Бахшҳо
06 июн 2014 08:26Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи ҷавобии генерал ба вакили дифои Шаҳбол Мирзоев

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, тамоми харҷи табобат ва пардохти ҷуброни зарар ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи Қушӯнҳои сарҳадиро бар уҳда гирифтааст.

Ӯ ин ҳарфҳоро дар посух ба номаи Абдураҳмон Шарифов -- вакили мудофеи Шаҳбол, ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ навишта шудааст, баён мекунад. Вакили мудофеи Шаҳбол мегӯяд, ҳарчанд номаи ҷавобии генерал Раҳмоналӣ дар моҳи май наившта шудааст, аммо танҳо дар аввали моҳи июн дастраси ӯ шуд.

Матни нома:


Номаи ҷавобии генерал ба вакили дифои Шаҳбол Мирзоев“12.05.2014
№31/16/4-66
Ба адвокати ваколатдор Шарипов А.П.

Мӯҳтарам Шарипов А.П.!

Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо, таҳти №28 аз 04.04.2014 сол дида баромада, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шӯъбаи ҷарроҳии асабӣ №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷудо карда мешавад.

Фармондеҳ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ”


Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Мӯҳр
Ҳамин мактуб ва хабар чи чизи нав дошта бошад. Мактуб аз 12 май ва он ҳам ваъдаи ғайри дақиқ ва норӯшан!! чӣ лозим хонандаро ба шакку тардид гузоштан? Магар ҳамин генерал аз қабл ҳам чунин ваъда надода буд?

Инхоро мачбур карданд ки чоп кунад. Вохима дорад агар камтар кобад т озодагонам тагаш лой барои хамин аз навиштагихои каблиаш пушаймон шуда тарсида барои руяш сиёх нащудан мактуби амниятро чоп кардааст. Бози накун ба Арбоб ки мещикаканад ба хар боб. Намешуд аз хамун шахбол хабар гирад пурсад ки пул доданд бечорароро ё не

Ин диктаторҳо то ба кай сиёҳро сафед гӯён, худро мусичаи бегуноҳ мегиранд? Генерал бояд ин тавр мегфт: "БАЛЕ, МУТААССИФОНА ПАДИДАИ БУЗУРГСОЛОРӢ (ДЕДОВШИНА) ВА ЛАТУ КӮБ ҲАНУЗ ҲАМ ДАР ҚИСМҲОИ МО ВУҶУД ДОРАД, ВАЛЕ МО ЗИДДИ ОН МУБОРИЗАИ ШАДИД БУРДА ИСТОДАЕМ. МО АЗ ҲОДИСАИ НАНГИНИ РӮЙДОДА ХЕЛЕ ДАР ХИҶОЛАТЕМ. ГУНАҲГОРОН ҲАТМАН ҶАЗОИ МЕГИРАНД." Ӯ ба ҷойи ин ба худсафедкунӣ пардохтааст. Афсуски намояндагони артиш мардумро галу ва аҳмақ мепиндоранд. Онҳо хабаре надоранд, ки ҳар як сарбоз пас аз адои хизмати аскарӣ ҳама чизро дар хонаву кӯча нақл мекунад. Пайи лату кӯбу доғҳои сигаретро (онҳоро бо сигарет месӯзонанд) нишон медиҳад. Садизм (лату кӯби махсусан бераҳмона то ба дараҷаи қатл) дар қисмҳои сарҳадӣ нисбат ба дигар қисмҳо хеле зиёд буда, падида аз ибтидои ташкили он ниҳод манша мегирад. Дар ибтидоъ дар он кумита намояндагони фақат як маҳалл хизмат ва бо ягон-ягон "бегона" муносибати ваҳшиёна мекарданд. Аслан "дедовшина" ба артиши навташкили Тоҷикистон аз артиши собиқ Шӯравӣ ва ба Шӯравӣ бошад, аз собиқ Русия подшоҳӣ мерос мондааст. Дар замонҳои подшоҳи рус сарбозон 25 сол хизмати аскарӣ ва дар муқоиса бо наваскарон воқеан ҳам бо синну сол фарқи калон мекарданд. Сарбозони нав онҳоро "дяда", "дед", "дедушка", гӯён, хизматашонро мекарданд. Вале дар бораи садизм ва лату кӯб аз он замон маълумоте нест. Зеро он замонҳо русҳо каме Худотарс буданд. Мавҳуми "ЭТО НЕ ПО - ХРИСТИАНСКИ" вуҷуд дошт. Ҳама чиз пас аз ба вуҷуд омадани "Давлати атеистии деҳқону коргар" - Иттиҳоди Шӯравӣ ба тарафи манфӣ тағйир ёфтааст. Мо инро то ба ҳол мушоҳида мекунем. То афсарони қисм худашон нахоҳанд, бузургсолорӣ ва лату кӯб ҳеҷ вақт аз байн нахоҳад рафт!!!!!

Мо дар даврони демократия зиндаги мекунем. Барои он ки хар кас хулосахои шахсии худро оиди ходисаи рухдода бароварда нашинад, макомотхои дахлдор хастанд ва тафтишот холо хотима наёфтааст. Бовари дорам, ки пас аз карори органхои суди масъала халли худро меёбад.

Дар Кўшунхои сархадии Точикистон дар хакикат чавонмардони шучоъу матин ва нотарс хизмат карда, амнияти кишварро таъмин мекунанд, ки мову шумо шабона ором мехобем. Инро аз ёдатон набароред.

Хизмат хизмат аст, дар вакти савгандёдкуни хар як хизматчии харби барои паси сар кардани душворихои он ваъда медихад. Дар даврони Шўрави низ чунин ходисахои фавкулодда рух медоданд. Бо вучуди низому тартиботи пурзўр, дар байни хизматчиёни харби холатхои калонсолори (дедовщина) вучуд дошт. Онхое, ки имрўз оиди дар артиши Точикистон чой доштани калонсолори иддао доранд, бояд дар назар дошта бошанд, ки он сатхи муносибатхои гайриоинномавие, ки дар байни хизматчиёни харби чой доштанд, холо ба кулли кам гардидаанд.

Ман бевосита бо генерал Рачабали Рахмонали - Фармондехи нерухои марзбонии Точикистон аз наздик шинос хастам. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки модоме ў барои муоличаи минбаъдаи сарбоз Шахбол Мирзоев ваъда дода бошад, хатман онро ичро мекунад.

Солех

Пеш аз хама, барои рух додани чунин ходиса ва чарохат бардоштани Шахбол изхори афсус намуда, барояш аз даргохи Илохи шифои комил хохонам. Ман хам бо гуфтахои Афсар розиям, дар хакикат генерал Рахмонали шахсияти хоксор ва саховатманд буда, ба ваъдаи худ содик мемонад.

Мехргон

Маро хамчун як шахрванди Точикистон он чиз боиси ташвиш мегардонад, ки дар хар як амалу рафтор дар рўзномахову мачаллахо хатман аз кадом минтака будани иштирокчиёни ходиса тахти тахлил карор дода мешавад. Латукўбхўрда аз фалон нохия, одами задаги аз фалон нохия. Падари инаш сохиби ин вазифа, волидайни дигараш сохиби дигар вазифа ва гайра. Кори шудаги шуд, макомотхои дахлдор тафтишот бурда истодаанд. То ба кай мо якдигарро ба минтакахо таксим карда, дар байни худ душман мекобем.

Додари ман ду сол дар Кўшунхои сархади, дар вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон дар сархади Точикистону Афгонистон хизмат карда, як чавони бакуввату зебо шуда, бо сари баланд ба хона баргашт. Доимо аз командиру хамхизматхояш бо фахр ёд мекунад. Нашри маколахоро оиди холати рухдода бо нафрат мехонад.

Пулод

Агар командирони сатхи поёни корро бо сарбозон ва назоратро аз болои онхо дуруст ба рох намонанд, як худи Фармондехи кушунхои сархади хамаи самтхои хизмати харбиро имконияти назорат кардан надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)