Бахшҳо
17 июн 2014 15:38Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Изҳороти роҳбар ва ҳамсари Александр Содиқов, муттаҳам дар “ҷосусӣ”

Ҷон Хизершоу, академики Донишгоҳи Эксетер, ки роҳбари илмии Александр Содиқов мебошад, иттиҳоми Кумитаи амнияти Тоҷикистон алайҳи шогирдашро беасос хондааст. Хизершоу бо нашри баёнияе дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфтааст, Содиқов унвонҷӯи донишгоҳи Торонто буда, тариқи шартнома бо Донишгоҳи Экcетери Бритониё ба пажуҳиши таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми ҳалли низоъ машғул аст.

“Содиқов ахиран ба пажуҳиши ҳалли мусбати низои 21 май дар Хоруғ машғул буд ва зимни суҳбат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон боздошт шудааст”,-навиштааст ӯ.

Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр, низ иттиҳом алайҳи шавҳарашро беасос хонда, таъкид мекунад, ки Содиқов олим аст ва бояд Тоҷикистон аз доштани чунин шаҳрванд ифтихор кунад. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ хостааст, нисбат ба тақдири шавҳараш бетарафӣ зоҳир нагардад ва аз Хизершоу даъват намудааст, ки тамоми маводи марбут ба фаъолити илмиро ба мақомоту расонаҳо пешкаш кунад, то шубҳаҳо дар бораи фаъолияти шавҳараш бартараф гарданд.

Содиқова навиштааст, Хизершоу дар лаҳзаи аввали боздошти Александр ба ӯ изҳори ҳамдардию ҳимоят карда, аммо феълан ӯро аз рӯйхати дустонаш дар Фейсбук лағв намудааст. Ин зан таъкид намудааст, дӯсти асосӣ дар вақти мушкилӣ зоҳир мегардад.

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқов, як сокини кишвар дар Хоруғро тасдиқ кард. Ин ниҳод дар изҳороташ гуфтааст, Содиқов дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ ба Хоруғ рафта будааст. Аммо гуфта нашудааст, ки кадом кишвари хориҷӣ.

Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. “Санҷиши пешакӣ нишон дод, Содиқов рӯзи 9 июн тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Тоҷикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард”,-омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод мегӯяд, Содиқов баъд аз ин суҳбат вазифадор шуда буд, ба Хоруғ рафта, бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва дигарон дидору гуфтугӯ кунад. “Ҳангоми мулоқот аз Шерзамонов тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд. Содиқов бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқоти Содиқов бо Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид”,-гуфта шудааст дар изҳороти Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон.

Аммо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон, иддаои мақомот дар бораи ҷосусии Содиқовро рад карда, гуфтааст, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафтааст. Ба қавли ӯ, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
лакайбоши
Александр Содиков пажухишгар ва аспиранти донишгох будааст ку, аввал санчед баъд изхорот пахш кунед на ин ки фиребу вохима ва салларо биёр гуянд, каллара меоред.

Адолат чизит хуб аст. Тӯҳмат кардӣ, ба тӯҳмат гирифтор мешавӣ. Куштӣ, кушта мешавӣ. Дуздидӣ, дуздат мезанад! Аз рӯи адолат қазоват кунед.

Баходур
Касе худро зархариди хоричи эълон намекунад ва акидаи Алим Шерзамонов билкулл хатост. Чунки худи Алим хам зархариди хоричихо мебошад ва барои Точикистонро ба чанг кашидан хизмат мекунад.

Хоричихо махз чунин аспиратони ватанфуруш мекобанд. Аспирант барои пулу мол ватанашро фурухт

Собир
Барои низоъшиносй наход дарав Бадахшон равй, бекалла! Мон хамун органхо тафтишотро тамом кунанд, баъд рафтан гир. Шарт нест, ки Бадахшон равй, дар ончо олимону коршиносони зуртар аз Александр хастанд. Якин аст, ки чосус аст. Амнияти моро гул гумон накунед. Бачахо хушёранд, кор мекунанд. Ба пеш, хомиёни Точикистон!

Ман хайронам ин марди дастгиршуда ва хамсари у дар кучо ва аз кучо точик буда, удро точик мехисобанд. О дар ягон сикаву симои онхо симои точикона дида намешавад. О дар кадом давлате, ки буди чаро он чо монда хонишатро давом надода ба Бадахшон омади, дар ин чо чи пажухиш мехости куни ва ё максаду маром дигар буд.

