Ҳомии ҳуқуқи узбакро ба Бишкек роҳ надодаанд
Кормандони Хадамоти гумруки фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистон, Васила Иноятова, раҳбари ҷамъияти ҳуқуқи инсони “Эзгулик”-и Узбакистонро, нагузоштаанд, ки вориди Бишкек шавад.
Муътабар Тоҷибоева, раҳбари созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар сомонаи Jarayon.com навиштааст, Иноятова барои мулоқот бо ҳамтоёнаш ба Бишкек омада ва қарор буд баъдан ба яке аз кишварҳои Аврупо биравад. Аммо дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Бишкек ӯро 7 соат нигоҳ доштаанд. Танҳо бо талоши намояндаҳои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ Иноятова тавонистааст, аз Бишкек ба тавассути Истанбул ба Париж парвоз кунад.
Тоҷибоева гуфтааст, Васила Иноятова ҳангоми ҳодисаҳои хунини моҳи июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон мавқеи шаҳрвандии худро фаъолона намоиш дода буд. Он вақт ӯ дар назди сафорати Қирғизистон дар Тошканд гирдиҳамоӣ ташкил намуда, аз мақомоти он кишвар талаби қатъи бетартибиҳо ва фишор нисбат ба аққалиятҳои узбакро намуд. Гуфта мешавад, Иноятоваро маҳз ба ҳамин хотир ба Бишкек роҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |