Бахшҳо
16 июн 2014 08:48Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сӯиқасд ба ҷони Орзу Исоев: Кори дасти Q-Net (“Кю Нет”)?

Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, гӯиё намояндагони ширкати Кю-Нет ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд. Ин ровӣ дар муроҷиати расмияш аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи таҳдидгарон чораандешӣ кунанд.

Исоев дар шарҳи қазия гуфт, “намояндагони ширкат Кю-Нет ба воситаи зангҳои телефонӣ маро таҳдид мекунанд. Мегӯянд, дар пайи сӯиқасд ба ҷони ман ҳастанд.”

Муҷрии Радиои Имрӯз афзуд, таҳдидгарон аз рақамҳои 93 823 03 93, 918 24 22 11, 93 487 66 66 ба ӯ занг мезананд ва аз онҳое, ки шояд ин рақамҳоро мешиносанду аз дасти соҳибонаш фиреб хӯрдаанд, хоҳиш намудааст, бетараф набошанд. Ин хабарнигори тоҷик ахиран дар барномааш - “Баҳси имрӯз”, ки ҳамарӯза аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз мустақиман пахш мешавад, фаъолияти ширкати “Кю-Нет”-ро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.

Масъулини “Кю Нет” дар пайи пахши барнома Орзу Исоевро дар баррасии ғаразноку яктарафаи фаъолияти ширкат муттаҳам намуданд ва ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи ин кор аз ҳаққашон дар додгоҳ ҳимоя хоҳанд кард.
Мӯҳр
Акаи Орзу!!! Бародари гиромикадр ягон майда зик нашав мо бо Шумоем!! Дар хакикат ин ширкати Кю-Нет тамоми кору бораш ва фаъолияташ фиребгарию шайтонист. Мардуми камсаводли моро ба доми худ кашида истодаанд. То хатто ман шахсан худам тули 3-рузи дарсиам, ки хамкурсонам бурданд рости гап маълумам шуд, ки ьамоми хамон аъзоёни ширкат аз кори карда ва аъзошавии худ сад пушаймонам. Рости гап маро дар офиси махаллаи 82 бурданд дар рубаруи маркази савдои САОДАТ ва инчунин якчанд хонахои хамон доми Саодат вале ман хушёриро аз даст надода кабул накардам. Харчанд, ки тренерхои чаласавод маро бо хар бахона чалб мекарданд. Бар замми ин бо ин чаласаводхои ба ном тренер хам марду хам занаш бахс менамудам. Аз мардуми шарифи Точикистон хохиш менамоям, ки ба ин доми найрангарону, фиребгарон даст дароз накунанд. Боки саломату, сарбаланд бимонед!!!

Ассалому алайкум! Дар хакикат шумо дуруст мегуед, ин ширкати КЮ-нет бо вербовкаи мардум машгул аст. Як рафики ман бо ваъдахои додаи вербовщикхои ин компания 1-сол пеш 2500$ аз бонк карз гирифта ба онхо дода буд. Дар ивазаш 1 соат ва 1 амулет доданду гуфтанд ки боз ду нафари дигарро биеру сохиби пул мешави. То хол 1 сомони хам фоида нагирифтааст. Бечора то хол карзи бонкро дода истодааст.

Саидо
акаи Орзу Вы правильно сделали так держать, продолжайте в этом духе, надо полностью бороться с такими организациями которые обманывают наш народ. Всегда будьте таким мужественным и не бойтесь ни кого...

Журналист
Аввал Кю-Нет як дуруг аст, баълдан Орзу як хангомасози дигар

шахрванд
Орзу Исоев салом! Бародари гироми о фаромуш накунед, ки бачакои Хатлони бояд тарсончак набошанд-ку. Бояд говджигарии худата нишон дихи, бо максаде ки дар рузнома, интернет ва гайрахо овозаю дарвоза накни-охи. Мард барин як ба як ру ба ру ба онхо рафта гап занед. Мо бо Шумо хастем ва хамавакт дуо мекунем, ки овозат доимо баланд садо дихад. Дар панохи ХУДО бошед

ман пеш аз хама ба рохбарони Додситонии Чумхури ва Вазорати дохила мурочиат карданиам ,ки ин гурухи каллобон-кю нет солхои тулонист ба мардумфиреби машгул хастанд чаро шумо инро дида наметавонед ? Охир ин хамон пирамидаи мухра бизнесе аст ки тамоми мардуми чумхуриро ба доми худ андохта буд ,факат дар шакли дигараш. Чанд сол пеш маро низ ба ин кор даъват карда буданд ,лекин ман гайриконуни будани ин корро фахмида худро олудаи мардумфиреби накардам. Чаро шумо -эй хомиёни хукук инро нодида мегиред,пеши рохи ин харромонро намегиред ? Бисёр мутаассифам

