Бахшҳо
17 июн 2014 08:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эмомалӣ Раҳмон: "Сохтани қасру хонаҳои боҳашаматро бас кунед" (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар, ки 16 июн баргузор гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014-ро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, вазъи феълӣ дар кишвар ӯро қонеъ карда наметавонад.

Масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри баъзе равандҳои манфӣ дар 5 моҳи соли 2014 аз сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандони кишвар хостааст, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи нав ва дар ин замина ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Оқои Раҳмон аз коҳиши суръати рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши гардиши савдои ҳориҷӣ, аз ҷумла содирот, нигаронӣ карда, ба ҳукумат супориш додааст, барои ислоҳи вазъ тадбир андешад.

“Суръати имрӯзаи рушди иқтисоди мамлакат моро қонеъ карда наметавонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем”,-таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Дар маҷмуъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ҳукумати кишвар сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, ноил шудааст, тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт ва иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиву уҳдадориҳои иҷтимоиро таъмин намояд. Ӯ дар қатори дастовардҳои тайи 5 моҳи аввали соли равон аз ҷумла 6,5 фоиз то ба 13,5 миллиард сомонӣ зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иҷрои буҷаи давлатӣ ба андозаи 102,4 фоиз, ба имзо расидани 6 созишномаи нав бо маблағи умумии 258 миллион сомониро номбар намудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри камбудҳо дар ҳар яке аз ин соҳаҳо супориш додааст, ҳар чӣ зудтар ислоҳ шаванд: “Дар назди Ҳукумат вазифаҳои душвор, вале иҷрошаванда гузошта шудаанд. Ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда бояд то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад. Дар як вақт, тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон эълон шудаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, 4,6 баробар кам шудани содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба воридотро қайд намуда, дастур додааст, аз ҳисоби рушди истеҳсолоти дохилӣ ба ин раванд хотима дода шавад.


Эмомалӣ Раҳмон: "Сохтани қасру хонаҳои боҳашаматро бас кунед" (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: "Сохтани қасру хонаҳои боҳашаматро бас кунед" (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: "Сохтани қасру хонаҳои боҳашаматро бас кунед" (АКС)
Мӯҳр
Сарир
Конун дар бораи манъи касру кушкхо бояд барвахт мисли Туркманистони бучааш 40 миллиар долара кабул мешуд. Касеро,ки дар вазифа таъин мекунанд танхо як максад дорад,харчи тезтар бо суъистифедаи вазифа касру кушк бо пули дузди ва пора сохтан,дигар касе парвои давлату миллат надорад.Аз ин ру чунин конун бояд 15 сол пеш кабул мешуд.Холо низ,ки давлат фуру нарафтааст,имконияти кабули таъчилии чунин конун вучуд дорад то зарбаи мухлике ба корупсионерон зада шавад.

шахрванд
Ч,аноби оли! аз сохторҳои давлатӣ пурсен ки аз кадом хисоб пул ч.амъ карди ки бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро месози?

шахрванд аз Душанбе
Хукумати Чумхурии Точикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Холо хам дер нест. Маблагхое, ки ба сохтмони хонахои баландошёна ва касрхо сарф мешаванд, ба рушди иктисодиёт, аз чумла саноату энергетика сарф шавад, манфиати зиёд дорад. Он хона ва касрхое, ки шахсони алохида бунёд мекунанд, ба мардуми одди дастрас нест. Офарин Эмомали Рахмон.

Абдулло
Мухтарам чаноби оли ин гуна фармонхиву супоришхои руи вараки одаи шумо як бору дубор нест, балки садхобор ин хел супоишхоро баровардаед аммо хечаст!!! Шояд баъди ин супоиши навбатии шумо бахонаи зур шавад барои кормандони идорахои дахлдор барои сохибкоорону камбагалоне, ки дар мухочирати мехнати бемор шуда кор мекунанду ба сад умед меоянд хона месозанд ана ба меоянд мегуянд супориши ЧАНОБАСТ хонаи баланд насозед!!! Аммо дигаро чи бояд созанд!!! Ба мисли он, ки дар паём гуфта будед, ки дар варзоб чойи сайёхон созед аммо хонаи истикомати сохтаанд дастпарваронатон инашам ба мисли хамин....

МУХА
АЗ КАСРУ ХОНАХОИ БОХОШАРАМАT АНДОЗ СИTОНДА ШАВАД

Ба сохибкорон неву балки ба вазиру раисхое,ки дар вазифахо давлати хастанд гуфтан даркор ки касру хонахои бохашамат насозанд.Кадом нафаре дар вазифаи давлатие,ки фоида ба кисаашан меорад факат манфиати худро мебинад,дар бораи халки одиву камбагал ягонтаи онхо парвое надоранд.

Аввал ин, ки ин гапоигуфтаҳои э. Раҳмонуф, дарди сари марбуми ома мегардад, боз ҳамон соҳибони қасрҳои боҳашамат мардуми бечароро барои сохтани хона миёнаҳол штраф мекунарду пора мегиранд. Ин навъ суханкарданҳои раиси ҳукумат бар зарари мардуми бечора сст. дигараш он, ки аз ҳисоби ҳукумат милёнҳоро сарф барои байрақу гербу чойхона ва китобхонаи бо ҳашамат накунеду, бо он пулҳо корхонаҳо созед, донишомузонро ба ихтирокори ташвиқ кунед, моҳонаи муалимонро балард кунед то пора нагиранд дар ивази бесаводи.

Магазинхои бохашамати вазирон манъ мешуд онхо точиранд ё вазир?

о бо...

999
Эроди дуруст ва саривакти хаст аммо агар аз сохибони он касру кушкхо мошинахои гаронарзиш манбаи даромаданашонро як мепурсиданд хуб мешуд ва нафаре ки исбот карда натавонад ба буча хамин кадар маблаг супорад буча гани мегардад чи гуфтен?Дар давлатхои демократи агар аз 5000 доллар зиед харид кунед справка аз налог мепурсанд.

боз як кумита ташкил мешавад, барои бекорхучахо

сомон
рафик президент сохтмони хонахойи бохашамат маън не пурра санчида шаванд ки бо кадом маблагхо сохта шудааанд чи лозим суханхойи хавой икдоми амали зарур аст

Хама вазирону мансабдорон дар ин 22 сол бо хонахову касрхо таъмин шуданд.22 сол пеш ин рохро мегирифтед ана медидем ки чи мешуд.

БА ЧОИ ХОНАХОИ БОХАШАМАТ ФГАЛШТОКХО, ФОНТАНХО, ЧОЙХОНАХО, ГУЛХОЮ ДАРАХТХОИ ДОНААШ 2500$, СОЗЕД ХАРЕД.

Адолат
Чаноби Оли як комиссиюни босалохият аз хисоби чомеаи шахрванди ташкил карда як месанчиден, ки ин анбухи касру кушку бустонсарохои раисону вазирони ноухдабаро аз кадом хисоб ва даромади муфт сохта шудааст, дар холе ки мардум факиру гастрабайтер,ана мо шахрвандони одди мефахмидем, ки президент тарафи халк ва кор карда истодааст, ага не ин изхоротхои хавои ва тахминии аз карнайчи як пуф, халк ба чое намерасад

сохибкор
мо он кадар хукумати халол надорем, ки бо завк ягон пешрави кунем. Коро сар нокарда аз андози кумитара медаван. Ба чои дастгиришон як намуд гап мезанан мегуи, ки одам куштаи ё хамаи бучаи давлата горат кардаи. Одами хаки коргар мондаги пушти нохакро мегиранд . порахури

Хамаи мо нодидаем барои хамин пешрави намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)