Бахшҳо
10 июн 2014 13:13Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гуруҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб, баъд аз вохӯриаш бо ҷавонони ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”



Сардабири нашрияи расмии ҲНИТ меафзояд, афроди ҳамлагар ҳатто сӯи онҳо сангпартоӣ низ кардаанд, ки ба касе нарасидааст. Рӯзи 10 июн дар пайи баста шудани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳавлии раҳбари бахши ҲНИТ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, қарор буд, ин мулоқот дар дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор гардад.

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб“Баъд аз он ки дари қароргоҳро муҳр заданд, мулоқот дар ҳавлии Муҳаммадшариф Набиев, роҳбари бахши ҳизбамон дар Кӯлоб, баргузор гардид”,-афзуд ӯ. Файзраҳмонов илова кард, Муҳиддин Кабирӣ тасмим дорад, рӯзҳои наздик бо ҷавонони Хуҷанд низ мулоқоте анҷом бидиҳад: “Дар Душанбе ҳар моҳе як бор мулоқоти раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мегардид. Дар ин мулоқот пешниҳод шуд, ки чунин чорабинӣ дар минтақаҳои кишвар низ доир гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар минтақаҳои кишвар бо ҳузури ҷавонон баргузор мегардад”.

Субҳи 10 июн масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баста шудани дарҳои дафтари худ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Тавре масъулони ҲНИТ хабар доданд, дафтари ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нозироти андози ин минтақа ба хотири нагузаштан аз қайди ин ниҳод баста шудааст. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ин амали масъулини нозироти андози Кӯлобро ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфт, “кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд”.

Муовини раиси ҲНИТ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масъулини бахшҳои ҳизб на танҳо дар Кӯлоб, балки дар аксар манотиқи кишвар низ бо чунин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит ин иқдоми масъулини нозироти андози Кӯлобро амали тарҳрезӣшуда ном бурда, гуфтааст: “Мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб
Мӯҳр
п
Тахаммул кунед бародарон, тахаммул. гардани пастро шамшер намебурад.

Яъкуб. Душанбешахр.
Хак чониби М.Кабири хаст ,ки мегуяд; фишору тахдидхо болои ХНИТ маънои онро надорад,ки ХНИТ заиф шудаистодааст балки баръакс маънои онро дорад,ки фишордихандаву тахдидкунанда заъиф шудааистодааст.

нигин
БА КАВЛИ БОЗОР СОБИР:
МАН ТУГМАИ САДОЯМ ДАР ПУШТИ ИН ДАРИ ТАНГ
ХАРЧАНД МЕФИШОРАНД ОНКАДР МЕЗАНАМ ЗАНГ

Ба Мухиддин Кабири саволи таърихи дорам. Чаноби Кабири бояд ин миллат аз зулму бедоди беинсофи бехукуки ва шармандагихои ахлоки халос карда шавад. Барои рахойии ин миллат аз зулм чабр масъулияти шумо ва тарафдоронатон беш аз хар каси дигаре аст. Зеро парчамбардорони озоди, шарофат ва каромати инсон махз баъди сулхи шумо аз байн рафтанд. Арзишхои сулхро эхтиром доштан маънои бадбахтии миллатро бояд надошта бошад. Чаро шумо сулх мегуеду тахаммул мекунед аммо нафархое хастанд, ки ба руи шумо барин сулххохон ва миллат кайхо туф кардаву тамошобин хастанд. Ин миллат махкум ба марг нест. Аммо ман хар руз марги тадричии миллат ва давлатамро мебинам. Войи миллат, войи давлат вой

Сайфуллозода
Мӯҳтарам Кабирӣ, аллакай маълум шуд, ки ягон минтақаи Тоҷикистон ба ҲНИТ тавҷҷӯҳ надорад ва шумоёнро қабул надоранд, ина дар Ҳисор, дар Муминобод, дар Хоруғ, дар ноҳияҳои вилояти Суғд, бо ина дар Кӯлоб ҳам. Беҳтар нест ми на худтона ғам тиҳеду на мардуми бечорара, зеро ки мардуми босавод ҳиҷ маҳал аз қафои шумоҳон .

Inho imon nadorand..voy bar shumo mardum

АБДУЛЛОХ
Харки бо шамъи ХУДО созад пуфу.
Шамъ Кай мирад бисузад пу зи у.

Табиати ин рох чуниаст .дарахти мевадоро аз хар тараф санг мепартоянд
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид хар рохгузаре санг занад ор надорем .
Сабур бошед бардарони нахзати .

