Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 10:14

Додгоҳ никоҳи марди тоҷик бо зани русро “фиктивний” хондааст

25 июн 2014, 15:11

Додгоҳи Самара бо аризаи даъвогии додситонӣ ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистонро бо зани рус бекор кардааст.

Тибқи иттилои додситонии Самара никоҳи ин ду нафар, “фиктивний” буда, муҳоҷири тоҷик онро ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия бастааст: “Мақомот муайян кардаанд, ки никоҳи тақаллубӣ моҳи майи соли 2013 баста шуда, зани рус барои мӯҳри оиладорияш дар шиноснома 7 ҳазор рубли русӣ маблағ гирифтааст.”

Мақомоти рус мегӯянд, ин зану шавҳари тақаллубӣ бо ҳам зиндагӣ надоштаанд ва бо қарори суд ақди никоҳи онҳо бекор гардида, шаҳрванди Тоҷикистон аз барои нақзи қонун дар умури муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сорбон

  • 25 июн 2014 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин русора фахмида намеша. Я дам меган ки гирифтани шахрвандй содда шуд, я дам бечораи точика никохаша сохта мегун. Намедонан саршуна да чо занан. Чум...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!