Бахшҳо

Барқ аз 1-уми июл дар Тоҷикистон қимат мешавад

Нархи як киловат барқ дар Тоҷикистон сар аз 1-уми июл 15 дарсад боло хоҳад рафт.

Ин нуқтаро Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия имрӯз, 25-уми июн зимни баромад дар назди вакилони парлумон изҳор дошт.

Нураллиев, ки созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Бонки исломии рушд барои таҷдиди зеристгоҳи Равшан дар шаҳри Турсунзодаро муаррифӣ мекард, дар посух ба суоли вакил Суҳроб Шарипов оиди он, ки оё ин лоиҳа мушкилоти ширкати “Барқи тоҷик”-ро зиёд намекунад, посух дод: “Мо ҳамаи ин масъалаҳоро таҳлил кардем, мушкилот барои Барки тоҷик бор нахоҳанд омад, чун тавре Шумо медонед, сар аз 1-уми июл нархи барқ 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.”

Ин дар ҳолест, ки Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои об дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии 30 январи соли равон изҳор дошта буд, ки бо қарори ҳукумат кумисюни махсус ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва ояндаи наздик нархи нави барқ дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ҷорӣ шуданд, ки тибқи он нарх барои мардум 11 дирам сари ҳар киловат муайян шудааст.
Мӯҳр
1212
Усмонали Усмонов вазири мухтарам ва гамхори миллат. Нархи барк дар Точикистон арзонтарин бошад пас маоши камтарин дар минтака хам Точикистон аст. Ту бахри давлат аз миллат машу даст. ............. Л. Шерали ёдат бахайр ки гами миллат мегуфти.

Беном
"...феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст."

Бародарон!!! ин вазир ё бесавод аст, ё ин ки мо шахрвандонро чун харвакта, ахмак ва бесавод мешуморад. Ногуфта намонад, ки дар минтакаи мегуфтагиатон баъзе давлатхо махсулоти дохилиашон ва боигариашонро барои шахрвандони худ кариб ки бе пул пешниход мегарданд, махсусан газ ва сузишвориашонро, зеро халкро сохиби тамоми сарватхояшон медонанд. Дар мо бошад баръакс, шумо рохбарон хечро аз халк болотар медонед. Як пешниход дорам, обро хам кимат кунед, зеро ки дар Туркманистон об несту нархи он дар он чо шояд киматтар, бошад.

Чуноне ки дар урфият гуфтаанд: "Аспро наъл кардаанд, курбока хам пояшро бардоштааст".

Точики бепул
Вой бар холи кавми камбагали точик, ки на пул дораду на чри кор, бо омадани мохи мубораки рамазон нархи гушту меваву картокаву пиёз дар тори осмон ва ин хам тухфаи дигар нархи барк боз кимат шуд!!!!!!!!!??????????????

Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст. ин гапи вазира бинедда "арзонтарин" дар минтака аст. Мухтарам вазир шумо шароити зиндагии мардумро низ ба назар гиред камбагалтарин камбагалтарин дар МИНТАКА аст!!!!!!!!! Оилахое хаст ки имруз барои як шаба рузгори худ танкиси мекшад Вазир инро аз кучо меданд охир хонаи у фаровон аст!!!!!!!!!!!!!!!

Мухаммад
"Нари барк дар Точикистон арзонтарин дар минтака; о сатхи зиндаги чи?

murabbiyahoi bechora dar bogchaho ruz to begoh dar azoband bo 30, 40 nafar kudak maoshashon 350, 400somon sharm nadoshta bo barkro kimmat kuned...maoshro baland karda bad kimmak kuned mearzad

шумо иддао доред, ки нархи барк дар минтака арзонтарин аст вале шумо зиндаги ва маоши точиконро ки барои як орд намерасад мухтарам таткикотчиён инро ба минтака мукоиса намекунед??????????????????

666
Наход ягон рохи дигар набошад е фахмиши эшон танхо ба хамин расад шумо як бор вазъи зиндагии мардумро тахлил кардед?корзинаи истеъмолиро чаро кабул намекунен? Ачоиб ки кор нест кумак нест нарх ба осмон ин чи гуна теорема аст ки хала карда наметонен?А дузди ва гум шавии баркро ки хал мекунад?

ое худи мансабдорони кишвар пули свет месупорида бошанд? албатта не барои он ки инхо контролерро ба дарвозаашон рох намедиханд агар контролер наздики хонаи онхо шавад аз кораш озод мешавад.

555
Чи тавр мепардохта бошем 1000 квт-160 с?ба болои ин хама нарххо дар осмон инсофи савдогаронро муш хурдаги чи тавр зиндаги кард?Газ нест ки сарфа кунем барка аз ин мебарояд ки хама даромада ба обу барку мусур сарф карда боки нони коку чойи кок мешава а чи гуфтен?

заррина
камтар инсоф хам доштан лозим охир. наход то ин дарача нархи баркро баланд бардоред. мансабдоро шароиташон сад фоиз аст охир парвои мардуми камбагали бечора дорен. точикистони моро таъриф мекунанд, ки мамлакати серобтарин аст наход ки аз об бой бошему дар хочатхонаву хамомхо хисобкунаки оби насб карданд, дар кучо рост меояд охир айб аст!!!
имруз бошад, нархи баркро баланд мекунед дар кадом асос охир ба чои паст кардан нархи барк. дар мамлакати мо хамин хе коида хаст охир мохи шарифи рамазон омад, нархи махсулотхоро дар осмон баланд мебароранд. имсол бошад, навигари нархи баркро баланд мекунанд хай дуо рафтаги худо инсофтонам гирифтай ки.........................

точик
Инсон бекадртарин чиз дар точикистон аст. Ягон мансабдори дар гами миллатро дар ин 23 сол надидаам. Хама дар пайи нафси худ. То кай ба шиорзои дуругину сафсатаву харза халкро фиреб мелихед! Худ аз хисоби дуздиву харомхури кайфу сафо доред. Точик хеч вакт чунин зору залил набуд. Шарманда кардед лавлатдориро. Наход дар байнатон як иесони поку босавод ва лорои маданмяти инсони набошад?

Ин тоифа вазирон на шарм доранду на нангу номӯс. Барқе, ки сол дувоздаҳ моҳ қариб ки нест, мегиранду нархашро мебардоранд. Будагиаш ҳам ҳеҷ вақт 220 волт нест, яъне пастсифат аст. Хайр, вазир кисаи худ ва кисаи коргаронашро фикр мекунад, чаро вакилони халқ дар Маҷлиси Олӣ хомӯшанд? Оё болоравии нархи барқ онҷо баррасӣ гардид? Болоравиро бо чӣ асоснок карданд? Вакилоне, ки ҳеҷ вақт аз манфиати мардум дифоъ (тарафдорӣ) карда наметавонанд ва амри ҳукуматро кӯр кӯрона тасдиқ мекунанд, оё метавонанд ВАКИЛОНИ ХАЛҚ номида шаванд? Тоҷикистон давлати диктотурӣ буд, ҳаст ва солҳои наздик хоҳад монд!

саид
салом дустон бояд ки аз чунин ноух,дабароихо инхоро дуо кунем ки зудтар аз ин чомеа бардорад

111
Тухфа ба мардум дар арафаи рамазон!Акалан хадди поении маошро баланд кунед то 15%.Мисол:Агар як корманд 450 с гирад маош, 150 с ба барк равад пас чи гуна метавон зист?Гушт-10 кг-400 с,орд-140с шакар-50с ва дигар масрафот-150с=890 с-450=440с то маоши дигарира карз бояд гирад?Урра.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)