Бахшҳо

Ҳушдори ҲНИТ ба ҳукумат дар остонаи интихоботи 2015

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи ғайринавбатияш ҳамла ба раиси худ дар шаҳри Кӯлобро ба баррасӣ гирифта, онро дасти гуруҳе хондааст, ки нооромии наверо дар кишвар хоҳонанд.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, “Шӯро ҳодисаи ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони кишвар ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро шадидан маҳкум намуда, онро ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳое медонад, ки оромиву субот ва ваҳдати миллиро халалдор кардан мехоҳанд.”

Масъулони ҲНИТ гуфтаанд, рух додани чунин ҳодиса дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ баёнгари он аст, ки дар кишвар гуруҳе хоҳони бесуботӣ ва нооромии нав мебошад. ҲНИТ ҳушдор додааст, идома ёфтани ин вазъият дар остонаи интихоботи парлумонии соли 2015-и Тоҷикистон барои субот ва амнияти кишвар хатар дорад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, мақомоти давлатӣ аз сиёсати таҳаммулпазирии раҳбарият ва аъзои ин ҳизб суистифода карда, фишору ҳуқуқвайронкунии худро бештар намудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, “бо роҳи тӯҳмат ва тарсу фишор аз сафи ҳизб берун кардани аъзо, бастани дафтарҳои кории ҳизб бо баҳонаҳои гуногун, нашри мақолаву маводҳои тӯҳматангез ва таҳқиркунанда алайҳи аъзову ҷонибдорони ҳизб, рӯҳоният, арзишҳои динӣ ва миллӣ, фишорҳои иқтисодӣ болои аъзову ҷонибдорони ҳизб афзудааст.”

Дар охир Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ҷилави амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвогароёнаи баъзе мақомот ва гурӯҳҳои манфиатддорро бигирад ва нишон бидиҳад, ки масъулияти таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро новобаста аз нажод, дин, ҳизбият ва минтақа бардӯш дорад.
Мӯҳр
Садопарда
Падари Пролетариат ва Коммунистони СССР- ЛЕНИН гуфта буд. Вакте, ки ДУ ФИЛ БО ХАМ РАКОБАТ МЕКУНАНД аз ин МУРЧАГОН ОЗОР МЕБИНАНД.
Шумо ХАМААТОН хизбдоро моро норохат кадесен. ЯК маротиба 70 ба 30 карден бас набуд. Ё ин ки кам расид ба касе. Фаромуш накунед ИДИ ВАХДАТИ МИЛЛИ МУБОРАК БОШАД !!!

Мусулмон
Ба ҳушдории ҲНИТ ман фақат гуфтаҳои олимонаву орифонаи муовини аввали Вазири авқофи Кувайт Одил Абдуллоҳ ал Фаллоҳро мисол меорам: "Дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун , низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ки ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад.".

kabiri bo chi maksad ba kulob raftaast? pomiriho nashud kulobihoro mexezoned???

said
salom musulmone ki khobasti!
Вазири авқофи Кувайт Одил Абдуллоҳ ал Фаллоҳро мисол меорам
uro ovarda maskhara namuded bas nest ki bo az u dalel meori sharm namedori magar? uchuni nagufta bud balki guftaast ki dar mo hizb nest. (shumo) uro digartarjuma namuded! agar islom ba hizb niyoz nadorad pas dar tojikiston hammai hizbhoro bandand ba fikri shumo boyad! va hukumatdori niz lozim nest ba fikri shumo boyad hukumat ham naboshad! in ghayri mantiqi ast!
VAHDAI MILLI POYANDA BOD TOJIKISTONI AZIZ MUBORAK BOSHAD!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)