Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Сӯзишворӣ арзон, ғизои чорво зиёд, гӯшт набояд қимат шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июл дар машваратӣ корӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт аз кашол ёфтани ҷамъоварии ғалладона ва дермонии кишти такрорӣ изҳори нигаронӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни машварат таъкид намудааст, ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ бояд ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо нигаронӣ изҳор дошт, ки “нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад. Бинобар ин болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки омодагӣ ба зимистон низ бояд ҷоннок карда шавад. Ӯ раисони навоҳиро уҳадор намудааст, ки вазъи феълиро ислоҳ кунанд ва дар ниҳоят барои рушди минбаъдаи зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, содироти меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тармиму навсозии муассисаҳои таълимӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа супоришҳо додааст.
Мӯҳр
Абдулло
Касам ба Худо хамин мардум хасташудааст аз фармонхои беасосу беамали Э. Рахмон ва зердастонаш. хама як фанду фереби беш нест ва илло ягонтааш парво надоранд, ки дар бозор чи гапу чи хабараст ба ин маоши паст мардуми бечора чи кор кунад намедонанд. Чаро, ки як муллои бечораро дар дохили хонаш чи кор карданаша медонанду сабт мекунанд дар тамоми расонахо интишор мекунанд! Пас чаро нархи бозоро наметавонанд хуб кунанд???!!!!. руйи кормандони точикистандарт ва точикматлубот сиёх шава кучоро нигох мекунад?!!!

сино
Хайр барои протокол мегуяд ба халк ягон суд намебахшад чун пештара

чи арзонай да Точикистон? Хама чиз дар дасти авлодтай! Мо ба ту дигар бовар надорем, ту факат гами хешу табори худата мехури на аз они халкро! ...... (Озодагон пурра чоп кун ки ба ту хам дигар бовар намекунам агар якхел гапома кайчи куни. Чанд каментарии мана буридагии!)

душанбинец
Танҳо бо фармон намешавад соҳаро рушд дод, бояд дар ин соҳа фаъолият ба шакли комплексӣ ба роҳ монда шавад. Назорат танҳо дар он сурат метавонад самаранок бошад, ки агар Ҳукумат тавоноии таъмин намудани идораи самараноки соҳа ва таъмини рақобати солимро дошта бошад. Сониян базаи илмӣ ва методии соҳаро боз ҳам ба тариқи комплексӣ бояд рушд диҳем.Барои ҳамин танҳо бо роҳи маъмурӣ (фармон, супориш) нархро наметавон паст намуд, инро бояд амиқ дарк намуд.

Рохи халоси хаст ба конуни ЧТ "Дар бораи коррупсия" тагирот ворид карда, тамоми хешовандон, хамшахрихо ва дустонро дар итоати якдигар дар корхонахои давлати, бахусус муассисахои молияви ва макомотхои кудрати хамчун кришаи якдигар кор намуданро катиян манъ мекунед. Точикистон чунон рушд мекунад ки халоват мебаред. Хамаи ин кашоки, дузди касофати, берахми ва нодории мардум аз байн хохад рафт.

58
Рафикон ба умеди як ду моли худи ЧТ намешавад чунки кам аст о намешавад магар ягон ширкати давлатии рушод кушода аз хорича гушти босифат ворид кард,то кая мо ба ибои як ду ханнот нигарон хастем?Давлат бояд махсулоти ниези аввалияи мардум ва дорувориро аккалан ба инобати худ гирад.Дар мо чи касе хохад ворид месозад пастсифат ва гароннарх инро бояд ба инобат гирифт.

Сари мазор
СУХАН КИ АРЗИШУ БОВАРИРА ГУМ КАРД . ДИГАР МАЛАКАИ РОХБАРИВУ ПЕШ РАФТИ КОР АЗ ДАСТ МЕРАВАД . ВА БАЧОИ БА ПЕШ БУРДАНИ ДАВЛАТ МУТАСИФОНА БА КАФО ХОХАД МОНД . ВА АГАР ТАМОМИ КАСАМХОИ ЛАРЗАНДАЕ КИ ДАР РОХИ САДОКАТ БА ВАТАН ХУРДА ВОКЕИ БОШАНД , БОЯД НОТАРСИДА ВА НОЛАРЗИДА ИНТИХОБОТХОЕ РО БОЯД ФАРОХАМ КУНАД ЧАНОБИ ОЛИ, КИ ФАРЗАНДИ ДИГАРИ ХАМИН МИЛЛАТИ ТОЧИК ПЕШБАРИИ СИСЁСАТИ ДАВЛАТ РО БАР ДУШ БИГИРАД .НА ИН КИ ФИКРИ ВАЗИФАВУ АВЛОДОН БИКУНАД.

Миллатдуст,
ачаб содда будаи.

Чамшуд
Аслан мансабдорон фикр мекунанд,ки ин халк содда ва зудбовару ором аст,лекин дар асл ин тавр нест.Халк ба Русссия ва хоричи кишвар зиёд мардикори меравад ва зиндагии кишвархои пешкадамро дида бо зиндагии точикона киёс мекунад.Мана аз ин киёскунихояш дигар ба касе бовари надорад.Ислохоти иктисоди ва кишоварзию фарханги зарур хаст бародарон!

Аслан айб аст,ки дар Точикистон кас ба мардикори равад.Кишварест,ки замони истиклол ва то давраи ислохотхои капитализми вахши тамоми корхонахояш дар шакли пурра боки монда буданд.Агар минтакагарои ва бесаводии сиёсати кадри намешуд,метавонистем,ки кишвари саноати-аграрии пуриктидор созем.Натавонистем,кишвари саноати-аграрии замони шуравиро ба кишвари аграрии кафомонда чун кишвархои кораи Африко табдил додем.

Братан, нашуд нашуд да. Вазифара те аку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)