Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:37

Тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо Эстония бохт

9 июн 2014, 08:23

Яккачини Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона аз тими Эстония бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин дидор шаби 7 июн дар варзишгоҳи “А. Ле Кок Арена”-и шаҳри Таллинн баргузор шуд. Бозиро 2615 нафар тамошо карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 61-ум Дилшод Восиев, бозигари мунтахаби Тоҷикистон боз кард. Аммо бозигарони Эстония дар охири бозӣ дар се дақиқа ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Муаллифи голҳо Сиймс Лутс (89) ва Ханнес Аниер (90+2) буданд.

Гуфтанист, ин барои аввалин маротиба буд, ки тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Эстония бо ҳам қувваозмоӣ карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Яъкуб.Душанбешахр.

  • 9 июн 2014 11:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон гарчанде маглуб хам шуда бошад бозии хуб нишон дод.Эстония дастаи Аврупои хасту хамеша бозии дустон мекунад бо дигар дастахои Аврупо....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!