Бахшҳо
18 июн 2014 18:37Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Барканории Холназаров, домоди бародари президент ва таъини Ализода

Рӯзи 18 июн бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Баҳром Холназаров аз мақоми сафири кишвар дар Қазоқистон барканор гардида, ба ҷояш Ализода Назирмад таъин шудааст.

Баҳром Холназаров домоди бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар гузашта роҳбарии раёсати консулии Вазорати умури хориҷии кишварро ба уҳда дошт. Вай тобистони соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Қазоистон таъин шуда, дар ин мақом Акбаршоҳ Искандаровро иваз карда буд. То кунун дар бораи мақоми нав гирифтани оқои Холназаров хабар дода намешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад ва ҳоло ду фарзанди ӯ -- Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ба ҳайси раиси Хадамоти гумрук ва муовини вазири умури хориҷӣ кор мекунанд. Домоди раисиҷумҳур -- Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали вазири молия буда, ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба ӯ марбут дониста мешавад. Иттилое, ки худи борҳо рад кардааст.

Як моҳ пештар домоди дигари раисиҷумҳур Ашраф Гулов консули сафорати Тоҷикистон дар Русия таъин гардид. Оқои Гулов қаблан дар Кумитаи андоз сардори раёсати аудити дохилии ин ниҳоди давлатӣ буд.

Ахиран Амируллоҳ Холов, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда, бародаронаш -- Ҳасан Асадуллозода раҳбарии “Ориёнбонк” ва Амонуллоҳ Саъдуллоев раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи тоҷик"-ро бар уҳда доранд.
Мӯҳр
бекор
Хешутаборон ба пеш, ба суи хеч кучо......

Боиси нигаронии озодагон нагардад ба мухочират ба Русия намеравад боз ягон вазифаи калиди холи шудагист камтаракак токат кунед чи ин кадар доду фигон доред

Матали "ДУНЁ ВАФО НАДОРАД" ба мардуми бесоҳиб ва камбағал дахл дорад. Интизор бош, дар ягон ҷо ҷонишини вазир мешавӣ. Масалан, дар Вазорати саноат ва энергетика, аз рӯи ихтисосат.

Самар
Чаро аз дигар минтакахо точикони босавод таъин намешаванд

said
ham inu ham on pisaroni khuband va sodiqand
barori kor mekhohem

Garib
Рости гап чаноби Холназаровро аз пеш мешинохтам, бисёр як марди вазбин буд агар холо тагир наёфта бошад. Аллох шохид хаст, ки ба хоксории завчааш низ хамма хайрон монда буд, ки наход хамин чяни президент бошад гуфта. Аллох хидоят кунад ва нигахбонашон бошад

farhod
бовар кунед ки дар пасттарин давлати африко ин кора намекнан - хатто дар Буркина Фасо е Зимбабве...
хок бар сар миллати бечораам

Акаи Бахром хеле марди худотарс босавод аст рости гап як маротиба мехмонаш шидем бисьёр оилаи нагз занаш ачоиб инсони нагз боварат намеояд ки чияни президент аст хамааш аз мард вобастааст худо нигахбонат бошад акаи Бахром хар кучое бошед бо ёди оллох бошед зиндаву човидон боши марди майдон хамаи вазифада лоик хастед иншооллох ягон чои нагзтар мемонанд мо мардуми Кулоб шахр дар хизмати марди майдон акаи Бахром хастем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)