Бахшҳо

Давлат Сафар: “Мансаб надорам. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”

Давлат Сафар, собиқ раҳбари “Тоҷиккино”, сарусадо дар бораи таъин шуданаш ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ӯ ҳеч вақт ба мансаб ниёз надошту надорад. Оқои Сафар рӯзи 10 июн дар сӯҳбат бо “Озодагон” сарусадоҳои ахирро ҳангомае беш надонист.

“Ин гапҳо дурӯғ аст. Ҳоло дар хона нишаста, шеър эҷод мекунам. Аз соли 1997 то кунун достони “Зафарнома” менависам”,-афзуд ӯ.

Давлат Сафар дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ягон вазифа надорад ва танҳо садоқат ба Ватану модар барояш беҳтарин муқаддасот мебошад. “Бо ҳафтаномаҳо ҳамкорӣ дорам. Бекор нестам. Барои шоир вазифа даркор нест. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”,-таъкид дошт ӯ.

Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Оқои Сафар ба ин вазифа ду соли пеш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон омада буд, ки дар он ҷо ба ҳайси муовини аввали директор кор мекард.

Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.
Мӯҳр
Чануб
Нав фахмидамки и одамам Шоир бдаст! "...шоиреки вазифа мегирад шоир нест!" Ошно ай суханои худат бар меояд, ки худатам ука шоир нести чунки ду сол пеш ай вазифат рафта бдай! Ё инки дар ду сол шоир шуди?

Ман Давлат Сафарро аз замони барномаи ДОДРАС доштанаш эхтиром мекардам, вале вакте фуруш ва пахни филми Хомиёнро манъ кард эътикодам аз у гашт. Имруз хама филмхои турки хаст вале Хомиён нест. Маънои филми Хомиён чонфидои дар рохи ватандори буд. Ватандорие ки 24 соат ТВ-хои мо мегуянд... Ин хел одама хами бекориш хубай...

Раҳмоналӣ
Давлат, ҷавонмарди ҳунарманд аст. Суханаш лофу газоф нест, ҳақ мегӯяд.
Барояш тавфиқу пирӯзӣ орзумандам.

Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Ин гап хатост . Ва сабаби аз вазифа барканор шуданаш китоби ин шоир хаст ки хатари чои Раиси Кумитаро иваз карданаш буд. Аз як чихат ин як шахси исломситез буд баъд аз вазифа рафтанаш хамеша аз барномаи дуруг тахия кардааш ки гуё домулло мулобачахоро мезадааст изхори пушаймони мекард. Ва с азои касе ки ба ислом душмани меварзад хамин аст

Сафар
Шоирон рафтанду ту шоир шуди

Jek
Ин одам яке аз нафарони фабрикаи чавоб аст ва пули калон мегирад

якум бор мебинам ки бо дахони пур худро "шоир" меномад. аз одамот гардем худо.
Шоирон рафтанду ту шоир шуди ?...

Мухаммад
Дар бораи маън кардани филмхои турки ман бо эшон розиям чаро чун, ки дар ин филмхо ба гайр аз (пантуркизм) ва шарик овардан ба АЛЛОh чизи дигаре нест ва баъдан ин хама литсейхои турки хеле хатарноканд хатмкунандагони ин литсейхо фардо сохиби вазифаки шуданд ана баъд зарарашро мебинем

шоирча
агар достонат чоплуси набошад, хуб аст, чун адолат ва конун таъмин нашуд

tt
Муруват,
ruyi otai t ham siyoh ay u ham

умар
Аз ин шоирхо ба мо чи фоида. Шояд як ихтирокор мешуд нафъаш ба чомеа зиёдтар мерасид.

99
Шоир???
Чихели шоир???
О, ин ҳамон журналисти дарборӣ нест?
Ягон мисра аз ҳамон "достон"-ат навис, бинем, ки шоири ё хайр!

Мурод
шоирча,
Албатта ту ва Давлат Сафар баринхо аз барои охират неву танхо барои шикам зиндагони мекунед. Аллакай аз суханхоят ки буданат маълум аст

Он чизе, ки дар дил аст, ба забон меояд. Агар Давлат Сафари шоиршаванда шоир шаваду хазорхо китоб хам нависад, ба касе фойдае намеорад. Зеро дили у сиёх аст.

Hama Takabbur dar Davlat bud dar vakti mansab doshtanash, aknun shoiri bevazifa, khele khandondi.

кучое да вазифа гирад хамончаро тороч мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)