Бахшҳо

Интиқоду ҳушдори Абдулқодирзода аз қасамхӯрию хасисии тоҷирон

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирону соҳибкорони тоҷик даъват намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз боло бурдани нархи маҳсуот худдорӣ намоянду то ҳадди имкон хайрхоҳ бошанд.

Абдулқодирзода, ки шоми 2 ба 3-юми июл тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон баромад мекард, аз қасамхӯрии барзиёди тоҷирон низ дар бозорҳо интиқод намуд: “Тоҷирон зимни фурӯши маҳсулоташон дар бозор набояд ба хотири фоида бо номи Худо қасам ёд кунанд.”

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо аз нигоҳи шариати Ислом қасами зиёд хуб набуда, баръакс ба инсон зарар меорад. Абдулқодирзода таъкид кард, ки ҳатто сухани рост ҳам бошад, зиёд қасам хурдан лозим нест: “Ҳоло зиёданд ҳолатҳое, ки дар бозор тоҷир қасам мехуранд, ки валлоҳӣ бо ҳамин нарх гирифтаам. Қасамхурӣ шарт нест. Беҳтараш аз рӯи инсоф кор кунанд, ки ин ҳам ба фоида худашон ва ҳам ба фоидаи дигарон аст”.

Раиси Шурои уламо аз пайомади хассисии тоҷирон ҳушдор дод ва қазияи як тоҷири тоҷикро мисол овард, ки ҳамагӣ рӯзе пеш аз сӯхтори бозор барои чанд сомонӣ шуда, молашро нафурӯхтааст ва рӯзи дигар тамоми молаш ба коми оташ рафтааст.

Ин даъвати Абдулқодирзода ба хайрхоҳии тоҷирон дар ҳолест, ки нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон боло рафтаанд. Мақомоти тоҷик ин болоравии нархҳоро сунъӣ хонда, дастур доданд, ки ҷилави нархҳо ва соҳибкорони қиматфурӯш гирифта шавад.
Мӯҳр
инсоф чи бошад медонен шумо

257
Хамааш хочиву чамъахон агар гапи шумора нагиранд пас войи мусалмони ку?

Бобур. аз Самаркан
Точикони Точикистон дар хар кадам бо номи худо касам мехуранд.Моен дар Россия хамрояшон кор мекунем ва онхо дуруг мегуянду бо номи худо касам мехуранд.

сино
Бовар кунед ба чои шумо Хочи Мирзо ё эшони Нуриддинчонро ё дигар нафарро мемонданду он нафар мустакил мебуд яъне таърифу тавсифи призидентро дар масчид хотима дода факат мардумро ба худотарси даъват мекард хамаи чомеъа тагъир меёфт.Ин шумоед ки суханатон дар мардуми кишвар асар надорад.

777
пеш аз як каса кору амал дарс додан худат БАС КУН ТАЪРИФХОИ НАМЕАРЗИДАГИРО

ааааа
хаха,шарманда
сабаби таьрифкунияш хамин ки ба у мошини давлати дода будиян

Дар замина мулло Абдулқодирзода рост мегӯянд. Тоҷирони Тоҷикистон беинсофтарин дар дунёанд. Рӯи рост қасам хӯрда дурӯғ мегӯянд. Ана ҳамин боло бурдани нархи маводи хӯрок дар даҳаи пеш аз моҳи Рамазон ва тӯли ин моҳ, худ аз бузургтарин баднафсӣ ва беномӯсии тоҷирон ва савдогарони хурди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. На танҳо аз нигоҳи исломӣ, алки аз нигоҳи одаму одамгарӣ низ онҳо ғарқи гуноҳ ва лоиқи нафрати сокинони кишваранд. Агар ҳамин ҳолати фурӯши гӯшти говҳои лоғару касаливу, шояд ҳароммурда,бо нархи гарон, дар давлатҳои каме ҳам бошад озоду демократӣ дида мешуд, сокинон он қассобонро ҳамроҳ бо дӯконҳояшон зада майда майда мекарданд. Вале, аз онки мо ҷанги даҳшатноки таҳмилгардидаи шаҳрвандиро аз сар гузарондаем, шояд, мардум ин "бадбахтӣ ва шармандагиро" хамушона таҳаммул мекунанд, ки таҳсину офаринашон бод. Қассобони гӯрсӯхта баҳонаи навро пеша кардаанд: "ҲАМАИ ГОВҲО ДАР АЙЛОҚАНД. МОҲИ АВГУСТ ҚАФО МЕОЯНД!" Магар говҳо фақат моҳи Рамазон дар айлоқанд???? Мо аз дигар чиз дар ҳаросем. Бо қафо омадани говҳо аз айлоқ, нархи гӯшт дар бозор 40-42 сомонӣ 1кг. мешавад. Ин амалиёте (оператсия) аст, ки қассобон ҳар сол моҳирона дар бозорҳо пиёда мекунанд. Қассобон ку дар ғами кисаи бетаги худ буда, ба ислому одамгарӣ шоша кардаанд, вале ниҳодҳои ҳукумати кишвар чаро наметавонанд, барномаи алтернативии таъмини гӯштро ташкил бикунанд? Шояд худи ҳукуматиён аз чашмаи қассобони фитнагар об менӯшанд, ки вазъро хамушона мушоҳида мекунанд. Тавре мегӯянд: КАЛ ДОДАРИ КӮР!

Сайидмукарам Абдулкодирзода ба Шумо як савол.

Оё тибки конун ва коидахои Дини Ислом мумкин аст, ки дар тамоми масчидхои шахр аз руи когаз як мавзу хонанд эмомхои масчид ва дар он 70% масъалахои дуняви ва сиёсат бошад????

То чое медонам дар масчид агар сухан аз дунё бигуи 40 сола амалат барбод мешавад, чи тавре шоир ин хадисро ба назм овардааст:

Гар сухан дар масчид ар бунёд шуд,
Аз ту чилсола амал барбоод шуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)