Бахшҳо

ВИДЕО: “Пирамард ва баҳр”-и Ҳемингуэй ва тоҷикиомӯзии Сюзан Эллиотт

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 6 июн ҳазор нусха китоби “Пирамард ва баҳр”-и Эрнест Ҳемингуэйро, ки ба забони тоҷикӣ ва англисӣ нашр гардидааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард. Ин китоб аз сӯи Муҳаммадсалим Азизмуродов тарҷума ва бо ёрии молии Амрико дар чопхонаи “Бухоро” ба нашр расидааст.

Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе, ҳангоми тақдими “Пирамард ва баҳр” ба Китобхонаи миллӣ гуфт, “ин тарҷумаи асари классикии Ҳемингуэй на танҳо хонандагони тоҷикро бо ганҷинаи адабии Амрико ошно мекунад, балки ба ҳайси як маводи муҳими омӯзиши забони англисӣ низ истифода хоҳад шуд. Ман низ тариқи ин китоб мехоҳам, забони тоҷикии худро сайқал диҳам.”

Эрнест Ҳемингуэй нависандаи амрикоӣ, журналист ва барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт мебошад. Ӯ дар иёлати Илинойси Амрико дар хонаводаи миёнаҳол ба дунё омада, ба донишгоҳ шомил нашуд ва ба рӯзноманигорӣ пардохт. Замони ҷанги аввали ҷаҳонӣ ӯро ба хотири чашмҳои заифаш ба аскарӣ нагирифтанд, аммо Ҳемингуэйи 19-сола ба Салиби Сурх пайваст ва соли 1918 дар Итолиё маҷруҳ шуда буд.

Соли 1961 Ҳемингуэй, ки аз афсурдагии руҳӣ азият мекашид, дар манзилаш дар иёлати Айдаҳои Амрико бо туфанги шикорӣ худро кушт.


Мӯҳр
Ahmad
Mutaasifona, sifati tarjuma khele va khele past ast. Safiri yak davlati buzurg natavonist, yak tarjumoni khubero paido namoyad, to ki dar sathi u boshad???

Эрнест Ҳэмингуэй ба сифати нависанда шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Агар асари "Пирамард ва баҳр"и ӯ ба забони суфтаи тоҷикӣ тарҷума шуда бошад, хело кори хуб шудааст. Вақти он расидааст, ки адабиёти ҷаҳон аз забонҳои асл бевосита ба забони тоҷикӣ тарҷума шавад, на тавассути русӣ, ки дар гузашта буд. Алъон Худоро (Ҷ) шукр забондоҳо бисёранд. Вазорат ва ниҳодҳои зирабт бояд онҳоро ҷалб бикунанд.
Ғайр аз ин мавриди хурсандӣ он аст, ки Сафири Амрико хонум Сюзан Эллиот забони тоҷикиро меомӯхтааст. Ин эҳтироми басо бузург аст. То ҳол ман нашунидаам, ки ягон сафири рус бигӯяд: "Ман бояд забони тоҷикиро сайқал бидиҳам..." Сафир он тараф истад, ҳатто сокинони оддии руси муқими Тоҷикистон намехоҳанд калимае бо забони тоҷикӣ талаффуз кунанд. гардани онҳоро такаббурӣ шах кардааст....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)