EurasiaNet: “Корхонаҳои аз Гулнора Каримова гирифташуда зери раҳбарии хуҷаини нав дарҳояшонро боз мекунанд”
Бо гузашти чор моҳ аз баҳамзадани “Империяи тиҷорӣ”-ии Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон Ислом Каримов, бархе аз корхонаҳои ӯ акнун зери раҳбарии хуҷаинҳои нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Ба иттилои “EurasiaNet”, худи Гулнора Каримова ҳанӯз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Духтари калони президент аз моҳи феврал ба ин сӯ ҳамроҳ бо духтараш дар манзиле дар Тошканд нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар мактубе қаблан навишта буд, ки бо тавтиаи Рустам Иноятов, раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва модару хоҳараш -- Татяна Каримоваю Лола Тиллоева ба ин ҳол гирифтор шудааст.
Он замон расонаҳо аз қатъи фаъолияти радио ва телевизионҳои мутаалиқ ба Гулнора ва аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи тиҷоратии ӯ хабар дода буданд. Аммо Ҷоанна Лиллис дар матлабе, ки “EurasiaNet” нашр кардааст менависад, бархе аз ин корхонаҳо аллакай дарҳои худро боз кардаанд, аммо зери раҳбарии афроди дигар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |