Бахшҳо
04 июл 2014 10:20Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сафорати Амрико: “Мансабхарӣ дар Тоҷикистон як чизи маъмулӣ шудааст”

Дафтари умури иқтисоди сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш тавсияҳои худро барои беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар кишвар ироа кардааст.

Дар гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла омадааст, “фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон бар асоси тамоми нишондодҳои иқтисодӣ аз ҳамсоякишварҳои худ ақиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро қабул дошта, робитаи наздик бо мақомҳои баланди давлатиро ба роҳ мондаанд.”

Бино ба гузориши сафорати Амрико, иқтисоди Тоҷикистон аслан аз сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Русияву Эрон ва кумакҳои созмонҳои хориҷӣ вобастагии сахт дорад. “Баъд аз тасвиби Конвенсия оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ дар соли 2012 вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Он замон гуфтугӯҳо низ дар бораи шомилшавии Тоҷикистон ба созмони тиҷории ҷаҳонӣ анҷом дода шуд. Кодекси нави андози соли 2013 ба ҷои беҳбуди вазъ, баръакс, мушкилтар кардааст”,-омадааст дар гузориши дафтари иқтисоди сафорати Амрико дар Душанбе.

Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, то замоне ки Тоҷикистон мушкилоти марбут ба фасод, риоя нашудани қонунҳо, камбуди норасоии нерӯи барқи худро ҳал накунад, мавриди таваҷҷуҳи сармояҳои хориҷӣ мустақиман қарор нахоҳад гирифт: “Мустақил будани низоми додгоҳии ин кишвар аз ҳукумат эҳсос намешавад. Заифии низоми судии Тоҷикистон боис мешавад, то дар баҳсҳои додгоҳӣ одатан ҷонибе пирӯз шавад, ки бо мақомҳои баландпоя шиносоӣ дорад. Ошнобозӣ, хешу маҳалгароӣ ва фасод фазои тиҷориеро ба вуҷуд меорад, ки дар он танҳо шахсони наздик ба мақомҳои давлатӣ метавонанд, фаъолият кунанд. Талошҳои сусти зидди коррупсионии ҳукумати Тоҷикистон бетаъсир будани худро собит кардааст. Дар ҳақиқат, бархе аз ниҳодҳои мубориза бо фасод дар пиёдасозии ангезаҳои сиёсӣ алайҳи мухолифон истифода шудаанд.”

Дафтари иқтисоди сафорати Амрико мегӯяд, пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд.

“Фарҳанг низ нақши муҳимро мебозад: Аз мардум таваққуъ доранд, ки дороии ба даст овардаи худро бо раҳбарият ва оилаи калон тақсим мекунанд. Таҷрибаи шиносбозӣ миёни аъзои қабила, оилаи калон ва раҳбарон ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки мустақиман ба президент ҳисобот медиҳад, то ҳол ба чизи назаррасе ноил нашудааст. Боиси таассуф аст, ки дидаву дониста умури марбут ба мақомҳои баланди давлатиро нодида мегирад”,-таъкид шудааст дар гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида.
Мӯҳр
Шаҳрванд
Қасам ба Худо ман як корманди оддиям вале аз ин гуфта сахт шармам омад. Ки ниёкони мо чигуна овозаҳо доштанд ва дар олам моро муаррифи карда буданд ин мардуми ҳолӣ ки дар таърих хоҳанд сабт шуд чӣ фарҳангеро аз мо барои оламиён паҳн мекунанд ва аз мо муаррифиҳо менамоянд.
Калимаҳое доштем монанди: нанг, номус, ҳалол, ҳаром, убол...
Чаро ин калимаҳоро ҳар корманд ва касе сабаб мешавад, ки номи Ватан паст мешавад дар ҳоли худ ва хонаводааш намебинад, ки чӣ саҳм гузоштааст?

ыыыы
Хонат бсуза Амрико ба и ХАКИКАТАТ! Мегуй дар хамсоягии хонаи мо боша аз тамоми камбудихои мо огохайе)))

Пирмард иб Хатиб
Шумо ба Обама шухи накунед, Амрико кариб, ки номаи амоли тамоми мардуми саёраро менависад. Хатто дар 8 саёраи ситемаи Офтоби намояндагиашро кушодааст ва корхои инктишофи тадкикотиро анчом дода истодаанд. Баъди 30 сол саёраи моро тарк мекунанд ва Замин аз мо мешавад. УРА, УРА, Ура !!!

Чосус
ыыыы,Эй бача! Амрико чосус дора ва хатто аз кай ва дар кадом соат ба туалет рафтани хар як рохбари мо хабар дора.Хамара гуш мена ва хамара мебина. Ана ай кучо ика чиза медона.Александ ин чосус не, чосусхои хакики дар худи хукуматай. ки ба Амрико маълумот мета. Ваё пули калон мегира.