Бародарон! Точикистон як бор огуштаи хун шуд, бас! Дарсхои Украина сабак намегашта бошанд барои беаклхои мо??? Украина пора-пора шуд, дигар чанг дар ин кишвар эхтимол аст, ки манъ шавад. Хамааш аз дасти ана хамин гуна олимони шпион!!!

Хама шохид аст, ки баъд аз омадани Алим Шерзамон ба Бадахшон ноороми ва чангу чидол дар ин сарзамин авч гирифт. Зеро у бо супориши хочагони хоричии худ ва пулу пайсаи зиёд омада мехохад ходисахои украинро дар ЧТ ба миён орад.

makhmadzoir
Ин хел носодиковхо дар хар давру замон хастан, ки бо супориши хочагони хоричиашон ва хизмати хирсонаи худ давлатхо ва кишвархоро ба коми оташ кашида месузонанд. Барои онхо мафхуми ватан, модар ва миллат вучуд надорад. хангоми дастгир шудан хазорхо бахонаи дуругинро пеш меоранд. кормандони амният бояд ба ин сафсатахои беасоси онхо бовар накунанд.

Хамин Алим Шерзамонов нест, ки 1 сол пеш дар К+ тазохуроти бадахшонро тарафдори карда тамоми душманони точикро дар хорич чамъ мекард?? Охир инро анику дакик кардан чи лозим ки, дар пешонааш навишта шудааст, ки Алим Шерзамон чосуси хоричиён аст.

Грузия, Киризистон, Украина ва инак даст ба Точикистон задани доранд!! Ин хама омилхои сепаратисти буда, Алим Шерзамонов нафари сепаратист аст. Кандаша занад амният! Ба хеч кас бовар накунед, пеширии вокеа пеш аз вукуъ уфтаанд. Сафархои мунтазами хоричиён ба Помир бехудаву беманфиат нест!! Набошад чаро ин кадар як минтакаи тинчу ороми мо дармеирад??

Хамаи инхо бо бахонаи аспиранту донишомуз фаъолият мекунанду, дунёра чазиру валангор ва Ватанро ба 25 дирам фурухтан таёранд. Шпиони тапа тайёр, чи чои фикр?? Александр Содикову Алим Шерзамонов пинхони номаъкул мекунанд вохурии пинхони мегузаронанд??

Ин агар шпион мебуд, ва дар ватанаш дар "чумхурии халкии Панчакент", шпионира меомухт, наход аблахона дар як чои серодам дар рузи равшан, мулокот мегузаронд. Илтимос пеш аз пода чанг набардошта, камтар мулохиза кунед, наход мисли кабилахои вахшии Африко як чизи нофахморо шунида доду вой мебардоред. Кани таффакуру шуур? На кадоме аз шумо Шерзамоновро мешиносаду на Содиковро, чи чои аёхухи бехуда. Забон як гуштпораест, неки сохибаш мумкин камтар магз дорад, ки фикр кунад, пеш аз хавои дахана баровардан.+

makhmadzoir
Ахсант ба кормандони амният холо дар ватани азизамон шояд ин хел ватанфурушон бисёр бошанд ман бовари дорам мо точикон як дилу якчон шуда хаммаи онхоро фош карда башараи аслии онхоро нишон медихем! Барои он, ки дар урфият мегуянд "Кур як бор асояшро гум мекунад" На чанги Украина балки мо як бор аз сарамон чанги хонумонсузу оби чашми модари точикро дидаем, ки бо дастони хамин хел Алексадрхо амали гаштаанд. хеч гох инро фаромуш нахохем кард. лакайбоши,

Чоршанбе
Канд занед амниятчико! Чунин чосусон шояд дар ЧТ шумораашон ба хазор расад, ки барои пул шуда, манфиати миллату давлатро зер по гузоранд. Барои чи Алим Шерзамонвро дастгир накардед, зеро Александр махз мулокоташро бо у анчом додаст ку!? Яъне бо муташанич шудани авзоъ Алим Шерзамонов дигар натавонистааст, бо хочагони хоричиаш вохури доир намояд ва шояд онхо махз Александрро фиристодаанд то маълумотхои чамънамудаи Алимро гирифа бурда расонад. Вале чи хеле мегуянд " Бори кач ба манзил намерасад" Агар дар хакикат нишонахои чосуси Александр муайян ва худи у икрор шавад, корро дар ин самт чонок намоед кормандони амният, чунки боз бо либосхои гуногун метавонанд, ватанфурушонро равон созанду ватани тенчу осоиштаро нотинч гардонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)