Бахшҳо

Санҷиши шахсии вазир ва дастур барои ирсоли техникаи куҳна ба Бадахшон

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо як сафари 5-рӯзаи корӣ аз ноҳияи Данғара сар карда то навоҳии дурдасти Бадахшон вазъи роҳҳоро шахсан санҷиш кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Асозода нахуст аз роҳи Данғара – Кангурт дидан намуда, бо вазъи роҳҳои Ховалинг – Восеъ, пулҳои мошингузари Кафтархон, даромадгоҳи Кӯлоб, километри 206 – уми роҳи Душанбе – Хоруғ, деҳаи Дуршер ва лоиҳаи сохтмони роҳи Шӯрообод – Шоҳон, Шоҳон – Зиғар, роҳҳои ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз наздик шинос гардид: “Вазири нақлиёт сафарашро дар роҳи Хоруғ – Қулма идома дода, тавассути ағбаи Харгӯшӣ ба самти ноҳияи Ишкошим гузар намуд.”

Ба иттилои манбаъ вазири нақлиёт дар минтақаҳо бо роҳсозон сӯҳбат карда, ваъда додааст барои беҳтар кардани шароити кори роҳсозон ва таъминоташон бо техника чораандешӣ хоҳад кард.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар ағбаи Қулма Хайрулло Асозода дар мулоқот бо намояндагони сохторҳои назоратӣ, гумрук, андоз, БДА, Маркази сертификатсиякунонӣ хост, ки корро дар доираи қонун ба роҳ монда, барои ронандагон мушкилӣ эҷод накунанд.

Хайрулло Асозода дар бозгашт тариқи ағбаи Сағирдашт аз пули автмобилгузари роҳи Лабиҷар – Тавилдара – Нуробод дидан кардааст.

Дар ниҳояти ин сафараш вазири нақлиёт ба масъулин супориш додааст, ки роҳдорони Бадахшонро дар мавзеи Бартанг бо булдозер, Кӯҳтезакро бо ду адад трактори боркунак, Мурғобро бо ду сабукрави хидматӣ, бо ду адад грейдер ва таҷҳизоти дигари техникӣ дар наздиктарин рӯзҳо таъмин намоянд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт дар ҷаласаи вазир аз ҷумла таъкид шудааст, муассисоти ноҳияҳои ҷануб, ки ба тозагӣ техникаи нав дастрас намудаанд, таҷҳизоту техникаҳои ивазгардидаашон барои истифодаи минбаъда ба Бадахшон фиристонда шаванд.
Мӯҳр
Ахсан, чаноби Вазир. Умед дорем,ки Шумо мисли собик вазири пеш буда воситахои техники ва сузишвории вазоратро ба муассисахои нохиви намефурушед. Барори кор ба Шумо.

Техникаи нав агар рохи кунед ягон чоятон кам мешавад ми

Дар айни замон, ки дигар хамсоzхо рохоро ба руи Точикистон бастаанд, кариб 80 - 90% воридоти бор аз Чин бо рохи Бадахшон ба Точикистон омада истодааст, барои хамин хукмат ба нигохдории ин рох бояд ахамияти дучанд зохир намояд. Мошинхои калонхачми боркаш ба бисёр душворихо ин рохро тай мекунанд, бисёр садамахо рух медиханд, ки хам хисороти гарони чониву моли меорад. Рох алалхусус байни Дарвозу Ванч дар як холати хатарзо карор дорад. Бо техникаи кухнаю фарсуда дар шароити кухистон як дарди сар зиёд мешавад ва хатар ба чони одамонро ба амал меорад.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт дар ҷаласаи вазир аз ҷумла таъкид шудааст, муассисоти ноҳияҳои ҷануб, ки ба тозагӣ техникаи нав дастрас намудаанд, таҷҳизоту техникаҳои ивазгардидаашон барои истифодаи минбаъда ба Бадахшон фиристонда шаванд.
чаро бояд таҷҳизоти кyҳна ва фарсyда шyдаро мо истифода кyнемy дар ҷанyб навашро.

Аз дасти и вазир хок намеоя.Дар корхои рохсози балоя намедона.Факат худнамои,таъриф ва фишори кормандон. Техникаи нав кучо шуд,ки кухнаша рои мекни.?

самад
Барои чи техникаи кухна? холо он.ки мавкеи географии Бадахшон аз хама вилоятхову нохияхои Точиктстон вазнинтар хаст (Кариб шаш мох барф ва рохи чахонии Хитой...

Мутахассиси рох
Вазири мухтарам, ташаккури зиёд барои акалан як маротиба дидан намудан аз ин роххои такдирсози ЧТ.Ахсан ба ингуна вазирони мардуми. Новобаста аз серкориатон хохиш мекардам, ки акалан дар як сол ду маротиба аз холати роххои Бадахшон шахсан худатон дидан намоед, роххои ин чо хам мисли дигар манотикхои чумхури мумкин аст обод гарданд.Хохишмандам муовинонатонро нафиристонед, онхо солхоест, ки ягон проблемара хал карда наметавонанд, вале барои вазирони собик хисоботи бардуруг пешниход мекарданд. Пешниходи дигар ин аст, ки танхо барои пеши Чаноби Оли хисобот додани он ки микдори муайани техникаро чудо намудам, техникаи кухнаро ба Бадахшон нафиристоед, бо он теника як мох хам кор карда намешавад ва инчо чои металолом нест. Акалан нисфи хамин техникахои кайдкардаатонро аз ЧХ Хитой харида таъмин кунед, мана вокеъан хам дастгири мешавад, а.

Муслим
"озодагон" кам-кам шур медози -а...............

точик
шумо танку бтр бисёртар харид намоед

Мушохид
Аз мухтарам Вазир як хохиш дорам, пеши рохи баьзе (албата на хамаашон) харомхуронро гиред., тачхизотхои нав ба вазорат, аз вазорат ба муасисахои нохияви, аз муасисахои нохияви ба бозори Султони Кабир..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)