Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:38

Тағйир ва таҳаввулхоҳони Афғонистон ба ҳимояти доктор Абдуллоҳ бархостанд

11 июн 2014, 15:51

Ҳудуди 99%-и узви Тими тағйир ва таҳавул - тими интихоботии Қутбиддин Ҳилол, номзади давраи аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон пуштибонии худ аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро дар давраи дуюм эълон кардааст.

Муҳаммадалӣ Набизода, муовини оқои Ҳилол рӯзи 11 июн дар нишасте бо ҷамъи аз аъзои тими интихоботии худ дар шаҳри Кобул гуфтааст, дар давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон аз Абдуллоҳ ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим аз сӯи аксари аъзои Тими тағйир ва таҳаввул дар пайи гуфтушунид ва машваратҳои зиёд гирифта шудааст. Набизода мегӯяд, “ибтикори иқтисодӣ, ки Тими ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии доктор Абдуллоҳ дорад, агар тибқи он кор шуруъ шавад, Афғонистон яке аз кишварҳои бойтарин дар минтақаи Осиё хоҳад шуд.

Тими интихоботии тағйир ва таҳаввул, ки бо раҳбарии Қутбиддин Ҳилол дар давраи аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон иштирок дошт, 2,7 дар сади орои раъйдиҳандагонро ба тарафдории номзади худ соҳиб шуда буд. Ин дар ҳолест, ки ахиран тими интихоботии доктор Абдуллоҳ - Тими ислоҳот ва ҳамгироӣ аз пайвастани федератсияҳои варзишии Афғонистон ва Шӯрои сартосарии вакилҳои навоҳии шаҳри Кобул ба он дар саҳифаи фейсбукии худ субҳи 11 июн хабар додааст.

То кунун аксар шахсиятҳои бонуфузи Афғонистон ҳимояти худро аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давраи дуюми интихобот эълон кардаанд. Ахиран Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аз тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" низ ҳимояти худ аз Абдуллоҳро эълон карда, мардуми кулли кишварашро барои ҷонибдорӣ аз ӯ даъват намуда буд. Ҳамзамон Залмай Расулва Гулоғо Шерзай, номзадҳои дигари интихоботи президентии Афғонистон низ аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабар дода буданд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон дубора номзадии худро эълон карда, бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш номзади пешгоми ин корзор эълон гардид. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи интихоботи президентии 5 апрели соли ҷорӣ эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • аз Тими Точикон

  • 11 июн 2014 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаста набошед пайравони Тими тағйир ва таҳавул. Шумо ки муаффак шудед, мо хам Точикистониён рушд мекунем. Ба доктар Абдулло пирузи хохонем.
Посух додан
  • Насибҷон

  • 11 июн 2014 22:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумораи ройи номзадҳо каме нодуруст зикр шудааст. Дар даври аввал доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ 44,9 дарсад ва доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31,5 дарсад рой ба даст оварда буданд ва мо умед дорем ва аз даргоҳи Худованди якто хоҳонем, ки номзади дӯстдоштаи мо доктор Абдуллоҳ бидуни душворӣ ройи беш аз 50 дарсадии мардумро соҳиб мегардад ва қудрати сиёсиро бо роҳи мусолиматомез ба даст хоҳад гирифт ва нахустин раиси ҷумҳури бо роҳи комилан демократӣ интихобшудаи Афғонистон хоҳад шуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!