Сабқати тирандозӣ миёни занон поён ёфт.
Ин мусобиқа бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ миёни кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин сабқат беш аз 20 зан аз рӯи машқи ПМ № 1 - тирпарронӣ аз туфангчаи тамғаи «Макаров» дар масофаи 25 метр қувваозмоӣ карданд. Тирандозони беҳтарин дар ин чорабинӣ лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар Бобохонова Ш., капитани хизмати назорати маводи нашъаовар Ҳусейнова М. ва майори хизмати назорати маводи нашъаовар Норова М. муайян гардида, мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор шуданд. Аз агентии мазкур ба «Озодагон» гуфтанд, ки маросими супоридани мукофот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони мусобиқа дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар авали моҳи сентябри соли ҷорӣ доир мегардад.
Мӯҳр