Бахшҳо

Иттифоқи журналистони Қазоқистон ба Ҷулиан Ассанҷ ҷоиза додааст

Ҷулиан Ассанҷ, журналисти австралиягӣ барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Қазоқистон шудааст.

“Мо ҳамасола журналистонро барои ҷоиза интихоб мекунем. Имсол даҳҳо намояндаи ВАО муддаии ҷоизаи иттифоқ буданд. Бо тасмими ҳайати вижа дар номгӯи “таҳқиқоти журналистӣ” ҷоиза насиби Ҷулиан Ассанҷ шуд”,- гуфтааст Сейткази Матаев, президенти Иттифоқи журналистон ба Tengrinews.kz.

Ба қавли ӯ, онҳо баъд аз зуҳри имрӯз ба Ассанҷ диплом ва ҷоизаи пулиро ирсол мекунанд: "Мо медонем, ки вай дар куҷо аст ва хоҳиш мекунем, ба ӯ бирасонанд".

Ёдовар мешавем, Ҷулиан Ассанҷ баъди нашри санадҳои ифшокунанда дар торнамои WikiLeaks шуҳратёр шуд. Соли 2010 дар Лондон боздошт гардида, бо пардохти 240 ҳазор паунт раҳо шуд. Ҳоло дар сафоратхонаи Эквадор дар Бритониёи Кабир паноҳ мебарад. Дар Шветсия асосгузори WikiLeaks-ро дар таҷовус ба номус муттаҳам мекунанд. Ассанҷ бошад, ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст. Ба қавли ӯ, мақомоти Шветсия мехоҳанд ӯро ба ИМА таслим кунанд, ки онҷо ҳукми қатл интизораш ҳаст.

WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди махфии вазорати умури хориҷии Амрикоро ифшо сохт. Ҳамчунин дар ин сомона асноди сиррӣ оид ба ҷанг дар Ироқу Афғонистон ҳам нашр шуда буд.
Мӯҳр
Насибҷон
Лутфан, ҳангоми навиштани номҳо таваҷҷуҳ кунед. Ному насаби раиси Иттиҳоди журналистони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев аст, на Матаева...Эшон аз шахсиятҳои шинохтаи кишвари Қазоқистон ва яке аз ҳамкорон ва дӯстони шодравон устод Латифӣ ҳастанд. Онҳо замони шӯравӣ дар рӯзномаи Известия ҳамкор буданд...Зимнан,эшон дар роҳандозии хабаргузории ТоҷикТА ҳам саҳм доранд.Ҳамчунин бо талоши Саидқозӣ Матаев чанде пеш хабаргузориҳои дигари форсӣ барои Эрон ва Афғонистон ҳам арзи вуҷуд карданд, ки бо се забон --форсӣ, русӣ ва англисӣ хабар пахш мекунанд. Аз ин нигоҳ мо, журналистон ва аҳли фарҳанг бояд эшонро бишносем ва дар навиштани номашон ба иштибоҳ роҳ надиҳем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)