Махфи
Аз шунидани ин хабари шум бисёр гамгин шудам. Орзу ягона журналисти озод андеш ва нотарс дар Точикистон мансуб меёбад. Хама руз барномахои уро тарики радиои имруз мешунавам вокиян бехтарин мавзухоро тахлилу бараси мекунад. Агар конун дар бораи озоди баён дар Точикистон бошад пас чаро Орзуро тахдид мекунанд?
Худованд нигахбонат бошад Орзучон, мо бо ту хастем хар кучои , ки боши...

Орзу ! Точикистон Украина нест, ки боз рузноманигорони гаравгонро озод кунанд ! Худатро эхтиёт кун факат. Чунин одамон андеша надоранд

Ватандор
Салом!
Бародари азиз Орзу, агар дар хакикат ба чониби Шумо тахдид содир шуда бошад, ин далели он аст, ки кору бори ин ширкат аз калоби ва мардум фиреби иборат аст. Шумо бояд пас нагардед, кушиш кунед, ки ин масъаларо дар сатхи васеъ матрах кунед бо иктисодчиён ва дар барномахои телевизиони то мардум огох бошанд.
Ман умуман дар таачубам, ки то кадом дарача давлат аз сатхи иктисодиёт бехабар бошад, ки ба монанди хамин Кю-Нет-хоро дар каламрави мамлакат ичозаи кор карданро додааст. Ин аслан аз он дарак медихад, ки дар сатхи давлат, яъне идорахои лозими шахсони тахлилгари иктисоддон кам мондаанд ё умуман вучуд надоранд.... Афсуз!
Мат чанд масъаларо матрах мекунам, ки инхо аз:
1). Як масъала хамон аст, ки айни хол Бонки Милли барои муътадил нигох доштани вазъи асъори хоричи (доллари ИМА) чорахои зарури андешида истодааст, ки аввалаш бояд хамин хел гуна созмонхои калобиро сари рохашонро гирифт, ки ин онхо ба шустани асъори хоричи дар давлати мо машгул мебошанд....
2). Бояд мо дигар пахлуи корро хуб хис кунем, ки ин ширкат мегуянд сетевой маркетинг мебошад... Ой бародарон Шумо фаъоляти кории ин ширкатро ба сетевой маркетинг аралаш накунед, ки ин иштибохи калон аст. Сетевой маркетинг- тамоман дигар маъно дорад ва хеч гох боиси даъвои мизоч намешавад ва агар хам шавад, хали масъала осон аст... ( бидуни шарх барои касе агар мафхуми ин амал лозим бошад аз интернет кофта хонад)...
3). Ман боз бори дигар такрор мекунам, ки ин фаъолят ба монанди аз сатили об обро ба коса гирифтану нушидан аст, ки дар натича баъди 100-150 коса об дигар дар сатил об намемонад... ана ин аст мантики кори ин ширкат... пас биёед фикр кунем, ки агар дар ЧТ, барои мисол 1 000 000 ахоли бошад, дар холати хамаи онхо аъзои ин ширкат шаванд, баъдан ин ширкат ё хамон шахсон дигар аз кучо маблаг ё даромад мегиранд, кани як бор фикр кунед. Ба хамин тамом мешавад фаъоляти кории ин ташкилотхо ё ширкатхо дар давлат.... ана хамин аст маънои ПИРАМИДА.
4). Ман ба шахсони мутасадии давлат, иктисодчиён мурочиат мекунам, ки Шумо набояд бо ин амалхое, ки анчом дода шуда истодаанд хунукназарона рафтор кунед, чун ки баромадни маблаг аз давлат ин боиси вайрон шудани динамикаи иктисодиёт, яъне талаботу пешниход (спрос и предложение) дар бозори моляви, маблаг-гузори ва асъори оварда мерасонад. Ба хамаи мо хуб маълум аст, ки айни хол дар тамоми дунё курби асъор дар бозор аз динамикаи талаботу пешниход муаян карда мешавад.
Агар ба изати нафси касе расида бошам, узур мепурсам, чун ки ин акидаи шахсии ман аст...
Ободу тансихат бошед ва барои хамаи Шумо барории корро орзу дорад.
Аз Худованди кариму рахим хохони он астам, ки дар хамаи равиши зиндаги халки азизамонро пируз гардонад ва хамеша сарфароз бошанд!!!

