Бахшҳо
05 июн 2014 16:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастури Раҳимзода алайҳи фоҳишагарӣ ва “санҷиш”-и домодҳо

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5 июн бо баргузории як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Бар асоси иттилои масъулони ВКД, Раҳимзода нисбат ба масъулони мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва харидуфурӯши одамон ҷазои сахти интизомӣ эълон карда, супориш додааст, дар ҷумҳурӣ барои пешгирии фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон, истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо рейдҳои масус роҳандозӣ шаванд.

Вазири тоҷик таъкид намудааст, тамоми афроде, ки ба мақомоти умури дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои дигари ҷинсӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд.

“Ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд”,-афзудааст ӯ. Бо зикри ин ҳама, Рамазон Раҳимзода пешниҳод кардааст, ба Кодекси оила тағйиру илова ворид карда шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз хонадоршавӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.

Вазорати умури дохилӣ ҳадаф аз ин пешниҳоди вазирро мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
донишчу
МашаАллох Рахимзода! Бехтарин кори дунёиву охирататро анчом медихи!

Бехтарин пешниход дар шахри хучанд аз диско клубхо монанди ХВАКАНТА,OPERA... ва дагарон сар мекардед бисьёр хуб мешуд.

ин пешниходро ман вакти дар Мачлиси намояндагон кор карданам пешниход карда будам

оа
Ин хамааш популизм аст. Пеш хам руйхати фохиша вучуд дошт. Лекин ягон бехбуди дида намешавад. Бехтараш рафик вазир хамон милисахое ки фохишахоро крышеват мекунанд муайян кунед ва онхоро чазо дихед.

Бехтарин ибтикор! Дод аз дасти фохишахо! Неким як чизро нафахмидам, завчаи ояндаи худро домодо ба ВКД бурда чизашона бояд аз санчиш гузаронанд?
Озодагон ба хамин масъала рушани андозед...

Сиёсатшинос
Мухтарам Вазир, доир ба гураонидани рейдхо чихати пешгири намудани сатхи фохишагари ин хеле икдоми хуб аст, вале дар кадом асос шахрвандон пеш аз хонадор шудан хамсори ояндаи худро аз "ТАШХИСИ" Вазорати корхои дохили гузаронад. Чаро аз ташхиси Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии ЧТ не ва махз аз ташхиси ВКД!!!!
ПЕШНИХОД АСОС НАДОРАД ВА КОБИЛИ ДАСТГИРИ НАХОХАД ШУД!!!

Рустам1011
Бояд тамоми вазирон аз хамин марди окилу доно ибрат ва фаъолити корро омузанд. Бехтарин!

хаминш намерасид ки занову духтарора дар мвд бурда чизошона бисанчанд. шукрона кунед..................

Шох
О, бародари азиз максади мухтарам Вазир он аст,ки шумо духтару писарони нав хонадор мекардагиятонро барои ташхиси тибби не, балки барои санчишхои оперативи,ки оё у дар кайди МВД бо кадом чурм меистад пешниход карда истодааст.Барои мисол чавонеро ,ки хонадор мекунед аз кайдхои Мвд санчида мебароред мефахмед,ки у наркотик истеъсол мекунад ё не бо фохишахо алока дорад ё не ва гайрахо ин хуб нест,ки дар оянда барои зиндагияшон дуруст гузарад... боз мисол базе чавонон духтаронро фиреб карда мегуяанд,ки зан надорам ва ё занам мурдааст ва ё касал аст ба ман ичозат додааст,ки зан гирам,вакте ,ки ба МВД мурочиат кардед хамаи айбаш руи об мебарояд дуруг гуфта наметавонад....КАРОЧЕ хело пешрави мешава....Офарин МВД БА ПЕШ!!!!

Супер отличное предложения но увы некто не будет этим занематься. Хотя для будушей нации это нужно)))

баъди он, ки аз таблии руйрости хамчинсгарои каму беш огох шудам мухтарам вазир назди худованд бахшиш гунох м еталам, фахишахои танфуруш наздам бегунохаке намуданд. Агар икдоме барои покизагии ахлоки хамватанон карданиед, пас пеши рохи хиамчинсгариро бигиред, ки ин вабои хавфноктар аст

Мухтарам Рахим Рамазон!
Як пешниходи дигар доир ба санчиш гузаронидани шахрвандон пеш аз хонадоршави.
Хеле худ ва дуруст мешуд, агар Вазорати корхои дохилии ЧТ пас аз санчиш "Маълумотномаи махсус" (справка) медод. Пасон дар ин асос хати ахди никох байни шахрвандон баста шавад. Барои гузаштани санчиш маблаги муайян тасдик карда шавад, ки ин низ як сарчашмаи маблагузории бучаи кишвар мегардад ёки барои пушонидани ниёзхои Вазорат равона карда мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)