Кӣ мегўяд: миллати маҳкум ба «марг» ғулом нест
(дар ҳошияи ҷангу сулҳи тоҷикон ва тафаккури ғуломона)

Воқеан таҷрибаи сулҳ ва ҷанги тоҷикон дар таърих назир надорад. Мо ё ба муқобили ҳамдигар ҷангида метавоем ва ё ғуломи ҳамдигар будан нишони тафаккури ғуломии мост. Баъд аз мулоқот дар Кўлоб тоҷикон тоҷики дигар Муҳиддин Кабириро бо тухм ва помидор заданд. Тафаккури мо то ба ҳамин ҳад расида, ки ҳамватанро дар Русия ғорат кунем, нафари дигаро дар ватан занем корем кунем, ки ў бояд дар назди мардум шахси бад нишон дода шавад. Бародарон бубинед куҷое ин ҳастанд (М. Кабирӣ ва тарафдоронаш ҲНИТ) он ҷо норомист. Савол ба М. Кабирӣ ҷаноби Кабирӣ оё виҷдонатон азоб намекашад, к и бо шиори сулҳу таҳаммул рўҳияи ғуломиву бардагиро дар дили мардум бедор мекунед. Кадом сулҳ, сулҳро кайҳо гурондем. Чаро сулҳ мегўед? Вақти дигар нишона аз он ҷуз козпораи протоколӣ дигар чизе намондааст. Касоне ҳастанд, ки ба руйи миллат ва сулҳ кайҳо туф кардаву ё карданӣ ҳастанд. Маро касе бовар кунонида наметавонад, ки ҷанги мо ҷанги хориҷиён буд. Зеро вақте вазъи сиёсии ҷомеаро мушоҳида мекунам боз мо ҳамин чанд тоҷик ҳастем, ки ба сари якдигар теғ мекашем, имрўз бо тухму помидор пагоҳ Худо амон диҳад намедонам ҳамдигар мезанем. Аз дасти кўдакони мактабхонам фарзанди ҳамоямон ҳалок мешаваду аз дасти ҷавони зинокор духтари чорсолае. Медонед фоҷиаи миллатро бо чашми баста нигаристан ба нухбагони ҷомеа зебанда нест. Афсўс аз он мехўрам ки ормонҳои миллат шикаста шудаву аксари мо шумо барин одамон тамошобин ҳастем. Бадбахт миллатест, ки рўҳияи бардагӣ, ғуломӣ ва бо тафаккури ғуломона аз хонаи худ берунтарро дида наметавонад. Шармандагӣ ҳам он аст, ки бо достони шукрона қаноъат карда, достони дигаре бо номи сабру таҳаммулро тавлид кардем. Маҳз тафаккури ғуломона ба мо имкон намедиҳад, ки дар бораи арзишҳои қолабӣ не умумибашарии сулҳ фикр бикунем. Адолати иҷтимоӣ, ҷомеаи мардумсолор мафҳумҳои хандаоваре ҳастанд, ки баъзеҳо бо тафаккури ғуломонаашон онро на фаҳмидан мехоҳанду на донистан. Миллати озода на ғулому бардаи тоҷик ба шарофати майдондориҳо ба чунин фоҷиа гирифтор гашт. Намедонам вақте миллат ба «марг»-и тадриҷӣ рў ба рў мегардад: бесаводӣ, мардикорӣ, фазои носолими динӣ ва ғайра ўро аз ин ҳама кӣ мераҳонида бошад? Дигар ба касеву чизе бовар надорам. Аммо медонам, ки мутассифона ин ҳақиқат вуҷуд дорад, ки бо тафаккури ғуломона танҳо метавон достони шукрона ва сабру таҳаммулро на барои чанд сол, балки барои асрҳо зинда нигоҳ дошт.

Same
Шармандахо макомоти кудрати! Шумо дигар бо тухму помидорпартоиву бастани дари ХНИТ хукумати рохбаратонро дар назди мардум ШИРИН карда наметавонед! Хамаи МИЛЛАт медонанд, ки шумо ки хастеду чи хидмате ба мардум кардед! ХНИТ ба пеш ба суи озодиву ободи!

Фикр намекардам,ки тарроҳҳон то ин андоза тарсу бошанду қишре аз ҷомиаро бо дигаре ҷанг биандозанд.Агар ин қадар тарс доред,пас чаро куллан ин ҳизбро намебандед ? Агар ин ҳизб,қонунан ҳақи фаъолият дорад,пас чаро ин ҳама беназмию фитнаандози дар байни миллат ?

Кулоби ай Кулоб
шармандахо.Охи мемонден хами Кабири вохуриша мезгаронд,о и мардки хакики ва шери нарай кулобихо бояд ай кафои ана хамихели лидер браваен.зинда боши Кабири. Мо бачахои Кулоба бубахш,нанги Кулобира паст кардан

дар кодекси андози чумхурии точикистон имтиёзхои андоз вучуд дорад ташкилотхои дини ва ехсонкори аз андоз озод хастанд

Ин ба хамон киссаи расули акрам с.а,в-ро сангсор карда буданд монанд аст. ИшаАллох нишонаи пирузии нахзат аст.Нахзатихо ифтихор кунед.

Далер
Салом ба ҳамаи хонандагони азиз! ин кор аз мардуми кулоб, ки мардуми бо фарҳанг ҳастанд дур аз назар аст. ба назар мерасад, ки ин кор ва амали зишт, ки ба як шахсияти парлумон сурат гирифтааст тарроҳи шуда будааст ки душманон ҳамеша ғафлат карда ва корҳои ношоисту буде анҷом метианд. ва ин корҳо сабаб мешавад, ки ҳукумат аз чашми мардум афтад ва умеди худро аз даст тианд. ва ин корро мо маҳкум мекунем чи басо ба ҳар шахсияте ки сурат гирад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)