Бовар кунед айбаст айб и хкуматдорои мо кучора нигох менан, ки хато сафорати Амироко медонад ки чи бояд кард и зиёоиёои мо кучора нигох мекада бошан. Рост мегуяд конуни нави андоз бар акси кораст давлате,ки як сузан аз худаш нест ягон даромад надораду анозу андозбани инора бинен. Ман аз бачои ин рохбархо шармдоштам бовар кунен

Роналду
Хамаи суханхо дар бораи фурухтани вазифахои сардорони макомотхои хифзи хукуки кишвар сад фоиз ростанд.Ифтихори милли ва ватанпарасти дар руи когаз мондааст.Инро хатто тамоми кудакони синфи як низ медонанд.Акнун миллату кишвари моро сархати №1-и расонахои чахони мекунанд.Рост аст.Рост!Наход ниходхои зиддикорупсиони оиди хариду фуруши чойхою мансабхо надонанд.Шигифтаангез аст ин кор ва миллат чун хуббоб баъди 5-10 сол аз байн хохад рафт.

РОМИШ
БРАВО АМРИКО!!!!!!!!!!!!!!!!!! Чи ина хамаи мардуми авоми мо медонад. аммо табиатгулом ки аст хомуш пора медихад, пора мегирад, менушад ракс мекунад, ахлок мешиканад

"факиртарин кишвари пасошурави"

Пасттарин шароити зиндаги дар Торикистон аст! 22 сол мешавад руз ба руз кафо рафта истодаем, ки ин бо муносибати хизматхои хирадмандонаи хукумат аст, хар сол налогу гумруку хакки барк умуман хаммаи чизро нархашро баланд мебардоран. Акле надоранд, ки хисоб кунан, ки хамон маоши медодагишон хатто дар налогу свету дигар харочотхои зиндаги намерасад, як моха маоши яхел сокинон барои 3 штрафи камерахо намерасад штрафхои мошитнхои шишасиёх бошад
5 000 сомон 6-7 мох кор мекуни ба я штрафи гаи месупори (АГАР чои кор дошта боши).
зулми бисёр мекунан нисбати халк,

Мусофир.
Офарин Амрико!!!!!! Мансабфуруши дар Точикистон ба дарачаи баландтарин расидааст. Хато пул дошта боши,девона хам боши,сохиби мансаб мешави.

Беҳтарин таҳлил! Беҳтарин иқдоми ОЗОДАГОН! Беҳтарин комментҳои хонандагон! Кай боз аз матбуот инқадар ҳаловат набурда будам. Ба назар мерасад, ки сирру асрори хонаи моро ғайр аз худамон, дигар ҳама медонад. Ин ҳукумат аст, ки худро ба нодонӣ зада, гӯшҳоро таги тоқӣ руст мекунад. Ин гуна таҳлилҳо борҳо эълон шуда буданд, вале вазъ бадтар шудки, беҳтар не! Ба дӯстон бояд бигӯям, ки вазифаи асосии сафоратҳо мушоҳида ва таҳлил кардани авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ ва ҷиноии (криминалӣ) кишвари иқомат аст. Баъзе сафоратҳои хурд таҳлилҳои хешро ифшо накарда, рост ба давлати худ мефиристанд. Давлатҳои абарқудрати мисли Амрико, ки ҷои тарс надоранд, ин гуна таҳлилҳоро эълон мекунанд. Мо бошем, ин бор ҳам хамуширо аъло медонем. Даҳони баста сад тилло! Бо Амрико сарбасар шудан, ин монанди к..ни худро бо шохи гов ҷанг андохтан аст. Сармояи фақат як ширкати БОИНГ аз тамоми дороии Тоҷикистон чанд маротиба зиёд аст! Беҳтараш он кабудиҳоро бояд ислоҳ кард. Ин чандон кори душвор нест. Фақат ирода даркор.

Ин гапхо 100% дуруст аст.

Демократ
Шукрона кунен.. Шукронаи давлат кунен. шукронаи ватан кунен, ки дар инчо хамаи чиз кимат аст. Як кило гушт то 40 сомони. замистон свет надорем. Хамаи хисоботхои омори дуруг аст. Шукрона кунен, дар Россия чои кор аст агане мара мехрен.

Ин суханони маъмулии Конгресменхои Амрико аст, ки дар руи дуне истифода мебаранд. Натичаш дар пеши чашми хар як Инсони кураи замин муайян аст. Мисол: Ирок, Афгонистон, Ливия, Суря, Ирон, Африкои Чануби, Египт, Лубнон, Тунис, Украина ва гайра. Аз хама мухимаш ин аст, ки мо бояд аклу заковати Худован ба мо мусулмонхо додааст дар Чумхурии худамон ба манфиати ояндаи миллат ва фарзандонамон истифода барем!

карор
Бале, фасод, тақаллуб, маҳалгароӣ, хештаборчигӣ ва дигар зуҳуроти бадтарин ва номатлубе, ки дар дунё вуҷуд доранд, марказу асосу гаҳвораашон тоҷикистон аст. Хуҷаинони имрӯза ба Худову Расул ва Қуръони шариф боварӣ надоранд, хиёл мекунанд, ки барояшон фақат ин дунёи дурӯза вуҷуд дорад, аз дунёи ҷовид хабар надоранд. Он чизе аз сафорати Амрико имрӯз гуфта шудааст, ягон сирре нест, чизе ки ҳар рӯз ба он ҳамагон дучор меоем, магар “скрет” шуда метавонад, медонем ва хапем, зеро “шукрона” мекунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)