Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 04:04

Вокуниши Умаров, Талбаков ва Исмоилиён ба манъи сохтмони қасрҳо

18 июн 2014, 11:10

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои қатъ кардани сохтмони қасру кӯшкҳо аз сӯи афроди доро ва мансабдорони кишвар бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст. Аксар хонандагони торнамои “Озодагон” аз ин тасмим истиқбол карда, вале гуфтаанд, мақомот “дум”-и соҳибкорону афроди дороро гирифта, мансабдоронро боз ҳам аз об хушк хоҳанд баровард.

Дар ҳоле ки ба қавли профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба мақомдорон дахл дошт. “Онҳо метавонистанд маблағро дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ истифода кунанд. Вақте расидааст, ки президент маҷбур шуда, то муроҷиат кунад, маблағҳои ҷамъшударо барои бунёди корхонаҳо, барои амалӣ гардондани сиёсати иқтисодӣ равона кунанд. Дигар роҳ нест, ягона роҳ ин барқарор кардани корхонаҳост”,-таъкид дошт Умаров.

Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳарфҳои оқои Раҳмон бояд даҳ сол пеш гуфта мешуданд: “Аслан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамоми дороиҳо барои истеҳсол, тиҷорат ва коркард равона карда мешавад. Мутаассифона, дар кишвари мо чунин аст, ки ҳар касе сармоя дорад, қабл аз ҳама қаср месозаду мошинҳои гаронбаҳо мегирад.”

Мусоҳиби мо илова кард, бо ин вуҷуд тарафдори амалӣ шудани муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон аст ва бовар дорад, дар сурати қатъ намудани сохтмони кӯшку қасрҳо тамоми имконият барои рушди иқтисод равона хоҳад шуд. “Баъзе аз сармоядору мансабдорони хориҷиро медонам, ки бо дучарха ба кор мераванд ва дар манзилҳои хоксорона ба сар мебаранд. Муҳим ин аст, ки он маблағҳо ба истеҳсол равона карда шавад. Дар Тоҷикистон онҳое қаср месозанд, ки бо истифода аз мансаби давлатӣ тиҷорат мекунанд, онҳо аз роҳи амалҳои коррупсионӣ истифода мекунанд. Як вакил, вазир ва дигар мансабдор бо моҳонаи худ чунин қасрҳо сохта наметавонад. Ман наметавонам бигӯям, ин қасрҳо бо пули дуздӣ сохта шудаанд, ин дағал мешавад. Вале далел овардан барои ин суханҳо мушкил нест. Ҳар касе мехоҳад ин корро метавонад таҳқиқ кунад”,-илова кард ӯ.

Исмоил Талбаков мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз ҳама маоши зиёдро дар Тоҷикистон раисҷумҳур, вакилони мардумӣ ва кормандони бонк мегиранд, аммо ба қавли ӯ як вакил қаср сохта наметавонад. “Барои амалӣ кардани ин суханҳои президент бояд чораҳои амалӣ андешида шавад. Феҳрасти қасрсохтаҳоро тартиб диҳанд, варақ зананд ва дақиқ кунанд, ки он то куҷо ба даромади мансабдорҳо мувофиқ аст. Дар сурати мувофиқат накардан он қасрҳо бояд давлатӣ ва объекти иҷтимоӣ карда шаванд”,-таъкид дошт муовини раиси Ҳизби коммунист.

Зулфиқор Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, бовар дорад, бештари ин қасрҳоро онҳое сохтаанд, ки дар тими раисиҷумҳур дар ҳукумат кор мекунанд ва хитоби президент ҳам ба онҳо дахл дорад. “Воқеан, давоми 22 сол мушоҳида кардам, дар Тоҷикистони мо корхона кам андар кам бунёд карданд. Фақат маркази савдо, фарҳанг ва бозор кушоданд. Инро мардуми одӣ намекунад. Инро мансабдорон, вазирон, сардорони кумитаҳо, ниҳодҳои қудратӣ мекунанд. Ҳамон одамҳое, ки қаср месозанд, одам доранд, дар “боло” нафарони худашон ҳаст. Дар Тоҷикистон бунёди манзил муд шудааст. Тамоми мардуме пул доранд, ширкат мекушоянд ва хона сохта ба ин тиҷорат мекунанд. Онҳое, ки қаср месозанд, бо пули дуздӣ ва дар боло нафарони худро доранд. Як шаҳрванди одиву камбағал наметавонад қаср созад. Албатта, метавонад, вале шояд то охири умраш танҳо як девори қасрашро бардорад.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар, ки 16 июн баргузор гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014-ро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, вазъи феълӣ дар кишвар ӯро қонеъ карда наметавонад.

Масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри баъзе равандҳои манфӣ дар 5 моҳи соли 2014 аз сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандони кишвар хостааст, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи нав ва дар ин замина ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Оқои Раҳмон аз коҳиши суръати рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши гардиши савдои ҳориҷӣ, аз ҷумла содирот, нигаронӣ карда, ба ҳукумат супориш додааст, барои ислоҳи вазъ тадбир андешад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардуми одди хато заамин барои хона гирифта наметавонад,чи расад ба каср!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чои таассуф аст ки ин суханронихо хама вакт буданд ва мемонанд. Президент гох мегуяд ки телефони мобили харид накунед, масраф кам кунед, хона насозед ва гайра. Рузе мерасад ки мардумро аз зан гирифтан манъ мекунанд. Аммо мушкили асли ин аст ки ба он амал намекунад.Ва агар хакикатро гуем хонаро ки месозад? Ва касе корхона созад ва сармоягузори кунад аз у кашида мегиранд ва худашро мисли Зайд равонаи зиндон мекунанд.
Ин аст тамоми хакикат. Казоват дар дасти шумо!
Посух додан
  • авс

  • 18 июн 2014 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тамоми касру кушкхоеро, км сарчашмаи маблагашон маьлум нест мусодира намоед ва ба богчаву кудакстон табдил дихед. Баьд бовар мекунем.
Посух додан
  • Одил

  • 18 июн 2014 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ҷилави наздиконашро гирад, баъд бо сари баланд ингуна супоришҳо диҳад, гап нест.
Посух додан
  • хонанда

  • 18 июн 2014 13:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруст гуфта буд, сиёсатмадоре, ки ин "сагера"-хо нав пулу сарвата дидаанд, барои давлат давлату як марди мулки сохибкор ё сисёсатмадор бошад, 100-150 сол лозим аст
Посух додан
  • tojik

  • 18 июн 2014 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
biznesmenhoi leninobotivu dushanbegi hisori xonahoe dorand ki vazironaton nadorand.kambagalash yak sol rusiya meravad omada xona mesozad.
Посух додан
  • Безамин

  • 18 июн 2014 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Хисрав чони гапро гуфт. Мардуми одди хатто дар махалле ки таваллуд шудаанд ва бузург шудаанд замин гирифта наметавонанд, ки каср он су истад як хонаи лойи бунёд намоянд. Ру ба суи мардум оред "мухтарамхо"!!!
Посух додан
  • Фирдавс

  • 19 июн 2014 07:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз як гурух ташкил карда мешавад, ки ба монанди дастаи "Танзими чашну маросимхо", махалла ба махалла мегарданду хуни мардуми хонасозро макида мешинад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале бале чаноби Талбаков аз худи шумо шуру кардан лозим аст майдони футбол бози мекардагии чавонора гирифтеду 4 ошёна хавли сохтед. Шояд хавлии сохтаатонро пача карда майдончаи футболро озод мекунед!?
Барои амалӣ кардани ин суханҳои президент бояд чораҳои амалӣ андешида шавад. Феҳрасти қасрсохтаҳоро тартиб диҳанд, варақ зананд ва дақиқ кунанд, ки он то куҷо ба даромади мансабдорҳо мувофиқ аст. Дар сурати мувофиқат накардан он қасрҳо бояд давлатӣ ва объекти иҷтимоӣ карда шаванд”,-таъкид дошт муовини раиси Ҳизби коммунист.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмоил Талбаков рост мегуяд. Президент бояд 10 сол пеш рохи инро мегирифт.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!