Президент ваъда кард, ки баъди ду сол кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ даст меёбад
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш баъди ду сол истиқлолияти энергетикӣ даст ёфта, “барои кӯмак хостан, ба зону намезанад”. Ин нуктаро Отамбоев зимни суханронӣ ҳангоми шабакаи “Иренжит” дар ноҳияи Оқ-Суйи вилояти Ҷалолобод иброз доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, мустақилияти Қирғизистон танҳо аз имзои санадҳо иборат нест: “Мустақилият вақте мешавад, ки кишвар танҳо ба пеш нигоҳ мекунад”
Алмосбек Отамбоев афзуда, ки баъди роҳандозии тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ дар бахши логистика, нақлиёт ва энергетика кишвар “ба по мехезад”.
Ба қавли президент, ба чунин тарҳо метавон сохтмони хатти барқи “Датка-Кемин”, навсозии шабакаҳои барқву нуқтаҳои газтақсимкунанда ва насби неругоҳҳои барқӣ-обӣ дар рудхонаи Нарин, роҳандозии роҳи мошингарди Ош-Боткент-Исфанаро ворид кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |