Бахшҳо

Исфандиёри Назар: “Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад”

Ин шабу рӯз бархе аз сокинони кишвар дар фикри муҳоҷират ба хориҷи дур ва дарёфти ҷои кори муносибу зиндагии шоистаанд. Ҳарчанд ин теъдод дар назари аввал кам менамояд, вале ба қавли соҳибназарон, дар солҳои оянда метавонад мисли муҳоҷирати тоҷикон ба Русия афзоиш ёбад. “Озодагон” аз се мусоҳиби худ пурсид, оё дар Тоҷикистон монданиянд ва ё ба хориҷа рафтаниянд?


Исфандиёри НАЗАР, шоир:
“Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад - чун маълум аст, барои чӣ мераванд.”

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос:
“Аслан, камбудӣ ҳеҷ вақт ба охир намерасад ва Шумо хоҳ дар Тоҷикистон бошед, хоҳ дар ҷои дигар, ҳамеша дар талоши зиндагӣ мешавед. Вале ҳастанд заруратҳое, ки инсон бояд дар марҳилаи муайян онҳоро пӯшонад, аз қабили сохтани хона, таълими фарзандон, харидани мошин, тӯи фарзандон ва ғайра. Барои ин заруратҳо инсон аз имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард. Шахсан ҳамеша мекӯшам, ки “ба кӯрпаам нигоҳ карда поямро дароз кунам”. Яъне, хароҷотамро ба нақша гирам. Масалан, агар фарзандамро хононданӣ бошам, чанд сол пеш ба ин тайёрӣ мебинам: аз маошам пасандоз мекунам, кори иловагӣ мегирам ва ғайра. Ва, агар боз ҳам пул нарасад, қарз мегираму оҳиста-оҳиста бармегардонам. Ва ин ҳама дар худи Тоҷикистон, ба хориҷа намеравам. Шояд дар дигар ҷо ман зиёдтар пул кор карда тавонам, вале барои “аз нав сар кардан” ман “гурда надорам”. Барои ҳамин, ман бо он чи дорам, қаноат мекунам.”

Зулайхо УСМОНОВА, тарҷумон:
“Шахсан ба ҳеч куҷо намеравам ва шавҳари худро ҳам намегузорам, ки биравад. Лекин ин - ман ҳастам, ки маҳорати баланд дорам ва пул ёфта метавонам. Ба Ватани худ сахт ошиқ ҳастам. Аслан, фикр мекунам, дар хонавода ақалан ду нафар бояд кор кунанд, яъне зану шавҳар, ки дар Тоҷикистон аксари хонаводаҳо чунин нестанд. Шояд аз ин сабаб маҷбур мешаванд, ки ба ҷои дигар рафта, зиндагии беҳтарро ёбанд.”
Мӯҳр
Исфандиёр ако, дар унча шоирият кор наметияд. Физикаю химияро донистан даркор. Онхо мадху вассофиро дуст надоранд. Аз Президенташон сар карда то дигару дигараш.

.
Рафтанду раванду боз оянду равем.

Зулайхо УСМОНОВА гуфтаст "Ба Ватани худ сахт ошиқ ҳастам"...
Саъди Шерози гуфтааст: "Хар мулк мулки мост, ки мулки Худои мост" ва "Натавон мурд ба сахти ки дар инчо зодам"...
Дигар худатон интихоб кунед!
Боз ин Зулайхо гуфтааст "маҳорати баланд дорам ва пул ёфта метавонам"...
Магар дар Точикистон конуни ва халол пул ёфта мешавад? Агар шавад пас ин 2 млн точики аз Ватан берун ки имруз Точикистонро мехуронанд корношоям будаанд.
Ин Абдумалик ҚОДИРОВи коршиносаш гуфтааст “ба кӯрпаам нигоҳ карда поямро дароз кунам”. Ин зарбулмасале нест ки дар масъалаи як пора нон пайдо кардан истифода шавад. Онхое ки мухочират мераванд аксараш аз гуломи мегуразнд! Шояд аз як дом ба доми дигар меафтанд, вале аккалан кушиши халоси мекунанд. Гуломона пойхояшонро ба шикамашон чафс намекунанд ки Худо накарда аз курпа берун шаванд!

