Чор нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба хабарнигори «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Наҷмиддин Раҳимбердиеви 38-сола (сокини ноҳияи Истаравшан, мутахассиси пешбари шӯъбаи 4-уми комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд) аснои ҳаракат дар ҷодаи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 213-уми роҳ, воқеъ дар ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшан аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромад.Зимнан, сабукрави ӯ ба автомашинаи КАМАЗ-53212 таҳти идораи ронанда Шерхон Шеров, сокини 22-солаи ноҳияи Истаравшан бархӯрдааст.
Манбаъ афзуд, Наҷмиддин Раҳимбердиев ва мусофирони вай: сокини 41-солаи ноҳияи Б.Ғафуров Абдусаттор Абдусатторов, сокини 22-солаи ҳамин нохияи Фирдавс Қаюмов ва сокини 41- солаи ноҳияи Шаҳристон Рабил Махмудов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр