Бахшҳо

“Барқи тоҷик” рост мегӯяд, ё “Барқ нест.Тҷ”?

Ширкати “Барқи тоҷик” хабарҳо дар мавриди вуҷуд доштани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ дар бархе аз навоҳии кишварро такзиб кардааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, гуфтааст, “айни замон дар интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон ягон маҳдудият нест.”

Ба қавли Ёдгорӣ, то ҳол бобати норасоӣ аз нерӯи барқ ягон корхонаи хурду бузург дар робита ба Барқи тоҷик даъвое пешниҳод накардааст. Сухангӯи ширкати Барқи тоҷик дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба сокинон танҳо ҳангоми таъмиру бозсозӣ дар фасли тобистон сурат хоҳад гирифт, аммо ба гуфтаи ӯ, дар робита аҳолӣ ҳатман қаблан огоҳ карда мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ дар идома афзудааст, ҳоло ширкати Барқи тоҷик аз фасли тобистон ва оби зиёди обанборҳо истифода карда, ба хотири беҳбуди вазъи молии худ ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир мекунад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ноҳияи Файзободу Ваҳдат аз ҷорӣ шудани лимити барқи ногаҳонӣ дар ин минтақаҳо шикоят доштанд.

Онҳо мегӯянд, бидуни огаҳӣ тайи чанд рӯзи охир интиқоли нерӯи барқ ба онҳо маҳдуд карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, бар асоси ҷадвали торнамои “barknest.tj”, ки он таъмини нерӯи барқ дар қаламрави Тоҷикистонро назорат мекунад, сокинони Файзобод рӯзи 11 июн танҳо 15 соат бо нерӯи барқ таъмин будаанд. Ин торнамо, инчунин навиштааст, ки сокинони ноҳияи Ванҷу Мурғоби вилояти Бадахшон, мувофиқан рӯзи 11 июни соли ҷорӣ 20 ва 7 соат нерӯи барқ гирифтаанд.

Шикояти сокинон аз норасоии нерӯи барқ ва “раддия”-и ширкати “Барқи тоҷик” замоне сархати расонаҳои хабарӣ қарор дорад, ки ширкати “Электрические станция”-и Қирғизистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дода буд. “Электрические станция”-и Қирғизистон мегӯяд, бар асоси ин шартнома Бишкек як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ менамояд. Дар ҳоле, ки бо вуҷуди фарорасидани фасли тобистон ва зиёд шудани об дар обанбори нерӯгоҳҳои Тоҷикистон як киловат соат нерӯи барқ ба сокинони кишвар 11 дирам фурӯхта мешавад.

Аз сӯи дигар, талоши ширкати “Барқи тоҷик” барои беҳбуди вазъи молӣ ва содироти нерӯи барқ ба хориҷ аз кишвар ба хотири он аст, ки ахиран масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”, марбут ба Эрон аз болоравии ҳаҷми қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерӯгоҳ хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ягона ниҳоди идоракунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз “Сангтӯда-2” 28 миллион доллар қарздор аст.

Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳоло Тоҷикистон дар як шабонарӯз дар фасли тобистон 6 миллион киловат соат ба хориҷ нерӯи барқ мефурӯшад, ки аз ин нишондод 2 миллионашро Қирғизистон ва боқиро Афғонистон харидорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар фасли тобистон сатҳи обанбори нерӯгоҳҳои Тоҷикистон боло рафта, ба ширкат имкон медиҳад, ки ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир кунад: “Ҳоло дар як сония 109 метри мукааб об ба обанбори нерӯгоҳи Норак дохил мешавад ва ин, албатта, ба мо имкон медиҳад, ки ҳам обро захира кунем ва ҳам ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ фурӯшем.”
Мӯҳр
Дируз дар чанд навохи барк набуд аз чумла дар нохияи хисор ва вахдату файзобод инро чи мегуяд Сухангуи барки точик . То кай дуруг ?

Едгори не соврал, просто по сравнению с дневными или недельными выключения света зимой так привык что по несколько часов для него не считается :)

А.
Оё сабаби хомуш кардани баркро ягон кас фахмонида метавонад.
Истаравшан: рузона аз соати 09-00 то 12 ё 15-00, бегохи аз соати 20-30 то 21 ё 22-00 баркро хомуш мекунанд. Вакте,ки ба кормандони барк занг мезани чунин чавоб медиханд: Шамоли сахт шуду симхоро канда кард
Аз гарми равганхо транс-р суюк шуд(барои
хунук кардан хомуш мекунанд)
Ба зимистон тайёри дида истодаем
ва гайра...... ба ки бовар кунем?
Ба мардум бифахмонед охир.

Дар н. Ашт хар бегохи руз то соати 10 барк хомуш мегардад.
Вакте, ки занг мезани ва мепурси, ки чаро ин тавр, мегуянд, ки амр аз боло шудааст.
Мардумро бохору зимистон бебарки ба дилашон задаст. Инсоф кунеду акаллан дар фасли бахор лимита аз байн бардоред!
Дуруг гуфтан чи лозим аст. Ё барки точик он кадар аз мардум дур шудааст, ки вокеиятро дида наметаонад?! Ё дидан намехохад?! Вой бар холи мардумро бечора, ки хатто баъд аз пардохти музди истифодаи барк онро бо хар бахонаи дуруги баъзе аз беинсофон, дастрас кардан наметавонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)