Бахшҳо

Исломов: “Усмоналӣ пеш аз ин барои фирор аз хидмат маҳкум шуда буд”

Додситон Дилшод Исломов рӯзи 16 июн, ҳангоми суханронияш дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, гуфт, Усмоналӣ Ғайратов, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев -- сарбози нерӯҳои марзбонӣ муттаҳам мешавад, соли гузашта барои саркашӣ аз хидмат шартан аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Исломов гуфт, ҳукми додгоҳ нисбат ба Ғайратов моҳи августи соли гузашта эълон шудааст.

“Ӯ бар асоси моддаи 374-и Кодекси ҷиноӣ барои саркашӣ намудан аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ маҳкум шуда буд”,-афзуд ӯ. Номбурда иброз дошт, “Усмоналӣ Ғайратовро соли 2012, вақте ба ноҳия Рашт ба хизмати ҳарбӣ мебурданд, аз нисфи роҳ гурехта, ба Русия меравад. Баъд аз бозгашт ба Ватан дар соли 2013 ӯ як сол ҳукми санҷишӣ мегирад”.

Дилшод Исломов бо баёни ин ҳарфҳо аз додрас хост, ӯро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев бар асоси моддаи 373-и Кодекси ҷиноб муҷрим шинохта, ба даҳ соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар идома афзуд, “бо таваҷҷуҳ ба кирдорҳое, ки Усмоналӣ қаблан кардааст, ҳеч гуна сабуккунии муҳлати ҷазои ӯ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст”.

Аммо Абубакр Қулматов, вакили мудофеи Усмоналӣ Ғайратов аз додрас хост, айбнома алайҳи зерҳимояаш бар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шуда, нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ гардад: “Муфаттиши парвандаи Усмоналӣ Ғайратов зимни тафтишот ба бисёр қонунвайронкунӣ роҳ додааст. Аз ҷумла, дар марҳилаи аввали тафтишот бе ҳузури вакили мудофеъ Ғайратовро бозпурсӣ намудааст.”
Мӯҳр
Агар Усмон сад сол зиндонӣ шавад ҳам, рӯзе ба озодӣ баромада, зиндагиашро давом медиҳад. Вале Шаҳболи бечора чӣ? Магар тайи ин муддат ӯ сиҳат мешавад? Усмон ӯро маъюби якумрӣ кард. Магар барои Усмон ягон намуди ҷазо ҳаст, ки бо маъюбии якумраи Шаҳбол баробар бошад? Агар замонҳои қадим мешуд, қозӣ ҳукм мебаровард, ки сутунмӯҳраи ӯро низ бишкананд, то ҳардуяшон баробар ва як хел азоб бикашанд. Муфаттиш ва адвокати Шаҳбол бояд ба ҳамин тарафи қазия пофишорӣ бикунанд. Судя бояд чизе дигареро низ дар назар дошта бошад, ки ҳукми ӯ дар пешгирии бузургсолорӣ (дедовшина) ва лату кӯб дар артиши Тоҷикистон дар оянда аҳамияти бузург дорад. Шояд ин ҳукм дар барқарории адолат ҳукми таърихӣ бувад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)