиранд худ конуншикананд! Аз онхоро дида занхо бачуръатанд. Худамон озодона бомаслихат ватанамонро обод карда онро обод нигох дорем

kulobro viloyatu-viloyati kulobro az fardo obodkoriro sar kunand mo bo ozodabonuem.

хакикат
точикчон бале бале албатта рогунчон вайрон мешавад. норакчон хамрохи сангтудачон охиста-охиста аз кор мемонад. ана акнун чизи мехостаги шумо точикчон (яъне маблаги барк) бепул мешавад.

Озода аппа саросема нашавед

Арзанда хаст агар? Иктисоди точикичтонро
Болотар равад. Шароити мардум хуб шавад
Мардум албата. Хонум озодаро дасгири мекунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)