Фаррух
Дар хакикат ширкати КЮ-нет мардумро фиреб мекунанд. Эй бародарон эхтиет бошед, ки дар доми чунин фиребгарон наафтед. Манро хам, чанд маротиба ба "утоки кориашон", ки дар назди маркази савдои Саодат вокеъ аст даъват карданд, ман ба онхо бовар накардам, ва бахси зиед бо "тренерхои" онхо кардам. Ман то дарачае бо онхо бахс кардам, ки худашон дигар маро даъват накарданд, дигар гашта занг хам назаданд.... Эхтиет бошед!!!

Qnet
Салом Орзу ва хонандагон. О ту аз суикасду тахдид метарси чаро дар барномааат гапхои бештар бофтаю дуругро мезани, гапи дуругро гуфти хатман хохад чавоб дод. Дар ягон биснез нагуфтааст, ки сумтии ва ба пушт хоб куни фоида меори. мехнат карданд даркор. Ман худам хам аз Кулобчонум неки туро буздилша хурмат намекунам. Сарбаланди гар бихохи бо хама якгарнг бош, колин аз сарбаланди зери пой уфтодааст. Ту хам аз ин серрангиат зери пой меафти ягон руз. Неки ман як чизро гуфтаниям, ки новобаста аз пургуии ТУ кори ман хуб рафта истодааст.

Ф
Qnet,
Бародар, ман кафолат медихам ки кори ту хуб нест. Камтар чашматро кушо, кор дар инхел ширкат хуб шуда наметавонад. Вакти пуркиммату, маблаги халолатро хайф накун

Колин...
Qnet,
Qnet,--агар кору ту хуб бошад, кори хамон нафароне ки ту ба ин фаъолят чалб кардаи чи тавр аст... кани гап зан. Асалан Шумо нафароне ки ба чалби одамон машгулед факат фикри даромади худро доред ва парвои шахси чалбшударо надоред.
Андшеа кунед. Хамон шахсе, ки Шумо онро даъват мекунед дуст, рафик, хамватан, хамдиёр, бародар ва ошнои шумо аст ва маблаги вай сарфшуда маблаги ту хисоб мешавад... Наход, ки барои манфиати шахсии худ ин шахсиятхоро ба доми фиреб равона созед... боз шарм кунед...

Ин хама айби давлат аст, ки ба мардум шароити кори мухаё намесозад. Бинобар ин мардуми бечораю бенаво аз пай зиндагии хуб шуда ба доми фиреби ина хамин хел ширкатхо меафтанд. аз хисоби онхо дигар баднафсон истифода бурда шикамби горашонро пур мекунанд.. аз саратон монад хамон чор пуле, ки аз хамин камбагалхо мегиред.

Такая идиотская пирамида в свои годы была очень развита в Согде в основном Худжанде, типа обещают что за день будешь зарабатывать по 5000$, а по самим сотрудникам видно что и даже покушать у них денег нет, это своего рода гипноз и психическое воздействие на восприятие человека который образованно слаб. Все кто раньше сами этим занимались выходят из числа этой Компании. Кстати в Худжанде компанию зовут Qestnet. Разве это одно и тоже с Qnetoм?

Барномахои акаи Орзуро гуш кардам дар бораи ширкати Qnet вале забони факти уро намебинам чаро факат танкид мекунад чаро тахлил намекунад хатто нафароне ки ба у занг мезананд мегуянд сухтем вале Орзу саво медихад ки аз кадом ширкат сухти у номи ширкатро намедонад .... э мардум дар дунё 15 000 ширкати нетворки вучуд дорад дар ЧТ 32 намуди ширкатхои нетворки фаолият мекунад .... охир чаро Орзу дар барномааш намегуят ин ширкат фаолияташ кай сар шуд, аз тарафи ки сар шуд, аз кадом давлат сар шуд, чан сол щуд фаолияти кориашро, оё намояндаи у дар ЧТ хаст ё нест ва ки кабул кардааст намояндагии уро.... чоро ин чизхоро намегуяд о журналист пеш аз оне ки ягон мавзуъро танкид кардани мешавад бояд дар борааш маълумот дошта бошад аввал бояд тахлил кунад баъд танкид...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)