Бахшҳо
18 июн 2014 15:07Тоҷикистон / Сиёсат

Абдуллоҳ Абдуллоҳ худро барандаи интихоботи Афғонистон донист

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, худро барандаи интихоботи президентии кишвараш эълон кард. Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи 18 июн гуфт, ба раванди шумориши овозҳо хотима бахшида шавад, чун ба қавли ӯ, ин раванд шаффоф нест.

Оқои Абдуллоҳ дар идома изҳор дошт, панҷ соли қабл ҳукумате, ки ба гуфтаи ӯ аз роҳи тақаллуб сари қудрат омада буд, натавонист, барои мардуми Афғонистон хидмате бикунад. “Ин ҳаққи мардуми афғон аст, ки бояд аз овозҳои худ дифоъ кунад. Дар ҳар гӯшаи Афғонистон тақаллубе сурат гирифта бошад, зиёни он ба ҳамаи мардуми кишвар хоҳад расид”,-таъкид дошт доктор Абдуллоҳ.

Доктор Абдуллоҳ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат кардааст, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Ӯ таъкид кардааст, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод.

Давраи дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард. Ӯ гуфта буд, Зиёулҳаққ Амирхел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Оқои Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хост, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.

Бо ин ҳол, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар додааст, ки натоиҷи аввалияи давраи дуюм ибтидои моҳи июл ва натоиҷи ниҳоӣ 22 июли соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Тулуъ Нюз, Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон гуфтааст, то кунун 2 ҳазору 558 шикоят қабул кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)