Корманд
Бахшиш агар сарат омад мебини, ки дигар чи хел сараф намекуни ва чи хел ошиқи инҷо мешави. Дуруст аст, ҳар кас мехоҳад дар Ватани худ дар ҷое, ки таваллуд шудааст ва бештари ҳаёту иртибототи ӯ дар ин ҷо аст боқӣ монад. Вале вақте намешавад, вақте танҳо бо роҳи фиреб, дуруғ, таҳаммул кардани ҳар порахур, ҳаромхур,.... бошад, дирар маҷбур мешави, ки ҳам пушти зинда мондан ва ҳам аз даст надорани обу рӯ ҳаракат намои. Дар дигар ҷой ин ҳаромхурии офитсиалний нест. Чаро ин ҳаромхурон шарм намедоранд, ки мардумро зумл мекунанд, ва зиндагии хуш ҳам мегузаронанд аз ҳисоби дигарон...??????????????

Гарибшо -LTd
Ой, бродар кучо мери! Ин кадар ба ноз мери. Бимон охир бо ОЗОДАГОН - мархами розу нихон.

хонанда
Озодагон мувозинатр риоя нашудааст, на аз чихати назархо на аз чихати гендери))))

бекор
Агар дар Точикистон хамин тавр мардумфиребиву,ришвагири,мансабфуруши,бек

555
Мо хам меравем, хама охиста охиста меравад

мардум барои кутти лоямут мачбур мешавад ки мусофир мухочир шавад.ва ин азобкашандахо боз ба фонди точикистон фоида меоранд.

Абумуслими Хуросони
Исфандиёри азиз дустам нарав.Одатан шоиронро хиради азалии миллат медонанд.Хамаги 3-4 нафар шоир мондаед,дигарон хама мадхиясароянд.Рузхои ободи ва осудагии точик низ меояд бародар.Гам нахур.Ман бовари дорам,ки ин миллати асил хатман рузе миллати худро обод ва сарвари хохад кард.Гастрабайтери хам аз байн мераваду тахкири "Чамшуд"-гуи хам ва дахонкалонии Руссия низ.

Ман "меравам" гуфтаму нагуфтам кучо меравам. Рафтам! Хучанд- се руз истодам. Дар бозгашт кори корафтодаеро дар нохияи Айни ичро кардам. Як "сари кадам" ба Искандаркул баромадам. Ончоро низ "сохиб" шудаанд. Роххояш хароб буду нообод... ва ба Душанбе баргаштам! winked

Дар кишвари Фаронса хидмати аскарие ҳаст дар лашкари бо номи Легиони Хориҷӣ (фр.Legion etrangere; анг. French Foreign Legion). Сарбозони қатории ин легионро дар асоси шартномаи якумрӣ, сирф шаҳрвандони хориҷӣ ташкил мекунанд ва пас аз машқҳои тӯлонӣ ва сахт, онҳо барои истифода дар нуқтаҳои доғ дар омодабоши доимӣ қарор доранд. Ба мисли спесназ.
Пас аз инқилоби соли 1917, бисёре аз сарбозу афсарони рус хидматро дар он легион ихтиёр кардаанд. Боре генерали фаронсавӣ зимни шиносоӣ бо қатори наваскарон, назди сарбози калонсоле меистад ва мепурсад: "Шумо дар ватани худ чӣ кор мекардед? - "Генерал будам, месё Генерал!", - мегӯяд сарбоз. Ин саволу ҷавоби ду генерал дар таърихи Легиони Хориҷӣ сабт шудааст. Касе завқ дорад, бояд гуфта шавад, ки он легион ҳануз ҳам вуҷуд дошта, дар асоси шартнома сарбоз қабул мекунад.
Мантиқи ин гуфтаҳо дар он аст, ки дар сахтии рӯзгор ҳатто генералҳо муҳоҷиратро ихтиёр карда, ба сифати сарбози қаторӣ дубора ба хизмати аскарӣ шурӯ кардаанд, чун аз дасташон дигар коре намеомадаст. Чӣ бирасад ба як шоири тоҷик? Мегӯяндки "РӮЗГОР ОИНАРО МУҲТОҶИ ХОКИСТАР КУНАД!" Ҳунар бояд омӯхт! Косибу ҳунарманд ҳарҷо ки равад, нонашро меёбад! Вале беҳтарин нон нони Ватан аст!

Бозор
Бозор хам рафта буд,<меравам,бо шумо зистанам хайф>гуфта буд.аммо 1-квартира дилашро ончунон мулоим кард,ки кариб шоири мардуми буданашро фаромушт кунад.

Муҳоҷир
Аз кафши танг, пои бараҳна беҳтар. Дуруст тасмим гирифтӣ, ба сафар баро, ки мушкилотат инҷо зиёд мешавад, зеро Худо аз мардуми ин сарзамин норизо аст. Аммо кушиш кун ба Русия наравӣ, балки ба ягон кишвари дигар(чунончи Канада, корея, Дубай, Амороти муттаҳида, Америка ва ғайра)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)